https://sputnik.tj/20250724/munosibot-iqtisodi-dushanbevu-kobul-1069305813.html
Дипломатия нест, фоида ҳаст: имрӯзу фардои муносиботи иқтисодии Душанбею Кобул
Дипломатия нест, фоида ҳаст: имрӯзу фардои муносиботи иқтисодии Душанбею Кобул
Sputnik Тоҷикистон
Нишондиҳандаҳои оморӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки эҳтиёткорӣ нисбати ҳамдигар монеи рушди тиҷорати мутақобилаву фаъол байни кишварҳо нест
2025-07-24T17:01+0500
2025-07-24T17:01+0500
2025-07-24T18:39+0500
сутуннигор
иқтисод
дар тоҷикистон
афғонистон
casa-1000
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/17/1069265580_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_b40b17cc7d967ce2a3625e626c8ccd1f.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Айни замон, равобити дипломатии Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун "яхшуда" арзёбӣ мешавад, бо вуҷуди он, ки Душанбе ва Кобул эҳтимол баъзе равобити ғайрирасмӣ доранд, аммо равобити ошкоро миёни мақомоти ду кишвар вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, мавҷуд набудани муносибатҳои дипломатии эътирофшуда, зоҳиран, ба ҳамкориҳои иқтисодӣ халал намерасонад. Чунончӣ, тибқи маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон дар бораи савдои хориҷии Тоҷикистон аз моҳи январ то майи соли 2025, Афғонистон ба Топ-8 шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ шомил гардид. Ин ҷо саволи мантиқӣ ба миён меояд: вазъи воқеии муносибатҳои иқтисодии байни ҳамсояҳо чӣ гуна аст? Манфиатҳои тарафайни онҳо дар соҳаи тиҷорат кадомҳоянд ва Душанбеву Кобул дар кадом соҳаҳо амалан ҳамкорӣ мекунанд? Шарҳи мухтасар ва пешгӯии рушди равобити ду кишвар дар матлаби Sputnik Тоҷикистон. Зарурат аз зиддиятҳо муҳимтар аст Сарфи назар аз тафовути низомҳои сиёсӣ ва равобити муташанниҷ миёни мақомот, шаклҳои иқтисодии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон ҳамдигарро пурратар мекунад, ки метавонад омили рушди тиҷорат миёни онҳо бошад. Масалан, Душанбе қаламрави ҳамсояи худро як бозори ояндадори нерӯи барқ ва масолеҳи сохтмонӣ медонад ва барои Кобул бошад воридкунандагони тоҷик як воситаи муҳими фурӯши маҳсулоти нассоҷӣ ва ғизоӣ ҳастанд. Биёед мизони таваҷҷуҳи ду кишварро аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ муайян кунем. Агар дар сохтори ММД-и Тоҷикистон нақши нерӯи барқро бигирем, мебинем, ки энергетика дар бахши саноатии иқтисод дар ҷои дуюм, пас аз истихроҷи маъдан (тилло ва алюминий) қарор дорад. Дар мавриди даромади давлат бошад, нерӯи барқ то 10%-и ММД ва то 5%-и содироти Тоҷикистонро таъмин мекунад. Фоида аз содироти он дар соли 2024 тақрибан 170 миллион долларро ташкил дод. Ва дар солҳои 2023-2024 тақрибан нисфи содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон рост меояд, яъне тақрибан 1,5 миллиард кВт/соат аз 2,2-2,5 миллиард. Яъне, кишвари ҳамсоя бо вуҷуди ҳама мушкилоти раҳбарияти феълӣ то ҳол истеъмолкунандаи аслии маҳсулоте маҳсуб мешавад, ки дар сохтори ММД-и Тоҷикистон мавқеи асосиро ишғол мекунад. Ин ҷо бояд аз лоиҳаи CASA-1000 низ ёдовар шавем, ки ба фурӯши барқи изофии тобистонаи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон равона шудааст. Интизор меравад, ки ин лоиҳа ба хазинаи Тоҷикистон то 200 миллион доллар ворид мекунад ва ба Афғонистон имкон медиҳад, ки мушкили норасоии нерӯи барқро ҳал кунад, ки барои Кобул хеле муҳим аст. Гап дар сари он аст, ки кишвар худро бо нерӯи барқ таъмин карда наметавонад ва 80-90% аз воридот вобастагӣ дорад. Лоиҳаи CASA-1000 метавонад таъминоти устувори нерӯи барқро ба вилоятҳои шимолӣ ва марказии Афғонистон кафолат диҳад. Афғонистон ҳамасола ҳудуди 300 мегаватт нерӯи барқ хоҳад гирифт, ки он устувории энержии кишварро тақвият хоҳад дод. Илова бар ин, Афғонистон дар доираи ин лоиҳа нақши