“Симхору камера”: Тоҷикистон марзҳояшро чӣ гуна тақвият медиҳад?

© AP / Eric GayУстановка ограждения на границе, архивное фото
Установка ограждения на границе, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Марзи беш аз 1300 – километраи Тоҷикистону Афғонистон аз ҷумлаи хатарноктарин ва пурчолиштарин марзҳои ҷаҳон аст
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Танҳо соли охир Душанбе бо ихтисоси миллионҳо доллар, даҳҳо километр иншооти муҳандисӣ ва инфрасохториро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба истифода дод. Тараддуду ташвиши Душанбе дар ҳолест, ки чолишҳои куҳнаву нав дар минтақа, бахусус, аз қаламрави Афғонистон рӯз ба рӯз ташдид меёбанд.
“Дар ин манотиқ зерсохторҳои меъёрии зарурӣ вуҷуд надоштанд ва ин вазъ назорати марзро аз сӯи нерӯҳои марзбонӣ башиддат мушкил ва шароитро барои ҷинояткории фаромиллӣ фароҳам мекард”, - мегӯянд манобеъи Sputnik Тоҷикистон.
Ҳукумати Тоҷикистон барномаи тақвияти марзро рӯи даст гирифта, роҳҳои марзӣ, симхор, камераҳои назоратӣ, дидбонгоҳу посгоҳҳо ва бунгоҳҳои тиббиро бунёд мекунад. Танҳо соли 2025 дар марзи тоҷику афғон 176 иншооти мухталиф бунёд гардид.
Аз ҷумла дар қитъаҳои марзии вилояти Хатлон, ки солҳои дароз ба таври меъёрӣ муҳофизат намешуд, 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ – “Истиқлол”, “Даҳана”, “Манора” ва ба номи Саттор Мадсабуров - сохта шуд. Ҳамаи онҳо бо хатти барқ, алоқаи махсус, дастгоҳҳои касбии огоҳкунӣ ва дигар лавозимоту имконоти муосир таҷҳиз шудаанд.

Хатте, ки роҳ надошт

Қисмати умдаи марзи Тоҷикистону Афғонистон дар қаламрави вилояти Хатлон умуман роҳи мошингард надошт ва деворҳои муҳандисӣ ё симхорҳо хеле дур аз хатти аслии марз кашида шуда буданд.
Вазъе мунҳасир ба фард дар минтақаи марзии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҳумфармо буд: ин минтақа бо вижагиҳои ҷуғрофиаш таваҷҷуҳи хоси гуруҳҳои ҷиноӣ, террористон ва қочоқбарони маводи мухаддирро ҷалб мекард.Шуруъ аз даврони Шӯравӣ то имрӯз даҳҳо мавриди даргирии марзбонон бо чунин гуруҳҳо дар ин минтақа сабти таърих шудааст.
Заседание совета министров иностранных дел ОДКБ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2024
Душанбе хостори оғози имзои барномаи таҳкими марз бо Афғонистон шуд
Охирин маворид, ки дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтанд, ду ҳодисаи соли гузашта, он ҳам дар фосилаи як моҳ, буд, ки дар пайи он афсарони марзбонӣ ва коргарони чинӣ ба ҳалокат расиданд.
Аввалан моҳи ноябри соли гузашта дар пайи ду ҳамлаи гуруҳҳои ҷинояткор аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон 5 коргари чинӣ, ки 3 нафари онон дар ширкати заршӯии минтақаи марзии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кор мекарданд, кушта шуданд. Моҳи декабр бошад, се узви як созмони террористӣ дар минтақаи отряди марзии №5, воқеъ дар минтақаи Қавоқ, вориди хоки Тоҷикистон шуданд ва дар пайи як даргирии қариб якрӯза худи ҳамлаварон ва ҳам ду афсари марзбонӣ ба ҳалокат расиданд, ки дар ин бора дафтари матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар дод..
Ба қавли манобеъ, дар ин минтақа, бахусус, ҳудудҳои деҳоти Сарчашма ва Ёл роҳи мошингард вуҷуд надошт ва марзбонон аз тариқи пайраҳаҳои тангу хатарнок ва паҳподҳову дигар васоили техникӣ вазъро назорат мекарданд.
“Акнун ин мушкилот ба моли гузашта табдил меёбанд. Сохтмони роҳи мошингард дар ин минтақа дар имтидоди дарёи Панҷ оғоз ёфт, ки суръати баланди иҷрои он, дар як муҳлати кӯтоҳ афсонаро ба ҳақиқат табдил медиҳад. Ҳоло сохтмони роҳ дар ҳоли анҷомёбист”, - гуфтанд манобеъи Sputnik Тоҷикистон.
Роҳи мошингарди марзӣ на фақат дар ҳудудҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, балки дар дигар навоҳии марзӣ - Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Ҷайҳун, Қубодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки бештар бо ахбори марбут ба қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ расонаӣ мешуданд, - низ мушкили асосӣ ба ҳисоб мерафт.
Контрольно-пропускной пункт, Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2026
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Даргирии дигари мусаллаҳонаи маргбор бо қочоқбарони афғон дар марз
Манобеъ мегӯянд, дар ҳудуди ин навоҳӣ корҳои сохтмонии роҳи марзӣ ва ҳам муҷаҳҳазсозии марз бо суръат идома дорад ва дар бархеи онҳо дар ҳоли ба анҷом расидан аст.
“Фақат дар қисмати чапи минтақаи марзии ноҳия ба дарозии 27 километр роҳи мошингард бунёд шуд”, - гуфтанд манобеъ.

