Харитаҳо, пул ва ду ҳалқа: чаро сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон муҳим аст

© Foto / Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонМаросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Мулоқоти сарвари Қирғизистон бо раҳбари Тоҷикистон бояд саҳифаи нав дар равобити тиҷоративу иқтисодии Бишкек ва Душанбе боз кунад
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Нимаи аввали моҳи июл раисиҷумҳури Қирғизистон бо даъвати президенти Тоҷикистон бо як сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд.
Музокироти Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов рӯзи 8 июл бо мулоқоти шахсии ду раҳбар ва сӯҳбат роҷеъ ба эътимоди сиёсӣ, амнияти марзҳо ва дурнамои минтақа шурӯъ шуд. Ҳарду ҷониб анҷоми раванди аломатгузории сарҳадро таъйид карда, аҳамияти таърихии онро ва гузаштан ба давраи муносибатҳои устувору дӯстона таъкид карданд.
Музокироти васеъ, ки рӯзи 9 июл баргузор шуд, мавзӯъҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва гуманитариро дар бар гирифт. 16 санад ба имзо расид, аз ҷумла: изҳороти муштарак, созишномаҳо оид ба тиҷорат, саноат ва сайёҳӣ, инчунин ташаббусҳои муштарак дар соҳаи геодезия, ҳифзи муҳити зист ва стандартизатсия.
Ҳамчунин, дар Душанбе ҳамоиши сармоягузориву иқтисодӣ баргузор шуд, ки дар он ҳудуди 500 тоҷири ду кишвар ширкат доштанд.
Sputnik Тоҷикистон аҳамияти ин сафар ва пайёмадҳои он барои Тоҷикистону Қирғизистонро арзёбӣ мекунад.

Муомилоти мол ба маблағи ним миллиард: оё ин имкон дорад?

Дар Душанбе ба ҷуз аз мулоқоти ду раисҷумҳур, вазирони рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва ҳамтои ӯ аз Қирғизистон Бакит Сидиқов низ сӯҳбат анҷом доданд. Ҷолибтарин нуктаи мулоқоти онҳо тавофуқи пешакӣ дар бораи таҳия ва татбиқи Харитаи роҳ буд, ки ҳадафаш дар давоми тақрибан панҷ сол, то соли 2030 расондани ҳаҷми гардиши мол ба ним миллиард доллар мебошад.
Ин тасмим, бешубха, нақшаи калон буда, барои корхонаҳои ҳар ду ҷумҳурӣ фоидаовар хоҳад буд. Аммо амалӣ гардидани ин мақсад бо назардошти ду ҷиҳати калидӣ шубҳаовар менамояд. Аввалан ин, ки ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар дар тӯли таърихи истиқлолият ва дар солҳои беҳтарини муносибатҳо ба 200 миллион доллар ҳам намерасид.
Сатҳи ҳадди аксар дар соли 2013 сабт шуда буд, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон 186,5 миллион долларро ташкил дода буд. Баъдан аз ин рақамҳо тадриҷан коҳиш ёфтанд: дар соли 2021 - то 26,2 миллион доллар, дар соли 2022, пас аз оғози муноқишаи марзӣ - аллакай 15 миллион доллар ва дар соли 2023 - ҳамагӣ 11 миллион доллар.
Албатта, пас аз имзои созишномаи сулҳ ва тақсими қаламравҳои баҳсбарангез муомилоти мол андаке афзоиш ёфт, вале мизони он ҳанӯз хеле кам аст. Чунончӣ, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ (январ-май) гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 6,4 миллион долларро ташкил додааст.
Ба ибораи дигар, Душанбе ва Бишкек то ҳол иқтидори даҳҳо маротиба афзоиш додани гардиши дуҷонибаро дар тӯли 5 сол надоранд. Сониян, дар байни кишварҳо ҳанӯз инфрасохтори зарурӣ сохта нашудааст, ки афзоиши якбораи муомилоти молро таъмин намояд.
Нукоти муҳими гуфтугӯи як ба яки Раҳмон ва Ҷабборов:
Масъалаҳои марбут ба аломатгузории сарҳад чанде пеш ҳалли худро ёфтанд ва ҳоло барои таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун фаъолияти ҳамаҷониба идома дорад. Ин ба рафъи монеаҳои тиҷоратӣ, ташаккули заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, инкишофи алоқаҳои доимӣ ва калонҳаҷми нақлиётӣ, кушодани нуқтаҳои нави назоратӣ, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои тиҷорат ва умуман баланд бардоштани дараҷаи боварии байни соҳибкорони кишварҳо дахл дорад.
Ҳама ин ҷиҳатҳо кӯшиш ва вақти зиёдро талаб мекунанд. Бо вуҷуди ин, ду кишвар дорои имконоти тавсеаи назарраси муносиботи иқтисодӣ ба сатҳи баландтар аз ҳозира мебошанд. Масалан, Қирғизистон метавонад содироти коло ба Тоҷикистон ба мисли маҳсулоти ғизоӣ, маҳсулоти ширӣ, орд ва техникаи кишоварзиро афзоиш диҳад.
Дар навбати худ, Душанбе қодир аст ба бозори ҳамсоя маҳсулоти нассоҷӣ, алюминий ва масолеҳи сохтмонӣ содирот кунад, чунон ки қаблан ба Узбекистон фаъолона семент содир мекард.
Илова бар ин, дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ғояҳои таъсиси корхонаҳои муштараки агросаноатӣ, кооперативҳои кишоварзӣ ва марказҳои логистикӣ дар навоҳии наздимарзӣ баррасӣ шуданд. Ин боз як омили муҳими рушди тиҷорат барои Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.
Душанбе ва Бишкек аллакай омодагии худро барои ҳавасмандгардонии сармоягузории мустақим ба коркарди меваю сабзавот, нуриҳои маъданӣ ва техника, ки метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими амнияти озуқавории давлатҳо такони ҷиддӣ бахшад, изҳор доштаанд.
Ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро дар доираи васеътар – тавассути табодули таҷриба, тухмиҳо, навъҳои ба хушксолӣ тобовар, инчунин тавассути барномаҳои таълимии кишоварзӣ ва технологияҳои обёрии қатрагӣ густариш диҳанд.
Баргузории намоишгоҳҳои муштарак, ярмаркаҳо ва ҷашнвораҳои фарҳангӣ низ метавонанд ба густариши тиҷорат ва таҳкими боварии байни аҳолӣ ва соҳибкорон мусоидат кунад. Барқарор намудани робитаҳои тиҷории байни маҳалҳо низ нақши калон хоҳад дошт.

