https://sputnik.tj/20210628/afghoniston-chiqadar-sarbozi-amrikoi-boqi-memonad-1040481412.html
Ассошиэйтед Пресс гуфт, дар Афғонистон чиқадар сарбози амрикоӣ боқӣ мемонад
Ассошиэйтед Пресс гуфт, дар Афғонистон чиқадар сарбози амрикоӣ боқӣ мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Хуруҷи бахши аъзами низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон дар давоми ду ҳафта ба итмом мерасад
2021-06-28T10:40+0500
2021-06-28T10:40+0500
2021-06-28T11:15+0500
амрико
афғонистон
кобул
осиёи марказӣ
сарбоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039052768_0:125:2937:1777_1920x0_80_0_0_e5e2ce8834cc4843c1def9252997f887.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Ҳудуди 650 сарбоз барои посбонии дипломатҳо ва чандсад нафари дигар барои посбонии фурудгоҳи Кобул дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд, иттилоъ додааст "Ассошиэйтед Пресс" дар истинод ба манбаъҳояш дар ҳукумати ИМА.Тавре манбаъ шарҳ додааст, хуруҷи қисми асосии нерӯҳо, аз ҷумла фармондеҳӣ бояд то рӯзи истиқлолият, 4 июл ё баъд аз он ба итмом расад.То моҳи сентябр чандсад сарбози амрикоӣ дар фурудгоҳи Кобул ба нерӯҳои Туркия барои ҳифзи фурудгоҳ кӯмак хоҳанд кард. То ин вақт, ба гуфтаи манбаъҳо, Анқара бояд амалиёти мукаммали ҳифзи иншоотро роҳандозӣ намоядМақомоти Амрико хуруҷи нерӯҳоро аз 1 май оғоз карда, ваъда дод 11 сентябр хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистонро дар ҳамоҳангии комил бо ҳампаймонҳо ба анҷом хоҳанд расонд. Дар соли 2020, Вашингтон ва гурӯҳи Толибон дар Доҳа аввалин созишномаи сулҳ дар давоми 18 соли ҷангро ба имзо расонданд. Он хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар зарфи 14 моҳ ва оғози муколамаи байни афғонҳоро пас аз табодули маҳбусон пешбинӣ мекунад.Ҳоло дар Афғонистон камтар аз 10 ҳазор сарбоз аз кишварҳои НАТО ва шарикони эътилоф, аз ҷумла 2,5 ҳазор сарбозони амрикоӣ ҳузур доранд. Вазифаи асосии онҳо омӯзиши нерӯҳои амниятии Афғонистон мебошад.Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш бо НАТО дар соли 2001 дар Афғонистон амалиёти низомиро оғоз карданд.
https://sputnik.tj/20210626/neruho-tojikiston-marz-afghoniston-rezhimi-mahsus-1040455839.html
амрико
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039052768_0:0:2609:1957_1920x0_80_0_0_cc0e293bfaed22663bdb6762fc66deed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, афғонистон, нерӯҳо, хуруҷ, мемонанд
амрико, афғонистон, нерӯҳо, хуруҷ, мемонанд
Ассошиэйтед Пресс гуфт, дар Афғонистон чиқадар сарбози амрикоӣ боқӣ мемонад
10:40 28.06.2021 (Навсозишуда: 11:15 28.06.2021) Хурӯҷи бахши аъзами низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон дар давоми ду ҳафта ба итмом мерасад
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Ҳудуди 650 сарбоз барои посбонии дипломатҳо ва чандсад нафари дигар барои посбонии фурудгоҳи Кобул дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд, иттилоъ додааст "Ассошиэйтед Пресс" дар истинод ба манбаъҳояш дар ҳукумати ИМА.
Тавре манбаъ шарҳ додааст, хуруҷи қисми асосии нерӯҳо, аз ҷумла фармондеҳӣ бояд то рӯзи истиқлолият, 4 июл ё баъд аз он ба итмом расад.
То моҳи сентябр чандсад сарбози амрикоӣ дар фурудгоҳи Кобул ба нерӯҳои Туркия барои ҳифзи фурудгоҳ кӯмак хоҳанд кард. То ин вақт, ба гуфтаи манбаъҳо, Анқара бояд амалиёти мукаммали ҳифзи иншоотро роҳандозӣ намояд
Мақомоти Амрико хуруҷи нерӯҳоро аз 1 май оғоз карда, ваъда дод 11 сентябр хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистонро дар ҳамоҳангии комил бо ҳампаймонҳо ба анҷом хоҳанд расонд. Дар соли 2020, Вашингтон ва гурӯҳи Толибон дар Доҳа аввалин созишномаи сулҳ дар давоми 18 соли ҷангро ба имзо расонданд.
Он хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар зарфи 14 моҳ ва оғози муколамаи байни афғонҳоро пас аз табодули маҳбусон пешбинӣ мекунад.
Ҳоло дар Афғонистон камтар аз 10 ҳазор сарбоз аз кишварҳои НАТО ва шарикони эътилоф, аз ҷумла 2,5 ҳазор сарбозони амрикоӣ ҳузур доранд. Вазифаи асосии онҳо омӯзиши нерӯҳои амниятии Афғонистон мебошад.
Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш бо НАТО дар соли 2001 дар Афғонистон амалиёти низомиро оғоз карданд.