транзитиро ба даст меорад, яъне ин даромад ва рушди инфрасохтори кишварро таъмин мекунад. Дар мавриди мавқеъи масолеҳи сохтмонӣ дар сохтори ММД Тоҷикистон қайд мекунем, ки он ҳудуди 15%-и бахши саноатро ташкил медиҳанд ва аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар қатори топ-5 соҳаи саноати кишвар қарор дорад. Ҳамин тариқ, дар яке аз бахшҳои пешрафтаи истеҳсоли иқтисоди Тоҷикистон, яъне истеҳсоли семент дар соли 2024 беш аз 4,3 миллион тонна ин маҳсулот тавлид шудааст, ки 655,9 ҳазор тонна (15 % ҳаҷми умумӣ) ба хориҷ содирот шудааст. Ёдовар мешавем, ки семент ва масолеҳи сохтмонӣ дар баробари истеҳсоли алюминий, барқ ва пахта ба панҷгонаи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон шомиланд. Дар соли 2024 Душанбе ба Кобул 393,7 ҳазор тонна, ё беш аз нисфи сементи содиршударо ба маблағи 26,5 миллион доллар фурӯхтааст. Ин маълумот бори дигар муҳим будани бозори Афғонистонро барои содироти Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Логистика ҳамчун "роҳи раҳоӣ аз бунбаст"Ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи логистика имрӯз ҳам аз нигоҳи манфиатҳои иқтисодии ҳарду кишвар ва ҳам дар заминаи ҳамгироии минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Наздикии ҷуғрофӣ, равобити тиҷории чандинсола ва зарурати диверсификатсияи содирот логистикаро яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбе ва Кобул мегардонанд. Яке аз унсурҳои асосӣ азхудкунии гузаргоҳҳои заминӣ ва пулҳо дар дарёи Панҷ мебошад. Якчанд пулҳои байналмиллалӣ сохта шуда, ҳоло фаъолият доранд, ки Тоҷикистонро бо вилоятҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла дар манотиқи Панҷи Поён, Шерхон Бандар ва Ҳамадонӣ мепайвандад. Онҳо ҳам интиқоли мол ва ҳам маводҳои башардӯстона ва тиҷоратиро таъмин мекунанд. Пули Панҷи Поён - Шерхон Бандар аҳамияти хоса дорад, ки он ҳамчун нуқтаи эҳтимолии пайвастшавӣ ба долони ояндаи Ҷанубу Шимол, ки Ҳиндустон, Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Русияро мепайвандад, баррасӣ мешавад. Барои Тоҷикистон рушди масирҳои логистикӣ ба хориҷ як ҳадафи стратегӣ аст, ки дар санади бунёдии ҳукумат “Стратегияи миллии рушд то соли 2030 “ ҳамчун “роҳи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ” муайян шудааст. Дар ин замина, Афғонистон ҳамчун як пайванди транзитӣ ба бандарҳои Қарочӣ ва Гвадари Покистон арзёбӣ мешавад, ки махсусан дар чорчӯби ташаббуси Чин “Як камарбанд – як роҳ” ва тарҳи CASA-1000 муҳим аст. Дастрасӣ ба баҳр тавассути қаламрави Афғонистон ва Покистон метавонад ба содиркунандагони тоҷик манфиати стратегии дарозмуддатро фароҳам орад. Ҳатто сарфи назар аз хатарҳои марбут ба бесуботии дохилӣ дар Афғонистон. Барои Афғонистон самти Тоҷикистон аз нигоҳи воридоти нерӯи барқ, масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти ғизоӣ муҳим боқӣ мемонад. Таъмини хуби логистикӣ, аз ҷумла тавассути терминалҳои логистикӣ дар Кӯлоб ва Кобул имкон медиҳад, ки каналҳои устувори таъминот таъсис дода шаванд. Аз ҷониби Тоҷикистон афзоиши содироти семент, алюминий, орд ва дигар коло бо рушди инфрасохтори марзӣ сурат мегирад. Дар ин замина изҳороти сухангӯи Толибон* аз 6 майи соли ҷорӣ дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳифзи сарҳад ва амнияти минтақаҳои марзии ду кишварро ба ёд меорем. Ин бори дигар манфиатдории тарафайнро ба инкишоф додани муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, ки барои ҳарду кишвар хеле мухим аст, тасдиқ мекунад. Агар дӯстӣ нест, ҳадди аққал ҳамкорӣ ҳаст Тавре зикр гардид, тибқи маълумоти Оҷонсии омори ҷумҳурӣ, табодули коло миёни Тоҷикистону Афғонистон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 40 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 қариб сеяк бештар аст. Ҳудуди 80% (32 миллион