Таҳдидҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон аз байн нарафтаанд–коршинос

© AP / Burt Herman
Обуна шудан
Ҳарчанд шиддати ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон дар солҳои охир ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, аммо, гурӯҳҳои тундрав ба фазои рақамӣ кӯчида, таҳдидро нигоҳ доштаанд, бовар дорад коршинос
ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Таҳдидҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон аз байн нарафтаанд, балки тағйир ёфтаанд.
Инро Нисор Умар, муҳаққиқи калони Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, дар конфронси "Уфуқҳои меъмории нави амнияти дастаҷамъӣ: Масъалаҳои муосири шарикии иттилоотӣ ва таҳлилии СААД" изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, шиддати ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон дар солҳои охир ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Аммо, гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла ДОИШ-Хуросон*, ба фазои рақамӣ кӯчида, таҳдидро нигоҳ доштаанд.
Ғайр аз ин, самти шимолӣ, аз ҷумла марзи Тоҷикистону Афғонистон, вазъиятро ноором мекунад, қайд кард коршинос.

Қаблан низ Владимир Кулишов, муовини аввали директор ва роҳбари Хадамоти марзбонии ФСБ-и Русия, изҳор дошт, ки таҳдидҳои террористӣ аз Афғонистон кам намешаванд ва қочоқи маводи мухаддир афзоиш меёбад.
Ба гуфтаи ӯ, ҷангиён кӯшиши ворид шудан ба Осиёи Марказиро идома медиҳанд, ки инро задухӯрдҳо бо марзбонони тоҷик нишон медиҳанд.
Кулишов дар мусоҳиба бо "Российская газета" қайд кард, ки дар соли 2025 дар марз бо Тоҷикистон тақрибан 2,7 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки ин нисбат ба соли қаблияш 60% зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол СААД талош дорад, бештар марзи Тоҷикистон бо афғонистонро муҷаҳҳаз ва зери назар қарор диҳад.
Ба гуфтиаи дабири куллӣ созмон таҳияи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон аз ҷумлаи авлавиятҳои СААД мебошанд.
Таалатбек Масодиқов гуфт, ки СААД нақша дорад, ки дар омӯзиши кадрҳои низомӣ аз пешрафтҳои муосир дар илм ва технологияи низомӣ истифода барад.
Ӯ дар мусоҳиба бо РИА "Новости" қайд кард, ки тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки суботро дар Осиёи Марказӣ беҳтар мекунад, вазифаи ба ҳамин монанд муҳим боқӣ мемонад.