Муҷоҳид: Афғонистон маншаъи таҳдид барои минтақа ва ҷаҳон нест

© AP / Muhammad FarooqЗабиулла Муджахед
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2026
Обуна шудан
Сухангӯи расмии ҳукумати Толибон* бори дигар таъкид кард, ки хоки Афғонистон алайҳи ҳич кишваре истифода нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон*, ахиран дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳеҷ кишваре набояд аз таҳдидҳое, ки аз Афғонистон бармеоянд, нигарон бошад.
Муҷоҳид бо таъкид бар он ки Афғонистони кунунӣ таҳдиде барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон нест, гуфт: “Ин ҳукумат намегузорад, ки ягон ноамнӣ аз хоки Афғонистон сарчашма бигирад”.
Сухангӯи ҳукумати Толибон* инчунин аз иттихози тадобири лозима барои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки СПАД борҳо изҳор дошт, ки марзи Тоҷикистон ва Афғонистон аз авлавиятҳои ин созмон боқӣ мемонад. Созмон барои таҳкими он барномаи вижаеро роҳандозӣ кардааст.
Таджикско-Афганская граница.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2026
Кобул аз Тоҷикистон хост, консулгариашро дубора дар вилояти Бадахшони Афғонистон боз кунад
Тибқи иттилои мақомоти тоҷик ҳолатҳои кушиш убури ғайриқонунии марз низ бешта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки мақомот зарфи панҷ моҳи гузашта расман аз панҷ ҳолати марзшикани ва бархӯрд бо қочоқбарону террористон хабар доданд.
Охирин ҳолат шаби 17-уми апрел, дар нуқтае аз сарҳад, воқеъ дар ноҳияи Фархор сар зада, 3 нафар қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.
Таъкид шудааст, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангии кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ масири ҳаракати ҷинояткорон муайян ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки аз ҷои ҳодиса ҷасади ду нафар қочоқбари афғон, 2 адад силоҳи оташфишони автомати “Калашников”, ду тирдон бо 35 дона тири қутрашон 7.62, як адад камони шикорӣ ва ду борхалта бо 25 адад бастаи маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаҳ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
**-гурӯҳи террористии маманӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0