https://sputnik.tj/20260819/safiri-eron-rusiya-hamlai-ukraina-kishti-hamlai-terroristi-1079775201.html
Сафири Эрон дар Русия ҳамлаи Украина ба киштии эрониро ҳамлаи террористӣ номид
Сафири Эрон дар Русия ҳамлаи Украина ба киштии эрониро ҳамлаи террористӣ номид
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон дар Русия, киштиеро ки Украина дар баҳри Хазар ҳамла кард, амали террористӣ номид.
2026-08-19T15:47+0500
2026-08-19T15:47+0500
2026-08-19T15:47+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
эрон
русия
ҳамалоти террористӣ
украина
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0c/1075984021_0:77:2950:1736_1920x0_80_0_0_4040a4a8180b3e2c629ec75a70f592ac.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Сафири Эрон дар Маскав Козим Ҷалолӣ ба РИА Новости гуфт, ки Теҳрон ҳамлаи Украинаро ба киштии худ дар баҳри Хазар амали террористӣ медонад.Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Эрон қаблан хабар дода буд, Украина 25 июл ба киштии тиҷоратии Эрон дар баҳри Хазар ҳамлаи низомӣ анҷом дод. Дар ин ҳамла як маллоҳ кушта ва дигаре захмӣ шуд."Ин ҳамлаи қасдона ба киштӣ бо парчами Эрон, ки дорои борҳои тиҷоратӣ буд анҷом дода шуд. Ин ҳамла амали террористӣ ва ҷиноӣ ҳисобида мешавад, ки боиси марги як нафар ва захмӣ шудани чанд нафари дигар шудааст", - гуфт сафир.Ҷалолӣ қайд кард, ки вазири корҳои хориҷии Украина Андрий Сибиҳа зимни як сӯҳбати телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ барои ин ҳодиса узр пурсид. Аммо, сафири Эрон таъкид кард, ки Украина бояд тамоми зарари расонидашударо ҷуброн кунад ва "ҳомиёни аврупоӣ ва амрикоии" он бояд барои амалҳои Киев масъулиятро ба дӯш гиранд ва онро ба ҷавобгарӣ кашанд.Ҷалолӣ афзуд, ки Ғарб ҳангоми ҳамла ба ҳадафҳои шаҳрвандӣ меъёрҳои дугонаро истифода мебарад ва равиши он ба чунин ҳамлаҳо сиёсӣ ва интихобӣ аст.
https://sputnik.tj/20260727/ehtimol-eron-ukraina-zarba-tehron-amalkard-kiev-beposukh-1079255180.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0c/1075984021_115:0:2846:2048_1920x0_80_0_0_767f01dcd67e68e21786e99bc958fbe8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, русия, ҳамалоти террористӣ, украина, амалиёти вижа
эрон, русия, ҳамалоти террористӣ, украина, амалиёти вижа
Сафири Эрон дар Русия ҳамлаи Украина ба киштии эрониро ҳамлаи террористӣ номид
Сафири Эрон дар Русия, киштиеро ки Украина дар баҳри Хазар ҳамла кард, амали террористӣ номид.
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Сафири Эрон дар Маскав Козим Ҷалолӣ ба РИА Новости гуфт, ки Теҳрон ҳамлаи Украинаро ба киштии худ дар баҳри Хазар амали террористӣ медонад.
Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Эрон қаблан хабар дода буд, Украина 25 июл ба киштии тиҷоратии Эрон дар баҳри Хазар ҳамлаи низомӣ анҷом дод. Дар ин ҳамла як маллоҳ кушта ва дигаре захмӣ шуд.
"Ин ҳамлаи қасдона ба киштӣ бо парчами Эрон, ки дорои борҳои тиҷоратӣ буд анҷом дода шуд. Ин ҳамла амали террористӣ ва ҷиноӣ ҳисобида мешавад, ки боиси марги як нафар ва захмӣ шудани чанд нафари дигар шудааст", - гуфт сафир.
Ҷалолӣ қайд кард, ки вазири корҳои хориҷии Украина Андрий Сибиҳа зимни як сӯҳбати телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ барои ин ҳодиса узр пурсид. Аммо, сафири Эрон таъкид кард, ки Украина бояд тамоми зарари расонидашударо ҷуброн кунад ва "ҳомиёни аврупоӣ ва амрикоии" он бояд барои амалҳои Киев масъулиятро ба дӯш гиранд ва онро ба ҷавобгарӣ кашанд.
Ҷалолӣ афзуд, ки Ғарб ҳангоми ҳамла ба ҳадафҳои шаҳрвандӣ меъёрҳои дугонаро истифода мебарад ва равиши он ба чунин ҳамлаҳо сиёсӣ ва интихобӣ аст.