Заминҳои наву ҳосилхез

Дар замони Шӯравӣ дар марзи имрӯзи Тоҷикистону Афғонистон як минтақае тахминан ба дарозии ду километр аз дарё то деворҳои симхордор “минтақаи марзӣ” ба ҳисоб мерафт, ки дар қаламрави он ҳар гуна фаъолиятҳои хоҷагидорӣ манъ буд. Дар пайи ин заминҳои ин ҳудудҳо, ки дар канори дарё доман густурдаанд, дастнохӯрда боқӣ монданд. Акнун бо эҷоди зерсохтҳо ва таҷҳизонидани марз ҳазорон гектари ин қаламравҳо озод ва барои истифода омода мешаванд.
Ба қавли онҳо, дар ҷониби рости минтақаи наздимарзии ноҳияи Фархор 32 километр роҳ аз қамишу дарахтону буттаҳо тоза шуда, корҳои сангфаршкунӣ ва сохтмони роҳ дар ҳоли анҷомёбӣ аст.
“Вижагии ҳудуди Фархор ин аст, ки дар ҳоли анҷоми пурраи корҳо 4 ҳазору 500 гектар замини ҳосилхези кишоварзӣ, ки қаблан дар истифодаи он ба далели қарор доштан дар минтақаи марзӣ истиҳола мешуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт”, - гуфтанд манобеъи Sputnik Тоҷикистон.
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2026
Таҳдидҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон аз байн нарафтаанд–коршинос
Ба қавли онҳо, пас аз бунёди роҳу дигар зерсохтҳои дар хати марзӣ, дар ноҳияи Шамсуддини Шоҳин ҳудуди 68 ҳазор гектар замин дар ихтиёри кишоварзон қарор хоҳад гирифт.
“Ин заминҳо дар лаби дарёи Панҷ доман паҳн карда, аз замоне, ки ба “минтақаи марзӣ” миёни Шӯравӣ ва Афғонистон ворид шуданд, киштукор нашудаанд ва интизор меравад, ба яке аз гӯшаҳои хоси тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар табдил ёбанд, чун хеле ҳосилхез ва сероб ҳастанд”, - гуфт манбаъ.

Камераҳои марзӣ

Бо озод шудани заминҳои канори хатти марз, деворҳои муҳандисӣ ё деворҳои симхордор низ ба лаби дарё ва канори роҳҳои наздимарзӣ кӯчонда мешаванд. Яке дигар аз барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон муҷаҳҳазгардонии марз бо деворҳои муҳандисӣ ва насби камераҳои назоратӣ аст.
Шиддати корҳои сохтмонӣ барои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳолест, ки ҳукумати Толибон* дар Кобул панҷ сол ба ин сӯ амнияти мавриди интизор дар кишвари худро фароҳам карда натавонист.
Ё ба назари Александр Бортников, раиси Хадамоти амнияти федерали Русия (ФСБ), қудратҳои хориҷӣ, қабл аз ҳама Британия, бо пуштибонӣ аз нерӯҳои зиддитолибонӣ ва созмонҳои террористӣ мехоҳанд дигарбора ин кишварро ба як ҷанги дохилӣ ва ҳатто таҷзия кашонанд.
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2026
Муҷоҳид: Афғонистон маншаъи таҳдид барои минтақа ва ҷаҳон нест
Сиёсатшиносони тоҷик низ ҳамин ақидаро доранд. Фирдавс Ҷалилов, коршинос дар умури амниятӣ, мегӯяд, дар ҳоли аз контрол хориҷ шудани вазъ дар Афғонистон эҳтимоли фаъол шудани созмонҳои террористие, ки таҳти пуштибонии Толибон* дар ин кишвар қарор доранд ва ҳам гуруҳҳои қочоқбари маводи мухаддир, баъид нест.
“То ба ҳол маълум нест, ки чаро Амрикову Ғарб Афғонистонро ба Толибон* таслим карданд. Ҳеҷ кас пешбинӣ карда наметавонад, ки ин дафъа ҷангу бесуботӣ дар қаламрави Афғонистон нигоҳ дошта мешавад ё марзҳои онро убур мекунад. Аз ин хотир, барои Тоҷикистон беҳтар аст, ки марзҳои худро тақвият кунад, он гуна ки ҳикмати халқӣ мефармояд, “илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ аст”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.
Тараддуду ташвишҳо ва сарфи ҳазинаҳои ҳангуфти ҳукумати Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ҳикмати дигари тоҷикиро низ ба ёд меорад: “Молатро эҳтиёт куну ҳамсояатро дузд нагир”. Ба бовари манобеъи Спутник Тоҷикистон, авзоъи тағйирёбанддаи ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва пайдо шудани авомили нави ихтилоли амният марзи мутаҳкам ва артиши тавонмандро тақозо мекунад. Дар ин пасманзар мустаҳкамсозии марз ба мавзуъи №1 барои ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст.
* - Созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0