https://sputnik.tj/20210316/Nochor-Avrupo-Sputnik-tavajuh-1033011692.html
"Ночор": кӣ дар Аврупо ба “Спутник V” таваҷҷуҳ кард
"Ночор": кӣ дар Аврупо ба “Спутник V” таваҷҷуҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
Бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз шеваи тақсими нобаробари васкинаҳои зидди коронавирус изҳори норозигӣ кардаанд 16.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-16T18:42+0500
2021-03-16T18:42+0500
2021-08-10T17:01+0500
ҳамаи хабарҳо
тандурустӣ
иттиҳоди аврупо
ваксина
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103014/10/1030141081_0:15:3076:1745_1920x0_80_0_0_18fae4fee7c049453fbf37818a1b6124.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Галия Ибрагимова. Роҳбарони Австрия, Ҷумҳурии Чех, Булғористон, Словения ва Латвия аз шеваи тақсими ваксинаҳо дар Иттиҳодио Аврупо норозигӣ кардаанд. Дар Аврупо омодаанд ба ваксинаҳои Русия ё Чин гузаранд. Хабар дода шуд, ки Брюссел барои гуфтушунид бо Маскав дар мавриди хариди "Спутник V" омодагӣ мебинад. Чаро ҷанҷолҳо дар атрофи мубориза бо коронавирус дар олами кӯҳна хомӯш намешаванд, дар гузориши РИА Новости ба баррасӣ кашида шуд.Ёфтани "бузи қурбонӣ""Баъзе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ваксинаҳоро ба таври номутаносиб ба аҳолӣ мегиранд. Мо даъват мекунем, ки дар нишасти навбатӣ ин масъаларо баррасӣ кунем" – омадааст дар мактуби сарони Австрия, Чехия, Булғористон, Словения ва Латвия.Канслери Австрия Себастян Куртс ба Брюссел тавсия дод, ки ба вазъи Латвия ва Булғористон диққат диҳад. Набудани ваксина дар он ҷо бо мавҷи нави коронавирус ва дар натиҷа боз ба як локдауни дигар меорад, гуфт сиёсатмадор.Чаро, масалан, Малта аз Булғористон бештар ваксина гирифт, пурсид Куртс. Сабабашро мо дар қарордодҳои махфии шӯрои роҳбарикунандаи ИА мебинем. Мо бояд ин созишномаҳои паси пардаро таҳқиқ кунем ва ваксинаҳоро ба бозор табдил надиҳем, таъкид кардааст ӯ.Мухолифони Ҳизби сотсиал-демократ бо Куртс розӣ нестанд. "Канслер барои нокомии маъракаи эмкунӣ дар Австрия бузҳои қурбониро меҷӯяд", - таъкид кардаанд масъулини ҳизб.Мақомоти Австрия дар охири сол эмгузарониро бо ваксинаи англисӣ-шведии AstraZeneca ва амрикоии Pfizer оғоз карданд. Аммо мушкилот моҳи март ба миён омаданд. Ширкати AstraZeneca гуфтааст, ки барои таъмини ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо вақт надорад. Ғайр аз он, дар онҳое, ки ваксина мегиранд, мушкилот зуд-зуд ба амал меоянд (лахтаҳои хун ба вуҷуд меоянд), дар Италия ва Дания ҳатто ҳолатҳои марговар ба қайд гирифта шудаанд. Австрия, Дания, Норвегия, Булғористон, Латвия, Литва, Эстония истифодаи ин доруро қатъ карданд.Натиҷаҳои баръаксЧанде пеш дар Эстония як ходими 31-солаи давлатӣ аз ваксина ҷон дод. Дирӯз дар Словакия як муаллими 38-солаи мактаби миёна вафот кард.