https://sputnik.tj/20240621/dushanbe-imzoi-barnomai-tahkimi-marz-afghoniston-1063294674.html
Душанбе хостори оғози имзои барномаи таҳкими марз бо Афғонистон шуд
Душанбе хостори оғози имзои барномаи таҳкими марз бо Афғонистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон ба СПАД пешниҳод намудааст, ки барномаи таҳкими марз бо Афғонистон дар моҳи июл ба имзо расонида шавад
2024-06-21T19:01+0500
2024-06-21T19:01+0500
2024-06-21T19:01+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
марз
таҳким
спад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/15/1063291265_0:263:3072:1991_1920x0_80_0_0_ea607f25fab5781f45659ad7b1cfa49a.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар моҳи июли соли равон барномаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои таҳкими марз бо Афғонистон ба имзо расад.Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон зимни нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар Алмаато баён дошт."Имрӯз бо қабули қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ раванди музокироти ёздаҳсола дар бораи таҳияи барномаи мақсадноки байнидавлатии СПАД роҷеъ ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба поён мерасад. Тоҷикистон дархост менамояд, ки пешниҳодҳои Шӯрои амнияти СПАД дар ин масъала дар давоми моҳи июл ба имзо расад", - гуфта Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханрониаш дар ин ҷаласа.Моҳи феврал дар як нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин гуфт буд, ки барнома қарор буд соли 2023 ба имзо мерасид, аммо ин раванд то соли 2024 ба таъхир уфтод.Моҳи март Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли СПАД дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфта буд, ки тарҳи ин барнома аз сӯи Шӯрои доимии СПАД тасвиб шудааст ва таъкид кард, ки раҳбарияти ду узви ин созмон - Қирғизистон ва Тоҷикистон, аз хатарҳое, ки аз Афғонистон таҳдид мекунад, огоҳ мебошанд”.
https://sputnik.tj/20240603/rustami-emomali-spad-khost-kor-terrorizmro-faol-1063079217.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/15/1063291265_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_25c0a89f793353a92c9a33be7b7c553b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, марз, афғонистон, барнома, имзо, спад
тоҷикистон, марз, афғонистон, барнома, имзо, спад
Душанбе хостори оғози имзои барномаи таҳкими марз бо Афғонистон шуд
Мақомоти Тоҷикистон ба СПАД пешниҳод намудааст, ки барномаи таҳкими марз бо Афғонистон дар моҳи июл ба имзо расонида шавад
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар моҳи июли соли равон барномаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои таҳкими марз бо Афғонистон ба имзо расад.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон зимни нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар Алмаато баён дошт.
"Имрӯз бо қабули қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ раванди музокироти ёздаҳсола дар бораи таҳияи барномаи мақсадноки байнидавлатии СПАД роҷеъ ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба поён мерасад. Тоҷикистон дархост менамояд, ки пешниҳодҳои Шӯрои амнияти СПАД дар ин масъала дар давоми моҳи июл ба имзо расад", - гуфта Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханрониаш дар ин ҷаласа.
Моҳи феврал дар як нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин гуфт буд, ки барнома қарор буд соли 2023 ба имзо мерасид, аммо ин раванд то соли 2024 ба таъхир уфтод.
Моҳи март Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли СПАД дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфта буд, ки тарҳи ин барнома аз сӯи Шӯрои доимии СПАД тасвиб шудааст ва таъкид кард, ки раҳбарияти ду узви ин созмон - Қирғизистон ва Тоҷикистон, аз хатарҳое, ки аз Афғонистон таҳдид мекунад, огоҳ мебошанд”.