https://sputnik.tj/20250707/qazoqiston-afghoniston-puli-irtibot-osiyoi-markazi-janubi-1068683260.html
Қазоқистон: Афғонистон пули иртибот миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст
Қазоқистон: Афғонистон пули иртибот миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст
Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Қазоқистон изҳор дошт, ки кишвараш омодааст дар пружаи хатти роҳи оҳани Турғундӣ – Ҳирот сармоягузорӣ кунад
2025-07-07T15:10+0500
2025-07-07T15:10+0500
2025-07-07T15:10+0500
афғонистон
дар ҷаҳон
роҳи оҳан
қазоқистон
ҳамкорӣ
равобит
нақлиёт
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1b/1065287246_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_0f01b12e38749a92210d6d4c52b34192.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Нахуствазири Қазоқистон ахиран изҳор дошт, ки Афғонистон пули иртиботӣ миёни Осиёи марказӣ ва ҷанӯбӣ аст ва кишвараш барои сармоягузорӣ дар пружаи хатти роҳи оҳани Турғундӣ – Ҳирот эълом омодагӣ мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Тасним". Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов дар нишаст сарони созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар Озарбойҷон баргузор шуд, гуфт: "Афғонистон ба унвони як пул табиӣ метавонад заминасози иттисол ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи марказӣ ва ҷанӯбӣ бошад".Вай ҳамчунин аз омодагии Остона барои сармоягузорӣ дар пружеи хатти роҳи оҳани Турғундӣ–Ҳирот хабар дод ва афзуд Қазоқистон тамоюли худро барои иҷрои ин пружа эълом мекунад ва дар ояндаи наздик миёни ду тараф тафоҳумномае ба имзо хоҳад расид.Дар ин нишаст, намояндагоне аз кишварҳои Эрон, Туркия, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқизстон, Узбекистон ва ҳайате аз ҳукумати Толибон* ба раёсати Абдулғани Бародар, муовини иқтисодии нахуствазири ҳукумати Толибон*, ҳузур доштанд.Банно бар гузориши расонаҳо сарвазири Қазоқистон дар ҳошия ин нишаст бо Абдулғани Бародар дидор кард ва дар мавриди густариши ҳамкориҳои бозаргонӣ, логистикӣ ва кишоварзӣ гуфтугӯ кардааст.Қаблан вазири умури хориҷаи ҳукумати Толибон* Амирхон Муттақи бо муовини нахуствазири Қазоқистон тайи дидоре дар Кобул дар бораи равобити сиёсӣ ва иқтисодии дуҷониба, ба вижа дар ҳавзаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, тронзитӣ ва ҳамлунақл баҳшсу табодул назар карданд.Мақомдори қазоқ дар ин дидор қайд карда буд, ки кишвараш қасд дорад маблағи 500 милллион доллар дар пружаҳои роҳи оҳани Турғундӣ - Ҳирот сармоягузорӣ кунад.Ин мақомдор тасреҳ карда буд, ки ин пружа бахше аз талошҳои Қазоқистон барои густариши иртибототи тронзитӣ бо Афғонистон ва минтақа ба шумор меравад.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/41314
афғонистон
қазоқистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1b/1065287246_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_dfb601216321020d15d8cf66b112208d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, афғонистон, ҳамкорӣ, нақлиёт, роҳи оҳан, пул, равобит
қазоқистон, афғонистон, ҳамкорӣ, нақлиёт, роҳи оҳан, пул, равобит
Қазоқистон: Афғонистон пули иртибот миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст
Нахуствазири Қазоқистон изҳор дошт, ки кишвараш омодааст дар пружаи хатти роҳи оҳани Турғундӣ – Ҳирот сармоягузорӣ кунад
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Нахуствазири Қазоқистон ахиран изҳор дошт, ки Афғонистон пули иртиботӣ миёни Осиёи марказӣ ва ҷанӯбӣ аст ва кишвараш барои сармоягузорӣ дар пружаи хатти роҳи оҳани Турғундӣ – Ҳирот эълом омодагӣ мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Тасним".
Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов дар нишаст сарони созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар Озарбойҷон баргузор шуд, гуфт: "Афғонистон ба унвони як пул табиӣ метавонад заминасози иттисол ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи марказӣ ва ҷанӯбӣ бошад".
Вай ҳамчунин аз омодагии Остона барои сармоягузорӣ дар пружеи хатти роҳи оҳани Турғундӣ–Ҳирот хабар дод ва афзуд Қазоқистон тамоюли худро барои иҷрои ин пружа эълом мекунад ва дар ояндаи наздик миёни ду тараф тафоҳумномае ба имзо хоҳад расид.
Дар ин нишаст, намояндагоне аз кишварҳои Эрон, Туркия, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқизстон, Узбекистон ва ҳайате аз ҳукумати Толибон* ба раёсати Абдулғани Бародар, муовини иқтисодии нахуствазири ҳукумати Толибон*, ҳузур доштанд.
Банно бар гузориши расонаҳо сарвазири Қазоқистон дар ҳошия ин нишаст бо Абдулғани Бародар дидор кард ва дар мавриди густариши ҳамкориҳои бозаргонӣ, логистикӣ ва кишоварзӣ гуфтугӯ кардааст.
Қаблан вазири умури хориҷаи ҳукумати Толибон* Амирхон Муттақи бо муовини нахуствазири Қазоқистон тайи дидоре дар Кобул дар бораи равобити сиёсӣ ва иқтисодии дуҷониба, ба вижа дар ҳавзаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, тронзитӣ ва ҳамлунақл баҳшсу табодул назар карданд.
Мақомдори қазоқ дар ин дидор қайд карда буд, ки кишвараш қасд дорад маблағи 500 милллион доллар дар пружаҳои роҳи оҳани Турғундӣ - Ҳирот сармоягузорӣ кунад.
Ин мақомдор тасреҳ карда буд, ки ин пружа бахше аз талошҳои Қазоқистон барои густариши иртибототи тронзитӣ бо Афғонистон ва минтақа ба шумор меравад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.