Наздикони қурбониён ният доранд, ки истеҳсолкунандаи Англия ва Шветсияро ба додгоҳ кашанд. Аммо, роҳбарияти ширкати дорусозӣ иттиҳомотро пешакӣ рад мекунад. Ваксина аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бехатар ҳисобида мешавад."Ҳеҷ далеле дар бораи иртибот байни AstraZeneca ва ташаккули лахтаи хун мавҷуд нест. Барои рад кардани ваксина ҳеҷ сабабе вуҷуд надорад", - мегӯяд сухангӯи ТУТ Маргарет Харрис.Бо вуҷуди ин, рӯйхати кишварҳое, ки ба AstraZeneca шубҳа доранд, меафзояд. Олмон, Фаронса ва Итолиё дирӯз истифодаи воксинро мутаваққиф карданд. Дар мавриди Pfizer ин ваксина намерасад. Тақсимот аз ҷониби Брюссел ҳал карда мешавад. То ҳол, сухан дар бораи ҳашт воя ба сад ҳазор аҳолӣ меравад. Барои муқоиса: дар ИМА - 24, дар Бритониё - 32. Маҳз инро сарони Австрия, Чехия, Булғористон, Словения ва Латвия дар нома танқид кардаанд.Сайёҳӣ дар ҳоли саршавӣМизони эмгузаронӣ дар Латвия ва Булғористон, ки Куртс ба он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кард, воқеан суст шудааст. Ҳоло дар он ҷо ба ҳисоби миёна то ду ҳазор нафар эм карда мешаванд."Ҳадди аққал дар тӯли моҳи март, камбуди шадиди ваксинаҳо дар назар аст", - ҳушдор дод роҳбари Бюрои эмгузаронии Латвия Ева Юхневича. То миёнаи моҳи апрел интизор меравад, ки Рига 164 ҳазор воя гирад. Нисфаш – AstraZeneca мебошад, аммо ҳоло он зери савол аст. Агар истеҳсолкунанда бехатарии ваксинаро исбот накунад, онро рад кардан лозим меояд. То ба ҳол, мақомот наметавонанд ба Pfizer барои маводи иловагӣ пардохт кунанд."Дар анборҳо ваксина нест: ҳама ба муассисаҳои тиббӣ ва табибони оилавӣ фиристода шудаанд", - шарҳ дод Юхневич.Булғористон ба мавсими туристӣ омодагӣ мебинад: Якуми май парвозҳои байналмилалӣ кушода мешаванд. Вуруд бо озмоиши манфии COVID-19 ё шаҳодатномаи ваксина ба кишвар иҷозат дода мешавад. Аммо бо ваксина кардани аҳолии маҳаллӣ, на ҳама чиз хуб аст.Бастаи бузурги AstraZeneca моҳи феврал расид. Одамон аз локдауни сахт хаста шуда, ба эмгузаронӣ шурӯъ карданд. Мисли ҳамсоягон дар ИА, мақомот шикоят мекунанд, ки ваксинаҳо ҳатто барои табибон, муаллимон ва нафақахӯрон намерасанд. Ва ҳоло ин раванд комилан қатъ шудааст."Ман дастур додам, ки эмгузаронии AstraZeneca -ро қатъ кунанд, то даме ки Агентии доруҳои Аврупо ҳама шубҳаҳоро оид ба бехатарии он рад кунад", - гуфт сарвазир Бойко Борисов.Пинҳонкорию макрНорозигӣ дар баъзе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз он низ пурзӯр шуда истодааст, ки дар ҳоле баъзеҳо мунтазири барқароркунии таъминот мебошанд, бархе кишварҳо намедонанд, ки бо ваксинаҳои изофа чӣ кор кунанд. Масалан, дар Олмон тақрибан як миллион дозаи беталабгор дар анборҳо ҷамъ шудааст.Дар Бритониё аллакай 21 миллион нафар эм карда шуданд. Дар он ҷо, ба фарқ аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ваксинаҳо бидуни таъхир интиқол дода мешуданд.