https://sputnik.tj/20210307/olim-amrico-vaksina-rusiya-1032960658.html
Олими номии амрикоӣ "Спутник V" -ро тавсиф кард
Олими номии амрикоӣ "Спутник V" -ро тавсиф кард
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассиси пешбари бемориҳои сироятии ИМА ваксинаи коронавируси "Спутник V"-и Русияро ситоиш кард ва онро дар байни доруҳои чинӣ махсус қайд кард 07.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-07T11:00+0500
2021-03-07T11:00+0500
2021-04-12T14:33+0500
дар ҷаҳон
дар русия
амрико
ваксина
олим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0b/1032601915_0:173:3029:1876_1920x0_80_0_0_c3cf011bae34937d7e3834aa1e3ea421.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Сармутахассиси бемориҳои сироятӣ дар Амрико Энтони Фаучи ваксинаи коронавируси "Спутник V", ки онро Маркази Гамалеи Русия таҳия кардааст, ситоиш кард. Ҳамин тавр, донишманди амрикоӣ ва мушовири президенти кишвар Ҷо Байден кайҳо дар бораи ин ваксина маълумот гирифтаву ба он баҳои хуб додааст. Рӯзноманигорон аз Фаучи пурсиданд, ки бо кадом ваксина худаш эм шудан мехоҳад: "Спутник V" ё доруи чинӣ?Зимни сӯҳбат рӯзноманигори амрикоӣ мавзӯи таъсироти манфии ваксинаро матраҳ кардааст. Ин чизе барои ташвиш нест, мегӯяд Фаучи.Вай инчунин баъзе ҷузъиётро дар бораи истифодаи ваксинаҳои амрикоӣ гуфтааст."Озмоишҳое, ки дар ИМА бо ваксинаҳои Pfizer ва Moderna гузаронида шуданд, аз 94 то 95% самаранокӣ ва реактивии ҳадди ақали онро нишон доданд. Пас аз вояи аввал, дар даст каме дард пайдо мешавад, ки тақрибан 24 соат давом мекунад", - мегӯяд олим.Вай қайд кард, ки реаксия дар вояи дуюм баландтар аст. Он пас аз 21 рӯз барои Pfizer ва 28 рӯз пас барои Moderna зоҳир мешавад. Ба гуфтаи табиб, пас аз тазриқи дуввум дар эмшудаҳо хастагӣ, дард, хунукхӯрӣ ва таби баланд ба қайд гирифта мешавад.Ба гуфтаи Фаучи ин нишонаҳо баъди 24 соат нест мешаванд.COVAX даҳҳо кишварро бо ваксин таъмин кард: Тоҷикистон дар навбат астҚаблан ваксинаи русии "Спутник V" дар раддабандии ваксинҳо дар ҷаҳон мавқеи дувумро ишғол кард. Онро барои эмкунии оммавӣ дар 45 кишвар истифода мебаранд. Ҷои аввалро AstraZeneca англисӣ-шведӣ ва сеюмро Pfizer мегиранд.
https://sputnik.tj/20210306/Sputnik-V-duvvumin-mamultarini-jahon-1032956700.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0b/1032601915_148:0:2879:2048_1920x0_80_0_0_c460acee997fa99933244cb4c63ba2fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, дар русия, амрико, ваксина, олим
дар ҷаҳон, дар русия, амрико, ваксина, олим
Олими номии амрикоӣ "Спутник V" -ро тавсиф кард
11:00 07.03.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Мутахассиси пешбари бемориҳои сироятии ИМА ваксинаи коронавируси "Спутник V"-и Русияро ситоиш кард ва онро дар байни доруҳои чинӣ махсус қайд кард
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Сармутахассиси бемориҳои сироятӣ дар Амрико Энтони Фаучи ваксинаи коронавируси "Спутник V", ки онро Маркази Гамалеи Русия таҳия кардааст, ситоиш кард.
Ҳамин тавр, донишманди амрикоӣ ва мушовири президенти кишвар Ҷо Байден кайҳо дар бораи ин ваксина маълумот гирифтаву ба он баҳои хуб додааст.
Рӯзноманигорон аз Фаучи пурсиданд, ки бо кадом ваксина худаш эм шудан мехоҳад: "Спутник V" ё доруи чинӣ?
"Ман дар бораи ваксинаҳои чинӣ маълумоти кофӣ надорам, зеро онҳо ду ё се ваксинаи мухталиф доранд. Аз ин рӯ, ман самаранокии онҳоро аз наздик пайгирӣ накардам, аммо зоҳиран маълумотҳои Русия хуб ба назар мерасанд", - таъкид кард мутахассиси бемориҳои сироятӣ.
Зимни сӯҳбат рӯзноманигори амрикоӣ мавзӯи таъсироти манфии ваксинаро матраҳ кардааст. Ин чизе барои ташвиш нест, мегӯяд Фаучи.
Вай инчунин баъзе ҷузъиётро дар бораи истифодаи ваксинаҳои амрикоӣ гуфтааст.
"Озмоишҳое, ки дар ИМА бо ваксинаҳои Pfizer ва Moderna гузаронида шуданд, аз 94 то 95% самаранокӣ ва реактивии ҳадди ақали онро нишон доданд. Пас аз вояи аввал, дар даст каме дард пайдо мешавад, ки тақрибан 24 соат давом мекунад", - мегӯяд олим.
Вай қайд кард, ки реаксия дар вояи дуюм баландтар аст. Он пас аз 21 рӯз барои Pfizer ва 28 рӯз пас барои Moderna зоҳир мешавад. Ба гуфтаи табиб, пас аз тазриқи дуввум дар эмшудаҳо хастагӣ, дард, хунукхӯрӣ ва таби баланд ба қайд гирифта мешавад.
Ба гуфтаи Фаучи ин нишонаҳо баъди 24 соат нест мешаванд.
Қаблан ваксинаи русии "Спутник V" дар раддабандии ваксинҳо дар ҷаҳон мавқеи дувумро ишғол кард. Онро барои эмкунии оммавӣ дар 45 кишвар истифода мебаранд. Ҷои аввалро AstraZeneca англисӣ-шведӣ ва сеюмро Pfizer мегиранд.