CASA-1000 – ҳалқаи энерҷӣ, ки ҳамсояҳоро мепайвандад

Ҷанбаи дигари ниҳоят муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки бояд даромади буҷетҳои давлатҳоро афзоиш диҳад, CASA-1000 мебошад. Ин тарҳ дар ҳамкориҳои энержии Душанбеву Бишкек мақоми калидӣ дорад ва аз ин рӯ ба мавзӯи муҳими гуфтугӯи президентҳо табдил ёфт.
Раҳмон ва Ҷабборов ҳангоми мулоқот таъкид карданд, ки пешбурди бомуваффақияти лоиҳаи CASA-1000, яъне ба кор андохтани ду ҳалқаи энержӣ ва хатҳои интиқоли барқ аз ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон маҳз ба шарофати ба эътидол омадани муносибатҳои дуҷониба ва анҷоми аломатгузории марз имконпазир шудааст.
Роҳбарони ду кишвар ӯҳдадории дуҷониба барои анҷоми марҳилаҳои боқимондаи лоиҳаро дар мӯҳлатҳои муқарраршуда, аз ҷумла ба истифода додани инфрасохтори комил то соли 2027 тасдиқ карданд.
Ёдовар мешавем, ки CASA-1000 яке аз бузургтарин ташаббусҳои энергетикӣ дар фазои пасошӯравӣ мебошад. Барои татбиқи он сохтмони зиёда аз 1,2 ҳазор километр хатти баландшиддат, ки низомҳои энергетикии чор кишварро мепайвандад, пешбинӣ карда шудааст.
Аз ҷумла, тарҳ сохтмони хатти ҷараёни тағйирёбанда миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва ҳамчунин хати ҷараёни мустақим (HVDC) аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути Афғонистонро дар бар мегирад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ тақрибан 1,2 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Фоидаи иқтисодӣ аз ин лоиҳа метавонад хеле назаррас бошад: бо анҷоми пурраи инфрасохтор, аз ҷумла НБО Роғун, содироти нерӯи барқ метавонад ба Душанбе дар як сол беш аз 200 миллион доллар ва ба Бишкек то 230 миллион доллар фоида орад.
Ғояи асосии лоиҳа чунин аст: фасли тобистон Тоҷикистон ва Қирғизистон миқдори зиёди нерӯи барқ тавлид мекунанд, дар ҳоле ки Афғонистон ва Покистон дар ин фасл ба норасоии музмини энергетикӣ дучор мешаванд.
CASA-1000 бояд ин ду минтақаро ба ҳам пайваст ва ҳамчун пули энергетикӣ амал кунад, ки ба шарофати он барои Осиёи Марказӣ имкони содироти нерӯи барқи изофӣ ва барои Осиёи Ҷанубӣ тавони таҳкими амнияти энергетикиро фароҳам меорад.
Марҳилаи фаъоли омодагӣ солҳои 2013-2015 сурат гирифт, ки ҳангоми он таҳияи қарорҳои техникӣ, созишномаҳои байниҳукуматӣ баста шуда, принсипҳои маблағгузорӣ муайян карда шуданд.
Иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи “Дӯстии абадӣ” - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2025
Дӯстии абадӣ: шоми Раҳмон ва Ҷабборв дар Душанбе чӣ гуна гузашт?
Моҳи майи соли 2016 сарони давлатҳо расман оғози корҳоро эълон карданд. То моҳи ноябри соли 2024 сохтмони хатҳо ва насби сутунҳо ба анҷом расида, моҳи марти соли 2025 дар Тоҷикистон зеристгоҳи Кушониён ба истифода дода шуд, ки таҷҳизоти он 99% ба кор омода аст.
Раҳмон ва Ҷабборов дар ифтитоҳи муштараки хатти интиқоли барқи 500 киловолтаи Датка - Суғд ҳам ширкат доштанд. Ин ҷузъи асосии ниҳоии лоиҳаи CASA-1000 дар Осиёи Марказӣ гардид Тибқи пешгӯиҳо, Покистон сохтмони инфрасохторро то охири соли 2025 анҷом медиҳад.
Дар Афғонистон корҳое, ки қаблан мутаваққиф шуда буданд, моҳи августи соли 2024 аз сар гирифта шуда, то охири соли 2026 идома хоҳанд кард. Ифтитоҳи пурраи лоиҳа дар соли 2027 дар назар аст.