Мақомоти Италия ошкоро Лондонро дар халалдор кардани раванди ваксинагирӣ айбдор карданд ва таҳдид карданд, ки ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард. Истеҳсолкунандагони васкина худро сафед карданд: "Мушкилот бо истеҳсоли ҷузъи асосӣ алоқаманд аст". Аммо ин касеро ором накард. Вақте ки ӯ дар бораи "шартномаҳои махфӣ" сухан меронд, Куртс интиқоли бемушкилро ба Бритониё дар назар дошт.Аврупоиҳо инчунин аз он, ки дар Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қатар маъракаи эмгузаронӣ ҳамзамон бо маъракаи аврупоӣ оғоз ёфт, хашмгинанду шубҳа доранд. Чунин ба назар мерасад, онҳое, ки пули бештар медиҳанд, аввалин шуда ваксина мегиранд.Ҷанги ваксинаИА ба ваксинаҳои Русия ва Чин назар андохтааст. Масалан, Фаронса агар "ҷомеаи тиббӣ самаранокии ин доруро тасдиқ кунад," аз Спутник V истифода хоҳад бурд.Институти Олмон оид ба рушди ваксинаҳо ва доруҳои биотиббӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Шартҳо якхелаанд - риояи меъёрҳои Иттиҳоди Аврупо. Австрия нақшаҳои харидории Спутник V -ро эълон кард.Куртс таъкид кард, ки дар ин маврид суоли геополитикӣ вуҷуд дошта наметавонад.Reuters гузориш додааст, ки ИА ба музокирот бо Маскав дар бораи Спутник V омодагӣ мегирад. Фонди сармоягузории мустақими Русия дар ин бора ҳеч изҳори назар накардааст. Аммо рӯзноманигорон муайян кардаанд, ки истеҳсоли Спутник V –ро метавон дар Италия ва Олмон ташкил кард.Фарзияи дигар: Брюссел фикри худро дар бораи ваксинаи Русия иваз кард, то таъминотро таҳти назорат гирад. Пас, Маҷористон, Словакия, Чехия дар ин бора мустақиман бо Маскав мувофиқа кардаанд. Айбдоркуниҳои сарфи назар кардани механизмҳои ҳуқуқии аврупоӣ бо даъвоҳои муқобил рӯ ба рӯ мешаванд: интизории Pfizer хеле дароз аст.Пал Дунай, мутахассиси Маркази аврупоии таҳқиқоти амниятӣ ба номи Ҷорҷ Маршалл дар мусоҳиба бо РИА Новости чунин шарҳ додааст: "Гап на дар вижагии Спутник V, балки дар вазъияти бисёре аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аст, ки интихоби дигар надоранд". Аврупо инчунин ба ваксинаи Чин низ таваҷҷуҳ кардааст. Аз ҷумла, Маҷористон дар ИА аввалин шуда доруи Sinopharm гирифт. Ин алтернативаҳо барои ҷуброни мушкилоте, ки ҳоло дар интиқооли AstraZeneca ба миён омадаанд, зарур мебошанд", - шарҳ медиҳад сиёсатшиноси маҷор.Мутахассиси равобити байналмилалии Бритониё, Саша Мэтюс мӯътақид аст, ки "ҷанги ваксина" то поёни пандемия идома хоҳад ёфт."Мардум дар Бритониё, Италия, Фаронса аз нишастан дар хона хаста шуданд ва аз ҳукуматдорон интиқод мекунанд. Онҳо мекӯшанд роҳи наҷот аз коронавирусро пайдо кунанд то холҳои сиёсиро ба даст оранд. Ҳар қадар ваксинаҳо зиёдтар бошанд, имкони нигоҳ доштани қудрати онҳо бештар мешавад", - гуфт вай.Аён аст, ки принсипи "ҳар кас дар ғами худ" барои Аврупо то ваксина нагирифтани ҳама боқӣ хоҳад монд.