доллар) муомилоти Тоҷикистону Афғонистон ба интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба Афғонистон рост меояд. Интиқоли молҳои Афғонистон ба Тоҷикистон ҳудуди 8 миллион долларро ташкил додааст. Дар маҷмӯъ, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Душанбе ва Кобул дар ду даҳсолаи ахир дар шароити бесуботии геополитикӣ рушд карда, аммо барои ҳарду кишвар аҳамияти стратегиро нигоҳ доштааст. Сарфи назар аз чолишҳое, ки ҷиддитаринаш ивази мусаллаҳонаи қудрат дар Афғонистон буд, равобити дуҷониба тайи 2-3 соли охир рушди устувор ва дурнамои назаррасро барои оянда нишон доданд. Имрӯз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамгироии минтақа бо Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд, ки ин барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии байни минтақаҳо дурнамо боз мекунад.Харитаҳо, пул ва ду ҳалқа: чаро сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон муҳим астТоҷикистон ва Афғонистон метавонанд дар ин равандҳо ҳалқаи калидӣ гарданд. Ҳамин тариқ, рушду таҷдиди минбаъдаи инфрасохтор дар самти ҷануб метавонад гардиши борро дар давраи миёнамӯҳлат 30-50 % афзоиш дода, гардиши мол байни кишварҳоро дар як сол ба 300 миллион доллар расонад. Рушди тиҷорат ва зерсохтори марзӣ низ метавонад боиси таъсиси ҳазорон ҷойҳои корӣ дар манотиқе чун Тахор, Бадахшон ва Хатлон шавад.Ин ҷо муфассалтар дар бораи нақши лоиҳаи CASA-1000 дар рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодии ду кишвар ёдрас кардан зарур аст. Чунончӣ, агар имрӯз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 1,6-1,8 миллиард кВт/соат нерӯи барқ бо даромади 60-70 миллион доллар дар як сол содирот кунад, пас аз оғози лоиҳа ин рақамҳо то 5 миллиард кВт/соат (бо назардошти интиқол ба Покистон) бо даромади то 200 миллион доллар дар як сол афзоиш хоҳанд ёфт. Ҳамин тариқ, равобити иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои энергетика, логистика ва тиҷорат рушди устувор доранд. Зеби тоҷҳои императорӣ ё қиссаи фаромӯшшудаи лаъли БадахшонЛоиҳаҳо, аз қабили CASA-1000 ва афзоиши содироти семент ва нерӯи барқ замина барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ мебошанд. Тибқи пешгӯиҳои гуногун, то соли 2030 гардиши савдои дуҷониба метавонад аз рақамҳои феълӣ ба таври қобили мулоҳиза зиёд ва 2 маротиба афзоиш ёбад. Ва аз эҳтимол дур нест, ки агар Толибон* дар сари ҳокимият ба ягон кори хатарнок даст назананд ва дар муносибатҳо бо Душанбе нек бошанд, маҳз иқтисодиёт ва савдои дуҷониба метавонанд қадамҳои аввалини ба ҳам наздик шудани ҳар ду давлат дар сатҳи расмӣ гарданд. * Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20250707/qazoqiston-afghoniston-puli-irtibot-osiyoi-markazi-janubi-1068683260.html
https://sputnik.tj/20250715/tijorati-tojikiston-hukumati-tolibon-kohish-1069002387.html
https://sputnik.tj/20250712/korshinos-tarh-casa-1000-tojikiston-qirghiziston-ahamiyat-1068904048.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/17/1069265580_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_4a1317590b42e21081c3936bb7808841.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, кобул, иқтисод
Дипломатия нест, фоида ҳаст: имрӯзу фардои муносиботи иқтисодии Душанбею Кобул
17:01 24.07.2025 (Навсозишуда: 18:39 24.07.2025) Эксклюзив
Нишондиҳандаҳои оморӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки эҳтиёткорӣ нисбати ҳамдигар монеи рушди тиҷорати мутақобилаву фаъол байни кишварҳо нест
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Айни замон, равобити дипломатии Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун "яхшуда" арзёбӣ мешавад, бо вуҷуди он, ки Душанбе ва Кобул эҳтимол баъзе равобити ғайрирасмӣ доранд, аммо равобити ошкоро миёни мақомоти ду кишвар вуҷуд надорад.