Тақсими қаламравҳову мубодилаи маълумот

Ҳам лоиҳаи CASA-1000 ва ҳам тавсеаи тиҷорати дуҷониба танҳо ба шарофати ҳалли баҳсҳои деринаи марзӣ миёни Душанбе ва Бишкек имконпазир гардид.
Ин аст, ки геодезия ва аломатгузории ҳудуд дар ҷараёни боздиди Ҷабборов як мавзӯи муҳими дигар буд. Ҳамин тавр, президентҳо ҳамкориҳои ниҳодҳои миллии геодезӣ ва хариташиносиро баррасӣ карданд. Яъне табодули иттилоот ва таҷриба миёни мутахассисони Тоҷикистону Қирғизистон.
Раҳмон ва Ҷабборов ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки равишҳоро барои эҷоди харитаҳои ягонаи рақамии манотиқи марзӣ ҳамоҳанг созанд. Нияти имзои созишномаи махсус оид ба ҳамкорӣ дар ин самт тасдиқ карда шуд, ки он стандартҳои техникиро муттаҳид мекунад ва саҳеҳии намоиши сарҳадҳои навро дар ҳама платформаҳо беҳтар мегардонад.
Дар гуфтушунид ба ҳамоҳангсозии корҳои геодезӣ дар ноҳияҳои релйефи мураккабе, ки пештар дар хати марз ихтилофҳо ба амал меоварданд, масалан, дар ноҳияҳои баландкӯҳи ВМБК, аҳамияти махсус дода шуд.
Ба ин манзур тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки иттилооти моҳвораӣ, маводи бойгонӣ ва натоиҷи пажӯҳишҳои муосири топографиро мубодила кунанд. Ин ба ташаккули протоколҳои муштараки хариташиносӣ дахл дорад, ки дар сатҳи давлатӣ ва маҳалӣ истифода хоҳанд шуд.
Дурнамои тайёр кардани кадрҳо ва баланд бардоштани касбияти мутахассисон низ муҳокима шуд. Душанбе ва Бишкек аллакай омодаанд, ки таҷрибаомӯзии мутақобила, даврҳои омӯзишӣ ва семинарҳо оид ба низомҳои иттилооти ҷуғрофӣ, кадастри рақамӣ ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин барои таҳқиқи заминро ба роҳ гузоранд.
Ба унвони як иқдоми эҳтимолии оянда пешниҳод шуд, ки масъалаи таъсиси маркази муштараки омӯзишӣ ва табодули таҷриба дар яке аз донишгоҳҳо дар марзи Суғду Бодканд баррасӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0