https://sputnik.tj/20210316/Avrupo-vaksina-AstraZeneca-Tojikiston-1033008382.html
https://sputnik.tj/20210314/Nizomiyon-50-davlat-vaksin-Sputnik-V-1033000210.html
https://sputnik.tj/20210314/rusmiya-ozmoish-vaksin-Sputnik-V-saraton-1032998816.html
https://sputnik.tj/20210305/ozmoish-vaksin-sputnik-layt-rusiya-1032948004.html
https://sputnik.tj/20210307/aror-dar-borai-omodag-ba-emguzaron-va-dastur-ba-vazoratkhonaoi-Toikiston-1032961644.html
https://sputnik.tj/20210307/olim-amrico-vaksina-rusiya-1032960658.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103014/10/1030141081_196:0:2925:2047_1920x0_80_0_0_8dbf40a3b583f434b42754802712c1ab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, иттиҳоди аврупо, ваксина, дар русия, коронавирус
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, иттиҳоди аврупо, ваксина, дар русия, коронавирус
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Галия Ибрагимова. Роҳбарони Австрия, Ҷумҳурии Чех, Булғористон, Словения ва Латвия аз шеваи тақсими ваксинаҳо дар Иттиҳодио Аврупо норозигӣ кардаанд. Дар Аврупо омодаанд ба ваксинаҳои Русия ё Чин гузаранд. Хабар дода шуд, ки Брюссел барои гуфтушунид бо Маскав дар мавриди хариди "Спутник V" омодагӣ мебинад. Чаро ҷанҷолҳо дар атрофи мубориза бо коронавирус дар олами кӯҳна хомӯш намешаванд, дар гузориши РИА Новости ба баррасӣ кашида шуд.
"Баъзе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ваксинаҳоро ба таври номутаносиб ба аҳолӣ мегиранд. Мо даъват мекунем, ки дар нишасти навбатӣ ин масъаларо баррасӣ кунем" – омадааст дар мактуби сарони Австрия, Чехия, Булғористон, Словения ва Латвия.
Канслери Австрия Себастян Куртс ба Брюссел тавсия дод, ки ба вазъи Латвия ва Булғористон диққат диҳад. Набудани ваксина дар он ҷо бо мавҷи нави коронавирус ва дар натиҷа боз ба як локдауни дигар меорад, гуфт сиёсатмадор.
Чаро, масалан, Малта аз Булғористон бештар ваксина гирифт, пурсид Куртс. Сабабашро мо дар қарордодҳои махфии шӯрои роҳбарикунандаи ИА мебинем. Мо бояд ин созишномаҳои паси пардаро таҳқиқ кунем ва ваксинаҳоро ба бозор табдил надиҳем, таъкид кардааст ӯ.
Мухолифони Ҳизби сотсиал-демократ бо Куртс розӣ нестанд. "Канслер барои нокомии маъракаи эмкунӣ дар Австрия бузҳои қурбониро меҷӯяд", - таъкид кардаанд масъулини ҳизб.
Мақомоти Австрия дар охири сол эмгузарониро бо ваксинаи англисӣ-шведии AstraZeneca ва амрикоии Pfizer оғоз карданд. Аммо мушкилот моҳи март ба миён омаданд. Ширкати AstraZeneca гуфтааст, ки барои таъмини ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо вақт надорад. Ғайр аз он, дар онҳое, ки ваксина мегиранд, мушкилот зуд-зуд ба амал меоянд (лахтаҳои хун ба вуҷуд меоянд), дар Италия ва Дания ҳатто ҳолатҳои марговар ба қайд гирифта шудаанд. Австрия, Дания, Норвегия, Булғористон, Латвия, Литва, Эстония истифодаи ин доруро қатъ карданд.
Чанде пеш дар Эстония як ходими 31-солаи давлатӣ аз ваксина ҷон дод. Дирӯз дар Словакия як муаллими 38-солаи мактаби миёна вафот кард.