Бо вуҷуди ин, мавҷуд набудани муносибатҳои дипломатии эътирофшуда, зоҳиран, ба ҳамкориҳои иқтисодӣ халал намерасонад. Чунончӣ, тибқи маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон дар бораи савдои хориҷии Тоҷикистон аз моҳи январ то майи соли 2025, Афғонистон ба Топ-8 шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ шомил гардид.
Ин ҷо саволи мантиқӣ ба миён меояд: вазъи воқеии муносибатҳои иқтисодии байни ҳамсояҳо чӣ гуна аст? Манфиатҳои тарафайни онҳо дар соҳаи тиҷорат кадомҳоянд ва Душанбеву Кобул дар кадом соҳаҳо амалан ҳамкорӣ мекунанд?
Шарҳи мухтасар ва пешгӯии рушди равобити ду кишвар дар матлаби
Sputnik Тоҷикистон.
Зарурат аз зиддиятҳо муҳимтар аст
Сарфи назар аз тафовути низомҳои сиёсӣ ва равобити муташанниҷ миёни мақомот, шаклҳои иқтисодии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон ҳамдигарро пурратар мекунад, ки метавонад омили рушди тиҷорат миёни онҳо бошад.
Масалан, Душанбе қаламрави ҳамсояи худро як бозори ояндадори нерӯи барқ ва масолеҳи сохтмонӣ медонад ва барои Кобул бошад воридкунандагони тоҷик як воситаи муҳими фурӯши маҳсулоти нассоҷӣ ва ғизоӣ ҳастанд.
Биёед мизони таваҷҷуҳи ду кишварро аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ муайян кунем. Агар дар сохтори ММД-и Тоҷикистон нақши нерӯи барқро бигирем, мебинем, ки энергетика дар бахши саноатии иқтисод дар ҷои дуюм, пас аз истихроҷи маъдан (тилло ва алюминий) қарор дорад.
Дар мавриди даромади давлат бошад, нерӯи барқ то 10%-и ММД ва то 5%-и содироти Тоҷикистонро таъмин мекунад. Фоида аз содироти он дар соли 2024 тақрибан 170 миллион долларро ташкил дод.
Ва дар солҳои 2023-2024 тақрибан нисфи содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон рост меояд, яъне тақрибан 1,5 миллиард кВт/соат аз 2,2-2,5 миллиард. Яъне, кишвари ҳамсоя бо вуҷуди ҳама мушкилоти раҳбарияти феълӣ то ҳол истеъмолкунандаи аслии маҳсулоте маҳсуб мешавад, ки дар сохтори ММД-и Тоҷикистон мавқеи асосиро ишғол мекунад.
Ин ҷо бояд аз лоиҳаи CASA-1000 низ ёдовар шавем, ки ба фурӯши барқи изофии тобистонаи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон равона шудааст. Интизор меравад, ки ин лоиҳа ба хазинаи Тоҷикистон то 200 миллион доллар ворид мекунад ва ба Афғонистон имкон медиҳад, ки мушкили норасоии нерӯи барқро ҳал кунад, ки барои Кобул хеле муҳим аст.
