https://sputnik.tj/20210314/Nizomiyon-50-davlat-vaksin-Sputnik-V-1033000210.html
Низомиёни 50 давлат бо ваксини "Спутник V" эм гирифтанд
Низомиёни 50 давлат бо ваксини "Спутник V" эм гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Атташеҳои низомии панҷоҳ кишвари ҷаҳон ва аъзои оилаи онҳо бо ваксинаи русии "Спутник V" эм карда шуданд 14.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-14T19:52+0500
2021-03-14T19:52+0500
2021-03-14T19:52+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
ҳамаи хабарҳо
дар русия
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032836362_0:0:3079:1731_1920x0_80_0_0_79937381c0787a48ed85bdb6b6ceb54c.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Бино ба гуфти роҳбари Сарраёсати ҳамкориҳои байналмилалии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия Александр Кшимовский, атташеҳои ҳарбии 50 кишвари ҷаҳон бо ваксинаи Русия алайҳи COVID-19 эм карда шуданд.Хабаргузории РИА Новости аз қавли Кшимовский манависад, кишарҳ дод, ки аз ин ваксин тақрибан 300 атташеи низомӣ ва аъзои оилаи онҳо эмгузаронӣ шуданд.Гуфта мешавад, низомиёни 50 давлат ба хотири бехатар анҷом додани маъракаҳои дохилӣ ва ҳамзамон музокироти байналмилалӣ ваксин гирифтанд.Қайд карда мешавад, ки дар артиши Русия эмгузаронии оммавӣ бо "Спутник V" айни замон ҷараён дорад. Аллакай зиёда аз 389 ҳазор хизматчиён эм карда шуданд.Хотиррасон мекунем, ки ваксинаи сохти Русия "Спутник V" алакай дар 50 давлати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.Дар кишварҳое, ки ваксини Русия тасдиқ шудааст, беш аз 1 миллиарду 300 миллион аҳолӣ ба сар мебарад.Ҳоло дар рӯйхати муассиртарин ваксинҳо алайҳи коронавирус, AstraZeneca мақом аввал касб намуда, ваксини сохти Русия дар ҷойи баъдӣ қарор дорад. Дар мақоми сеюм ва чорум ваксинҳои Pfizer ва Moderna меистанд.Ёдовармешавем, ки ваксини AstraZeneca дар доираи механизми COVAX ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва раванди эмгузаронии табибон, нафарони солманд ва ҳамчунин маризони қанду гепатит оғоз меёбад.
https://sputnik.tj/20210314/rusmiya-ozmoish-vaksin-Sputnik-V-saraton-1032998816.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032836362_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_12b9632e9fad2aff2469a4b4544a4b49.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, тандурустӣ
ҳамаи хабарҳо, дар русия, тандурустӣ
Низомиёни 50 давлат бо ваксини "Спутник V" эм гирифтанд
Атташеҳои низомии панҷоҳ кишвари ҷаҳон ва аъзои оилаи онҳо бо ваксинаи русии "Спутник V" эм карда шуданд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Бино ба гуфти роҳбари Сарраёсати ҳамкориҳои байналмилалии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия Александр Кшимовский, атташеҳои ҳарбии 50 кишвари ҷаҳон бо ваксинаи Русия алайҳи COVID-19 эм карда шуданд.
Хабаргузории
РИА Новости аз қавли Кшимовский манависад, кишарҳ дод, ки аз ин ваксин тақрибан 300 атташеи низомӣ ва аъзои оилаи онҳо эмгузаронӣ шуданд.
Гуфта мешавад, низомиёни 50 давлат ба хотири бехатар анҷом додани маъракаҳои дохилӣ ва ҳамзамон музокироти байналмилалӣ ваксин гирифтанд.
Қайд карда мешавад, ки дар артиши Русия эмгузаронии оммавӣ бо "Спутник V" айни замон ҷараён дорад. Аллакай зиёда аз 389 ҳазор хизматчиён эм карда шуданд.
Хотиррасон мекунем, ки ваксинаи сохти Русия "Спутник V" алакай дар 50 давлати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.
Дар кишварҳое, ки ваксини Русия тасдиқ шудааст, беш аз 1 миллиарду 300 миллион аҳолӣ ба сар мебарад.
Ҳоло дар рӯйхати муассиртарин ваксинҳо алайҳи коронавирус, AstraZeneca мақом аввал касб намуда, ваксини сохти Русия дар ҷойи баъдӣ қарор дорад. Дар мақоми сеюм ва чорум ваксинҳои Pfizer ва Moderna меистанд.
Ёдовармешавем, ки ваксини AstraZeneca дар доираи механизми COVAX ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва раванди эмгузаронии табибон, нафарони солманд ва ҳамчунин маризони қанду гепатит оғоз меёбад.