Наздикони қурбониён ният доранд, ки истеҳсолкунандаи Англия ва Шветсияро ба додгоҳ кашанд. Аммо, роҳбарияти ширкати дорусозӣ иттиҳомотро пешакӣ рад мекунад. Ваксина аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бехатар ҳисобида мешавад.
"Ҳеҷ далеле дар бораи иртибот байни AstraZeneca ва ташаккули лахтаи хун мавҷуд нест. Барои рад кардани ваксина ҳеҷ сабабе вуҷуд надорад", - мегӯяд сухангӯи ТУТ Маргарет Харрис.
Бо вуҷуди ин, рӯйхати кишварҳое, ки ба AstraZeneca шубҳа доранд, меафзояд. Олмон, Фаронса ва Итолиё дирӯз истифодаи воксинро мутаваққиф карданд. Дар мавриди Pfizer ин ваксина намерасад. Тақсимот аз ҷониби Брюссел ҳал карда мешавад. То ҳол, сухан дар бораи ҳашт воя ба сад ҳазор аҳолӣ меравад. Барои муқоиса: дар ИМА - 24, дар Бритониё - 32. Маҳз инро сарони Австрия, Чехия, Булғористон, Словения ва Латвия дар нома танқид кардаанд.
Мизони эмгузаронӣ дар Латвия ва Булғористон, ки Куртс ба он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кард, воқеан суст шудааст. Ҳоло дар он ҷо ба ҳисоби миёна то ду ҳазор нафар эм карда мешаванд.
"Ҳадди аққал дар тӯли моҳи март, камбуди шадиди ваксинаҳо дар назар аст", - ҳушдор дод роҳбари Бюрои эмгузаронии Латвия Ева Юхневича.
То миёнаи моҳи апрел интизор меравад, ки Рига 164 ҳазор воя гирад. Нисфаш – AstraZeneca мебошад, аммо ҳоло он зери савол аст. Агар истеҳсолкунанда бехатарии ваксинаро исбот накунад, онро рад кардан лозим меояд. То ба ҳол, мақомот наметавонанд ба Pfizer барои маводи иловагӣ пардохт кунанд.
"Дар анборҳо ваксина нест: ҳама ба муассисаҳои тиббӣ ва табибони оилавӣ фиристода шудаанд", - шарҳ дод Юхневич.
Булғористон ба мавсими туристӣ омодагӣ мебинад: Якуми май парвозҳои байналмилалӣ кушода мешаванд. Вуруд бо озмоиши манфии COVID-19 ё шаҳодатномаи ваксина ба кишвар иҷозат дода мешавад. Аммо бо ваксина кардани аҳолии маҳаллӣ, на ҳама чиз хуб аст.
Бастаи бузурги AstraZeneca моҳи феврал расид. Одамон аз локдауни сахт хаста шуда, ба эмгузаронӣ шурӯъ карданд. Мисли ҳамсоягон дар ИА, мақомот шикоят мекунанд, ки ваксинаҳо ҳатто барои табибон, муаллимон ва нафақахӯрон намерасанд. Ва ҳоло ин раванд комилан қатъ шудааст.
"Ман дастур додам, ки эмгузаронии AstraZeneca -ро қатъ кунанд, то даме ки Агентии доруҳои Аврупо ҳама шубҳаҳоро оид ба бехатарии он рад кунад", - гуфт сарвазир Бойко Борисов.
Норозигӣ дар баъзе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз он низ пурзӯр шуда истодааст, ки дар ҳоле баъзеҳо мунтазири барқароркунии таъминот мебошанд, бархе кишварҳо намедонанд, ки бо ваксинаҳои изофа чӣ кор кунанд. Масалан, дар Олмон тақрибан як миллион дозаи беталабгор дар анборҳо ҷамъ шудааст.
Дар Бритониё аллакай 21 миллион нафар эм карда шуданд. Дар он ҷо, ба фарқ аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ваксинаҳо бидуни таъхир интиқол дода мешуданд.