Гап дар сари он аст, ки кишвар худро бо нерӯи барқ таъмин карда наметавонад ва 80-90% аз воридот вобастагӣ дорад. Лоиҳаи CASA-1000 метавонад таъминоти устувори нерӯи барқро ба вилоятҳои шимолӣ ва марказии Афғонистон кафолат диҳад.
Афғонистон ҳамасола ҳудуди 300 мегаватт нерӯи барқ хоҳад гирифт, ки он устувории энержии кишварро тақвият хоҳад дод. Илова бар ин, Афғонистон дар доираи ин лоиҳа нақши транзитиро ба даст меорад, яъне ин даромад ва рушди инфрасохтори кишварро таъмин мекунад.
Дар мавриди мавқеъи масолеҳи сохтмонӣ дар сохтори ММД Тоҷикистон қайд мекунем, ки он ҳудуди 15%-и бахши саноатро ташкил медиҳанд ва аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар қатори топ-5 соҳаи саноати кишвар қарор дорад.
Ҳамин тариқ, дар яке аз бахшҳои пешрафтаи истеҳсоли иқтисоди Тоҷикистон, яъне истеҳсоли семент дар соли 2024 беш аз 4,3 миллион тонна ин маҳсулот тавлид шудааст, ки 655,9 ҳазор тонна (15 % ҳаҷми умумӣ) ба хориҷ содирот шудааст.
Ёдовар мешавем, ки семент ва масолеҳи сохтмонӣ дар баробари истеҳсоли алюминий, барқ ва пахта ба панҷгонаи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон шомиланд.
Дар соли 2024 Душанбе ба Кобул 393,7 ҳазор тонна, ё беш аз нисфи сементи содиршударо ба маблағи 26,5 миллион доллар фурӯхтааст. Ин маълумот бори дигар муҳим будани бозори Афғонистонро барои содироти Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Логистика ҳамчун "роҳи раҳоӣ аз бунбаст"
Ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи логистика имрӯз ҳам аз нигоҳи манфиатҳои иқтисодии ҳарду кишвар ва ҳам дар заминаи ҳамгироии минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад.
Наздикии ҷуғрофӣ, равобити тиҷории чандинсола ва зарурати диверсификатсияи содирот логистикаро яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбе ва Кобул мегардонанд.
Яке аз унсурҳои асосӣ азхудкунии гузаргоҳҳои заминӣ ва пулҳо дар дарёи Панҷ мебошад. Якчанд пулҳои байналмиллалӣ сохта шуда, ҳоло фаъолият доранд, ки Тоҷикистонро бо вилоятҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла дар манотиқи Панҷи Поён, Шерхон Бандар ва Ҳамадонӣ мепайвандад.
Онҳо ҳам интиқоли мол ва ҳам маводҳои башардӯстона ва тиҷоратиро таъмин мекунанд.
Пули Панҷи Поён - Шерхон Бандар аҳамияти хоса дорад, ки он ҳамчун нуқтаи эҳтимолии пайвастшавӣ ба долони ояндаи Ҷанубу Шимол, ки Ҳиндустон, Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Русияро мепайвандад, баррасӣ мешавад.
Барои Тоҷикистон рушди масирҳои логистикӣ ба хориҷ як ҳадафи стратегӣ аст, ки дар санади бунёдии ҳукумат “Стратегияи миллии рушд то соли 2030 “ ҳамчун “роҳи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ” муайян шудааст.
Дар ин замина, Афғонистон ҳамчун як пайванди транзитӣ ба бандарҳои Қарочӣ ва Гвадари Покистон арзёбӣ мешавад, ки махсусан дар чорчӯби ташаббуси Чин “Як камарбанд – як роҳ” ва тарҳи CASA-1000 муҳим аст.
Дастрасӣ ба баҳр тавассути қаламрави Афғонистон ва Покистон метавонад ба содиркунандагони тоҷик манфиати стратегии дарозмуддатро фароҳам орад. Ҳатто сарфи назар аз хатарҳои марбут ба бесуботии дохилӣ дар Афғонистон.
