https://sputnik.tj/20210307/aror-dar-borai-omodag-ba-emguzaron-va-dastur-ba-vazoratkhonaoi-Toikiston-1032961644.html
Қарор дар бораи омодагӣ ба эмгузаронӣ ва дастур ба вазоратхонаҳои Тоҷикистон
Қарор дар бораи омодагӣ ба эмгузаронӣ ва дастур ба вазоратхонаҳои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар кишвар ба тамоми ниҳодҳои дахлдор... 07.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-07T16:00+0500
2021-03-07T16:00+0500
2021-03-07T16:53+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928740_0:138:2613:1608_1920x0_80_0_0_67b12376bb9fc5ad3f666b4da88d35f2.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Бо мақсади минбаъд низ муътадил нигоҳ доштани вазъи беҳдоштӣ дар қаламрави мамлакат вобаста ба сирояти коронавирус Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус қарор қабул намудааст.Бар асоси қарори ситод, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи солимии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, барои гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) чорабиниҳои омодагиро ба роҳ монад.Вазора уҳдадор шудааст, ки банақшагирии аҳолиро аз рўи синну сол бо дарназардошти марҳалаҳои дуюм ва сеюми иммунизатсия анҷом диҳад ва ҳарчи зудтар лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд."Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани дастрасии васеи аҳолӣ ба ваксина бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд",- омадааст дар қарор.Вазорати тандурустӣ вазифадор гаштааст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмин ва риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca - ро тасдиқ кард ва моҳи март онро дастрас мекунадСитод инчунин Вазоратҳои тандурустӣ, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиоро маваззаф гардонидааст, ки бо ҷалби васеи воситаҳои ахбори омма тадбирҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ намудани пайдоиш, паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) ва моҳияти ваксинатсия вусъат диҳанд.Ёдовар мешавем, Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca-ро, ки бояд тибқи механизми COVAX қабул намояд, аллакай тасдиқ кард ва интизор меравад он мои ҷорӣ вориди кишвар шавад."Спутник V" дуввумин ваксинаи маъмултарини ҷаҳон шудҚаблан Чин низ пешниҳоди ваксинаи ройгон карда буд ва ҷониби Тоҷикистон гуфтанд, нахуст онро меомӯзанд.
https://sputnik.tj/20210304/vaksina-vazir-guruhi-kori-omuzish-1032940671.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928740_143:0:2470:1745_1920x0_80_0_0_a2ab777d197afc7bae22b396449ec44d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ
Қарор дар бораи омодагӣ ба эмгузаронӣ ва дастур ба вазоратхонаҳои Тоҷикистон
16:00 07.03.2021 (Навсозишуда: 16:53 07.03.2021) Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар кишвар ба тамоми ниҳодҳои дахлдор дастур додааст, ки барои эмгузаронӣ пурра омодагӣ гиранд
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Бо мақсади минбаъд низ муътадил нигоҳ доштани вазъи беҳдоштӣ дар қаламрави мамлакат вобаста ба сирояти коронавирус Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус қарор қабул намудааст.
Бар асоси қарори ситод, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи солимии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, барои гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) чорабиниҳои омодагиро ба роҳ монад.
Вазора уҳдадор шудааст, ки банақшагирии аҳолиро аз рўи синну сол бо дарназардошти марҳалаҳои дуюм ва сеюми иммунизатсия анҷом диҳад ва ҳарчи зудтар лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
"Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани дастрасии васеи аҳолӣ ба ваксина бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд",- омадааст дар қарор.
Вазорати тандурустӣ вазифадор гаштааст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмин ва риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ситод инчунин Вазоратҳои тандурустӣ, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиоро маваззаф гардонидааст, ки бо ҷалби васеи воситаҳои ахбори омма тадбирҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ намудани пайдоиш, паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) ва моҳияти ваксинатсия вусъат диҳанд.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca-ро, ки бояд тибқи механизми COVAX қабул намояд, аллакай тасдиқ кард ва интизор меравад он мои ҷорӣ вориди кишвар шавад.
Қаблан Чин низ пешниҳоди ваксинаи ройгон карда буд ва ҷониби Тоҷикистон гуфтанд, нахуст онро меомӯзанд.