https://sputnik.tj/20210305/ozmoish-vaksin-sputnik-layt-rusiya-1032948004.html
Мурашко гуфт, озмоиши даври дуюми "Спутник Лайт" анҷом ёфт
Мурашко гуфт, озмоиши даври дуюми "Спутник Лайт" анҷом ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Русия аз анҷоми озмоиши даври дуюми ваксини "Спутник Лайт" хабар дод 05.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-05T13:40+0500
2021-03-05T13:40+0500
2021-04-12T14:33+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
ҳамаи хабарҳо
дар русия
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103058/07/1030580712_0:0:2919:1643_1920x0_80_0_0_b63958c3f4d639a29df6b22b2f3a5501.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Вазири беҳдошти Русия Михаил Мурашко аз анҷоми даври дуюми озмоиши клиникии ваксини "Спутник Лайт" хабар медиҳад, менависад РИА Новости.Мурашко дар суҳбат бо хабарнигор изҳор дошт, ки феълан ваксини "Спутник Лайт" дар марҳилаи баҳодҳии мутахассисон қарор дорад.Гуфта мешавад, иҷозат барои доир кардани озмоиши саввуми ин ваксин ҳам моҳи феврал дода шуд. Зикр мегардад, ки озмоиши навбатӣ дар ду гурӯҳ гузаронида мешавад ва бояд то соли 2022 ба итмом расад."Спутник Лайт" қисми таркиби маҳсулоти Спутник мебошад, ки онро Маркази Гамалеи дар якҷоягӣ бо Фонди сармоягузории мустақими Русия дар платформаи хуб омӯхташудаи векторҳои аденовируси инсон таҳия кардааст.Қаблан Кирилл Дмитриев роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия таъкид намуд, ки ваксини мазкур асосан барои бозори хориҷа таҳия шудааст ва дар дохили кишвар бошад асосан аз "Спутник V" истифодабарӣ мешавад.Таҳиягарони нахустин ваксина гуфтанд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросандДиректори Маркази Гамалея Александр Гунзбург гуфт, ки истифодаи "Спутник Лайт" дар кишварҳои хориҷ имкон медиҳад, ки авҷи бемориҳо коҳиш дода шуда, сарборӣ дар соҳаи тандурустии маҳаллӣ камтар карда шавад.Ӯ мегӯяд, масуният пас аз ваксина эҳтимолан се-чор моҳ боқӣ хоҳад монд ва самаранокии ваксина тақрибан 85% хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20210227/maskav-vaksina-ozmoish-1032904448.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103058/07/1030580712_188:0:2919:2048_1920x0_80_0_0_b8a0817684dcc8dfb78357fb2f16212a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, тандурустӣ
ҳамаи хабарҳо, дар русия, тандурустӣ
Мурашко гуфт, озмоиши даври дуюми "Спутник Лайт" анҷом ёфт
13:40 05.03.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Вазорати тандурустии Русия аз анҷоми озмоиши даври дуюми ваксини "Спутник Лайт" хабар дод
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Вазири беҳдошти Русия Михаил Мурашко аз анҷоми даври дуюми озмоиши клиникии ваксини "Спутник Лайт" хабар медиҳад, менависад РИА Новости.
Мурашко дар суҳбат бо хабарнигор изҳор дошт, ки феълан ваксини "Спутник Лайт" дар марҳилаи баҳодҳии мутахассисон қарор дорад.
Гуфта мешавад, иҷозат барои доир кардани озмоиши саввуми ин ваксин ҳам моҳи феврал дода шуд. Зикр мегардад, ки озмоиши навбатӣ дар ду гурӯҳ гузаронида мешавад ва бояд то соли 2022 ба итмом расад.
"Спутник Лайт" қисми таркиби маҳсулоти Спутник мебошад, ки онро Маркази Гамалеи дар якҷоягӣ бо Фонди сармоягузории мустақими Русия дар платформаи хуб омӯхташудаи векторҳои аденовируси инсон таҳия кардааст.
Қаблан Кирилл Дмитриев роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия таъкид намуд, ки ваксини мазкур асосан барои бозори хориҷа таҳия шудааст ва дар дохили кишвар бошад асосан аз "Спутник V" истифодабарӣ мешавад.
Директори Маркази Гамалея Александр Гунзбург гуфт, ки истифодаи "Спутник Лайт" дар кишварҳои хориҷ имкон медиҳад, ки авҷи бемориҳо коҳиш дода шуда, сарборӣ дар соҳаи тандурустии маҳаллӣ камтар карда шавад.
Ӯ мегӯяд, масуният пас аз ваксина эҳтимолан се-чор моҳ боқӣ хоҳад монд ва самаранокии ваксина тақрибан 85% хоҳад буд.