https://sputnik.tj/20260820/vkkh-rusiya-ima-ukraina-izhor-1079804202.html
Дар ВКХ Русия аз омодагӣ ба ғояҳои нави созандаи ИМА дар мавриди Украина изҳор доштанд
Дар ВКХ Русия аз омодагӣ ба ғояҳои нави созандаи ИМА дар мавриди Украина изҳор доштанд
Sputnik Тоҷикистон
Мария Захарова гуфт. ки Русия омода аст ғояҳои нави созандаи ИМА-ро дар мавриди Украина гӯш кунад
2026-08-20T20:20+0500
2026-08-20T20:20+0500
2026-08-20T20:20+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
мария захарова
вазорати хориҷаи русия
амалиёти вижа
украина
има
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0a/1078202548_0:0:3028:1703_1920x0_80_0_0_e8add1cea915e0d17c5620218855c20a.jpg
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт, ки Русия омода аст ғояҳои нави созандаи ИМА-ро дар мавриди Украина гӯш кунад, аммо муҳокимаи талабҳои зиёдаравонаи Киев бемаънӣ аст."Аз ҷониби худ, мо омодаем ба ташаббусҳои созандаи Вашингтон дар бораи ҳалли низоъи Украина гӯш диҳем. Дар айни замон, мо таъкид мекунем, ки ҳама гуна вариантҳои хотима додан ба бӯҳрон дар атрофи Украина бояд ҳатман манфиатҳои миллии Федератсияи Русияро ба инобат гиранд", - гуфт Захарова ба рӯзномаи "Известия"."Талабҳои зиёдаравонаи Киев ва сарпарастони аврупоии он, ки воқеиятро дар маҳал инъикос намекунанд, муҳокимаи бемаънӣ аст", - афзуд ӯ.Мария Захарова, Инчунин қайд кард, ки артиши Русия ба ҳамлаҳои Киев ба инфрасохтори шаҳрвандӣ посухи мутаносиб хоҳанд дод. "То он даме, ки ин ҳолат идома ёбад, Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия ба таҳдидҳои пайдошуда посухи мутаносиб хоҳанд дод ва амалиёти вижаи низомиро барои ноил шудан ба ҳадафҳои муқарраркардаи президент Владимир Путин идома медиҳанд", - гуфт ӯ. Захарова илова кард, ки режими Киев на танҳо нотавонии комили гуфтушунидро нишон медиҳад, балки ҳамлаҳои террористиро алайҳи шаҳрвандон низ анҷом медиҳад.
https://sputnik.tj/20260819/safiri-eron-rusiya-hamlai-ukraina-kishti-hamlai-terroristi-1079775201.html
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0a/1078202548_37:0:2768:2048_1920x0_80_0_0_9cd693bb30d69f145d5023f2198cb4e0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мария захарова, вазорати хориҷаи русия, амалиёти вижа, украина, има, музокирот
мария захарова, вазорати хориҷаи русия, амалиёти вижа, украина, има, музокирот
Дар ВКХ Русия аз омодагӣ ба ғояҳои нави созандаи ИМА дар мавриди Украина изҳор доштанд
Мария Захарова гуфт. ки Русия омода аст ғояҳои нави созандаи ИМА-ро дар мавриди Украина гӯш кунад
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт, ки Русия омода аст ғояҳои нави созандаи ИМА-ро дар мавриди Украина гӯш кунад, аммо муҳокимаи талабҳои зиёдаравонаи Киев бемаънӣ аст.
"Аз ҷониби худ, мо омодаем ба ташаббусҳои созандаи Вашингтон дар бораи ҳалли низоъи Украина гӯш диҳем. Дар айни замон, мо таъкид мекунем, ки ҳама гуна вариантҳои хотима додан ба бӯҳрон дар атрофи Украина бояд ҳатман манфиатҳои миллии Федератсияи Русияро ба инобат гиранд", - гуфт Захарова ба рӯзномаи "Известия".
"Талабҳои зиёдаравонаи Киев ва сарпарастони аврупоии он, ки воқеиятро дар маҳал инъикос намекунанд, муҳокимаи бемаънӣ аст", - афзуд ӯ.
Мария Захарова, Инчунин қайд кард, ки артиши Русия ба ҳамлаҳои Киев ба инфрасохтори шаҳрвандӣ посухи мутаносиб хоҳанд дод.
"То он даме, ки ин ҳолат идома ёбад, Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия ба таҳдидҳои пайдошуда посухи мутаносиб хоҳанд дод ва амалиёти вижаи низомиро барои ноил шудан ба ҳадафҳои муқарраркардаи президент Владимир Путин идома медиҳанд", - гуфт ӯ.
Захарова илова кард, ки режими Киев на танҳо нотавонии комили гуфтушунидро нишон медиҳад, балки ҳамлаҳои террористиро алайҳи шаҳрвандон низ анҷом медиҳад.