Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Даргирии дигари мусаллаҳонаи маргбор бо қочоқбарони афғон дар марз

© Sputnik / Valery Blinov / Гузариш ба медиабонкКонтрольно-пропускной пункт, Таджикистан
Контрольно-пропускной пункт, Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2026
Обуна шудан
КДАМ Тоҷикистон аз даргирии дигари мусаллаҳонаи маргбор бо қочоқбарони афғон дар марз иттилоъ дод
ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, даргирии дигари мусаллаҳонаи маргбор бо қочоқбарони афғон ба вуқӯъ пайваст.
Дар ин бора, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гузориш додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, шоми 29 январ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 5 қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намудаанд.
Қочоқбарон ба амри сарҳадбонон итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон дода, кӯшиш карданд, ки ба самти Афғонистон фирор намоянд, иттилоъ дод КДАМ.
"Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ 3 қочоқбари афғон нобуд ва 2 нафар ба Афғонистон фирор кардаанд", - омадааст дар хабарнома.
Зимни азназаргузаронии ҷои ҳодиса, 3 автомати Калашников бо 4 тирдон, 150 дона тири қутрашон гуногун, миқдори зиёди тирҳои парондашуда, 4 борхалта бо 73 баста воситаи нашъадори навъҳои "ҳашиш" ва "афюн", инчунин 1 қаиқ дарёфт ва мусодира карда шуд, афзуд манбаъ.
Антиправительственная акция протеста в Тегеране, Иран, в пятницу, 9 января 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2026
"Дарвозаҳои ҷануб": бесуботӣ дар Эрон чӣ паёмадҳо хоҳад дошт?
Таҳқиқи парванда аз рӯи ин ҳодиса идома дорад, таъкид намуд КДАМ Тоҷикистон.
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор медорад, ки барои таъмини амнияти сарҳади давлатӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида, бо сарҳадшиканон ва қочоқбарон муборизаи беамон мебарад.
КДАМ афзуда, ки дар айни замон вазъият дар хати сарҳади давлатӣ таҳти назорат ва ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Ёдрас мешавем, ки бори охир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 18 январ даргирӣ рух дода буд.
Дар паи он чор террорист, ки марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карда буданд, аз ҷониби сарҳадбонони кишвар нобуд карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0