Мақомоти Италия ошкоро Лондонро дар халалдор кардани раванди ваксинагирӣ айбдор карданд ва таҳдид карданд, ки ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард. Истеҳсолкунандагони васкина худро сафед карданд: "Мушкилот бо истеҳсоли ҷузъи асосӣ алоқаманд аст". Аммо ин касеро ором накард. Вақте ки ӯ дар бораи "шартномаҳои махфӣ" сухан меронд, Куртс интиқоли бемушкилро ба Бритониё дар назар дошт.
Аврупоиҳо инчунин аз он, ки дар Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қатар маъракаи эмгузаронӣ ҳамзамон бо маъракаи аврупоӣ оғоз ёфт, хашмгинанду шубҳа доранд. Чунин ба назар мерасад, онҳое, ки пули бештар медиҳанд, аввалин шуда ваксина мегиранд.
ИА ба ваксинаҳои Русия ва Чин назар андохтааст. Масалан, Фаронса агар "ҷомеаи тиббӣ самаранокии ин доруро тасдиқ кунад," аз Спутник V истифода хоҳад бурд.
Институти Олмон оид ба рушди ваксинаҳо ва доруҳои биотиббӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Шартҳо якхелаанд - риояи меъёрҳои Иттиҳоди Аврупо. Австрия нақшаҳои харидории Спутник V -ро эълон кард.
Куртс таъкид кард, ки дар ин маврид суоли геополитикӣ вуҷуд дошта наметавонад.
Reuters гузориш додааст, ки ИА ба музокирот бо Маскав дар бораи Спутник V омодагӣ мегирад. Фонди сармоягузории мустақими Русия дар ин бора ҳеч изҳори назар накардааст. Аммо рӯзноманигорон муайян кардаанд, ки истеҳсоли Спутник V –ро метавон дар Италия ва Олмон ташкил кард.
Фарзияи дигар: Брюссел фикри худро дар бораи ваксинаи Русия иваз кард, то таъминотро таҳти назорат гирад. Пас, Маҷористон, Словакия, Чехия дар ин бора мустақиман бо Маскав мувофиқа кардаанд. Айбдоркуниҳои сарфи назар кардани механизмҳои ҳуқуқии аврупоӣ бо даъвоҳои муқобил рӯ ба рӯ мешаванд: интизории Pfizer хеле дароз аст.
Пал Дунай, мутахассиси Маркази аврупоии таҳқиқоти амниятӣ ба номи Ҷорҷ Маршалл дар мусоҳиба бо РИА Новости чунин шарҳ додааст: "Гап на дар вижагии Спутник V, балки дар вазъияти бисёре аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аст, ки интихоби дигар надоранд".
Аврупо инчунин ба ваксинаи Чин низ таваҷҷуҳ кардааст. Аз ҷумла, Маҷористон дар ИА аввалин шуда доруи Sinopharm гирифт. Ин алтернативаҳо барои ҷуброни мушкилоте, ки ҳоло дар интиқооли AstraZeneca ба миён омадаанд, зарур мебошанд", - шарҳ медиҳад сиёсатшиноси маҷор.
Мутахассиси равобити байналмилалии Бритониё, Саша Мэтюс мӯътақид аст, ки "ҷанги ваксина" то поёни пандемия идома хоҳад ёфт.
"Мардум дар Бритониё, Италия, Фаронса аз нишастан дар хона хаста шуданд ва аз ҳукуматдорон интиқод мекунанд. Онҳо мекӯшанд роҳи наҷот аз коронавирусро пайдо кунанд то холҳои сиёсиро ба даст оранд. Ҳар қадар ваксинаҳо зиёдтар бошанд, имкони нигоҳ доштани қудрати онҳо бештар мешавад", - гуфт вай.
Аён аст, ки принсипи "ҳар кас дар ғами худ" барои Аврупо то ваксина нагирифтани ҳама боқӣ хоҳад монд.