Барои Афғонистон самти Тоҷикистон аз нигоҳи воридоти нерӯи барқ, масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти ғизоӣ муҳим боқӣ мемонад. Таъмини хуби логистикӣ, аз ҷумла тавассути терминалҳои логистикӣ дар Кӯлоб ва Кобул имкон медиҳад, ки каналҳои устувори таъминот таъсис дода шаванд.
Аз ҷониби Тоҷикистон афзоиши содироти семент, алюминий, орд ва дигар коло бо рушди инфрасохтори марзӣ сурат мегирад. Дар ин замина изҳороти сухангӯи Толибон* аз 6 майи соли ҷорӣ дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳифзи сарҳад ва амнияти минтақаҳои марзии ду кишварро ба ёд меорем.
Ин бори дигар манфиатдории тарафайнро ба инкишоф додани муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, ки барои ҳарду кишвар хеле мухим аст, тасдиқ мекунад.
Агар дӯстӣ нест, ҳадди аққал ҳамкорӣ ҳаст
Тавре зикр гардид, тибқи маълумоти Оҷонсии омори ҷумҳурӣ, табодули коло миёни Тоҷикистону Афғонистон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 40 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 қариб сеяк бештар аст.
Ҳудуди 80% (32 миллион доллар) муомилоти Тоҷикистону Афғонистон ба интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба Афғонистон рост меояд. Интиқоли молҳои Афғонистон ба Тоҷикистон ҳудуди 8 миллион долларро ташкил додааст.
Дар маҷмӯъ, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Душанбе ва Кобул дар ду даҳсолаи ахир дар шароити бесуботии геополитикӣ рушд карда, аммо барои ҳарду кишвар аҳамияти стратегиро нигоҳ доштааст.
Сарфи назар аз чолишҳое, ки ҷиддитаринаш ивази мусаллаҳонаи қудрат дар Афғонистон буд, равобити дуҷониба тайи 2-3 соли охир рушди устувор ва дурнамои назаррасро барои оянда нишон доданд.
Имрӯз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамгироии минтақа бо Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд, ки ин барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии байни минтақаҳо дурнамо боз мекунад.
Тоҷикистон ва Афғонистон метавонанд дар ин равандҳо ҳалқаи калидӣ гарданд. Ҳамин тариқ, рушду таҷдиди минбаъдаи инфрасохтор дар самти ҷануб метавонад гардиши борро дар давраи миёнамӯҳлат 30-50 % афзоиш дода, гардиши мол байни кишварҳоро дар як сол ба 300 миллион доллар расонад.
Рушди тиҷорат ва зерсохтори марзӣ низ метавонад боиси таъсиси ҳазорон ҷойҳои корӣ дар манотиқе чун Тахор, Бадахшон ва Хатлон шавад.
Ин ҷо муфассалтар дар бораи нақши лоиҳаи CASA-1000 дар рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодии ду кишвар ёдрас кардан зарур аст. Чунончӣ, агар имрӯз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 1,6-1,8 миллиард кВт/соат нерӯи барқ бо даромади 60-70 миллион доллар дар як сол содирот кунад, пас аз оғози лоиҳа ин рақамҳо то 5 миллиард кВт/соат (бо назардошти интиқол ба Покистон) бо даромади то 200 миллион доллар дар як сол афзоиш хоҳанд ёфт.
Ҳамин тариқ, равобити иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои энергетика, логистика ва тиҷорат рушди устувор доранд.
Лоиҳаҳо, аз қабили CASA-1000 ва афзоиши содироти семент ва нерӯи барқ замина барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ мебошанд.
Тибқи пешгӯиҳои гуногун, то соли 2030 гардиши савдои дуҷониба метавонад аз рақамҳои феълӣ ба таври қобили мулоҳиза зиёд ва 2 маротиба афзоиш ёбад.
Ва аз эҳтимол дур нест, ки агар Толибон* дар сари ҳокимият ба ягон кори хатарнок даст назананд ва дар муносибатҳо бо Душанбе нек бошанд, маҳз иқтисодиёт ва савдои дуҷониба метавонанд қадамҳои аввалини ба ҳам наздик шудани ҳар ду давлат дар сатҳи расмӣ гарданд.
* Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.