https://sputnik.tj/20210316/Avrupo-vaksina-AstraZeneca-Tojikiston-1033008382.html
Аврупо аз ваксинаи AstraZeneca, ки Тоҷикистон аллакай ворид кардааст, даст мекашад
Аврупо аз ваксинаи AstraZeneca, ки Тоҷикистон аллакай ворид кардааст, даст мекашад
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои Аврупо пай дар пай эмкунӣ алайҳи коронавирусро аз ваксинаи сохти бритониёӣ ва шведии AstraZeneca, ки аввали моҳи март ба Тоҷикистон омада буд, қатъ... 16.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-16T12:43+0500
2021-03-16T12:43+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
ваксина
аврупо
эмгузаронӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/10/1033007513_0:0:2991:1683_1920x0_80_0_0_ebf2ddbcc152ed19f37a98e31c42f923.jpg
ДУШАНБЕ, 16 март - Sputnik. Якчанд кишвари Аврупо моратория ба ваксинаҳои AstraZeneca ҷорӣ карданд ва ТУТ дар бораи бехатарии он мубоҳисаро оғоз кард, хабар медиҳад РИА Новости.Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон аллакай тавассути механизми COVAX AstraZeneca -ро қабул кардааст.Гурӯҳи аввалаш рӯзи 8 март ба Душанбе оварда шуд, аммо то ҳол касе санаи оғози эмгузарониро эълон накардааст.Дар ҳоли ҳозир Олмон, Фаронса, Италия, Испания, Нидерланд, Дания, Ирландия, Булғористон, Латвия, Португалия, Словения, Эстония ва Кипр бо мақсади эҳтиёт ваксинзаниро бо доруи бритониёӣ ва шведии AstraZeneca боздоштанд.Агентии дорусозии аврупоӣ дар якҷоягӣ бо ТУТ имрӯз дар ин бора ҷаласаи фаврӣ баргузор мекунад, зеро маҳз АДА барои истифодаи AstraZeneca дар Иттиҳоди Аврупо иҷозат додааст.Ҳамин тариқ, мақомоти Олмон бо тавсияи Пажӯҳишгоҳи Пол Эрлих, ки гардиши доруҳоро назорат мекунад, истифодаи ин ваксина дар кишварро муваққатан қатъ кард.Times: Олмон ваксинаи "Спутник V"-и Русияро эътироф кардАгентии давлатии доруҳои Латвия хабар дод, ки кишвар истифодаи ваксинаи COVID-19 AstraZeneca-ро то аниқ кардани таъсири он ба саломатии беморон комилан қатъ кардааст.Қаблан, додситонии шаҳри Биеллаи Итолиё пас аз марги як омӯзгори мусиқии 57-сола, ки бо ин дору эм шуда буд, як бастаи ваксинаи коронавирусии AstraZeneca-ро мусодира карданд.Маъмурияти миллии доруҳо ва маҳсулоти саломатӣ Infarmed Португалия пас аз ду ҳолати вокуниши номатлуб ба ин дору истифодаи ваксинаи AstraZeneca - ро боздоштааст.Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи оғози эмгузаронӣ бо доруи бритониёӣ ва шведӣ изҳори назар накардааст.Хотиррасон мекунем, ки бастаи аввалин иборат аз 192 ҳазор вояи ваксина тавассути ҳавопаймои махсуси Сомон Эйр аз Деҳлӣ интиқол дода шудааст.Мутахассисони Вазорати тандурустӣ қаблан гуфтанд, ки дар чорчӯби ин механизм Тоҷикистон 732 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca мегирад ва дар назар аст, ки эмкунии 20% аҳолии кишварро дар бар гирад.Созмони ҷаҳонии беҳдошт мавқеъяшро дар бораи AstraZeneca гуфтПеш аз ҳама, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бояд эм карда шаванд, ки ба онҳо шахсони аз 70-сола боло, шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайри сироятӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ ва низомӣ дохил мешаванд.
https://sputnik.tj/20210310/Tojikiston-voridot-nim-million-vaksinai-1032974208.html
https://sputnik.tj/20210315/Irlandiya-vaksina-AstraZeneca-1033000499.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/10/1033007513_28:0:2757:2047_1920x0_80_0_0_f9bf08da2782645dbd1def505119c127.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, тандурустӣ, ваксина, аврупо, эмгузаронӣ, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, тандурустӣ, ваксина, аврупо, эмгузаронӣ, дар тоҷикистон
Аврупо аз ваксинаи AstraZeneca, ки Тоҷикистон аллакай ворид кардааст, даст мекашад
12:43 16.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Кишварҳои Аврупо пай дар пай эмкунӣ алайҳи коронавирусро аз ваксинаи сохти бритониёӣ ва шведии AstraZeneca, ки аввали моҳи март ба Тоҷикистон омада буд, қатъ мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 март - Sputnik. Якчанд кишвари Аврупо моратория ба ваксинаҳои AstraZeneca ҷорӣ карданд ва ТУТ дар бораи бехатарии он мубоҳисаро оғоз кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон аллакай тавассути механизми COVAX AstraZeneca -ро қабул кардааст.
Гурӯҳи аввалаш рӯзи 8 март ба Душанбе оварда шуд, аммо то ҳол касе санаи оғози эмгузарониро эълон накардааст.
Дар ҳоли ҳозир Олмон, Фаронса, Италия, Испания, Нидерланд, Дания, Ирландия, Булғористон, Латвия, Португалия, Словения, Эстония ва Кипр бо мақсади эҳтиёт ваксинзаниро бо доруи бритониёӣ ва шведии AstraZeneca боздоштанд.
Агентии дорусозии аврупоӣ дар якҷоягӣ бо ТУТ имрӯз дар ин бора ҷаласаи фаврӣ баргузор мекунад, зеро маҳз АДА барои истифодаи AstraZeneca дар Иттиҳоди Аврупо иҷозат додааст.
Ҳамин тариқ, мақомоти Олмон бо тавсияи Пажӯҳишгоҳи Пол Эрлих, ки гардиши доруҳоро назорат мекунад, истифодаи ин ваксина дар кишварро муваққатан қатъ кард.
Агентии давлатии доруҳои Латвия хабар дод, ки кишвар истифодаи ваксинаи COVID-19 AstraZeneca-ро то аниқ кардани таъсири он ба саломатии беморон комилан қатъ кардааст.
Қаблан, додситонии шаҳри Биеллаи Итолиё пас аз марги як омӯзгори мусиқии 57-сола, ки бо ин дору эм шуда буд, як бастаи ваксинаи коронавирусии AstraZeneca-ро мусодира карданд.
Маъмурияти миллии доруҳо ва маҳсулоти саломатӣ Infarmed Португалия пас аз ду ҳолати вокуниши номатлуб ба ин дору истифодаи ваксинаи AstraZeneca - ро боздоштааст.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи оғози эмгузаронӣ бо доруи бритониёӣ ва шведӣ изҳори назар накардааст.
Хотиррасон мекунем, ки бастаи аввалин иборат аз 192 ҳазор вояи ваксина тавассути ҳавопаймои махсуси Сомон Эйр аз Деҳлӣ интиқол дода шудааст.
Мутахассисони Вазорати тандурустӣ қаблан гуфтанд, ки дар чорчӯби ин механизм Тоҷикистон 732 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca мегирад ва дар назар аст, ки эмкунии 20% аҳолии кишварро дар бар гирад.
Пеш аз ҳама, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бояд эм карда шаванд, ки ба онҳо шахсони аз 70-сола боло, шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайри сироятӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ ва низомӣ дохил мешаванд.