https://sputnik.tj/20250715/tijorati-tojikiston-hukumati-tolibon-kohish-1069002387.html
Тиҷорати Тоҷикистон бо ҳукумати Толибон* коҳиш ёфтааст
Тиҷорати Тоҷикистон бо ҳукумати Толибон* коҳиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Додугирифти Тоҷикистону Афғонистон дар ним соли равон 1,5 миллион доллар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар шудааст
2025-07-15T10:59+0500
2025-07-15T10:59+0500
2025-07-15T10:59+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
толибон
додугирифт
тиҷорат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102828/84/1028288443_0:102:3139:1868_1920x0_80_0_0_476679f5ab4e3d97173a0ec5cf79ac92.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Тоҷикистону Афғонистон дар нимсола ба маблағи 44,5 млн доллар додугирифт доштаанд, дар ин бора Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои ҳамин ниҳоди кишвар ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,5 млн доллар кам аст.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ҳаҷми содирот ба Афғонистон қариби 35,8 млн доллар ва воридот аз он 8,7 млн долларро ташкил додааст.Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2024 воридот аз Афғонистон афзоиш ёфта, содироти коло кам шудааст, бармеояд аз омори мақомоти тоҷик.Дар ҳамин ҳол ба иттилои Хадамоти гумруки кишвар дар ним сол ба маблағи қариб 20 млн доллар ба Афғонистон барқ фурӯхтааст.Ин дар муқоиса бо шашмоҳаи аввали соли гузашта камтар мебошад, бармеояд аз омори мақомоти Тоҷикистон.Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ба Афғонистон умдатан маҳсулоти саноатӣ, назири семент, ангишт, нуриҳои минералӣ ва барқ содир мекунад.Як ҳиссаи хурди онро ҳамчунин ба маҳсулоти кишоварзӣ - сабзавоту мева рост меояд.Содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон фақат ба “Барқи тоҷик” рабт мегирад ва барқе, ки аз сӯи “Помир энерҷи” ба вилояти Бадахшони Афғонистон интиқол меёбад, дар гузоришҳои расмӣ сабт намешавад.Содироти нерӯи барқ ба ширкати "Брешно" (Афғонистон) тавассути ду хатти барқии 220 квт ва як хати барқии 110 квт амалӣ мегардад.Бояд гуфт, ки дар соли 2022 ҷониби Афғонистон барои ҳар кВт/соат 4,67 сент пардохт кардааст.Истеъмолкунандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон Афғонистон ва пасон Ӯзбекистон аст.Қаблан як намояндаи ширкати "Брешно" ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки вилояти Қундуз ба пуррагӣ ва вилоятҳои Тахор, Бағлон, Самангон ва дар ҳолатҳои хос шаҳри Кобул қисман аз барқи Тоҷикистон истифода мекунанд.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
https://sputnik.tj/20250514/raisi-shirkati-breshno-afghoniston-tojikiston-omad-1067342088.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102828/84/1028288443_53:0:2784:2048_1920x0_80_0_0_82763485860758e204a8cce14bc52141.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, тиҷорат, содирот, воридот, джодугирифт, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод
тоҷикистон, афғонистон, тиҷорат, содирот, воридот, джодугирифт, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод
Тиҷорати Тоҷикистон бо ҳукумати Толибон* коҳиш ёфтааст
Додугирифти Тоҷикистону Афғонистон дар ним соли равон 1,5 миллион доллар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар шудааст
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Тоҷикистону Афғонистон дар нимсола ба маблағи 44,5 млн доллар додугирифт доштаанд, дар ин бора Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ҳамин ниҳоди кишвар ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,5 млн доллар кам аст.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ҳаҷми содирот ба Афғонистон қариби 35,8 млн доллар ва воридот аз он 8,7 млн долларро ташкил додааст.
Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2024 воридот аз Афғонистон афзоиш ёфта, содироти коло кам шудааст, бармеояд аз омори мақомоти тоҷик.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои Хадамоти гумруки кишвар дар ним сол ба маблағи қариб 20 млн доллар ба Афғонистон барқ фурӯхтааст.
Ин дар муқоиса бо шашмоҳаи аввали соли гузашта камтар мебошад, бармеояд аз омори мақомоти Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ба Афғонистон умдатан маҳсулоти саноатӣ, назири семент, ангишт, нуриҳои минералӣ ва барқ содир мекунад.
Як ҳиссаи хурди онро ҳамчунин ба маҳсулоти кишоварзӣ - сабзавоту мева рост меояд.
Содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон фақат ба “Барқи тоҷик” рабт мегирад ва барқе, ки аз сӯи “Помир энерҷи” ба вилояти Бадахшони Афғонистон интиқол меёбад, дар гузоришҳои расмӣ сабт намешавад.
Содироти нерӯи барқ ба ширкати "Брешно" (Афғонистон) тавассути ду хатти барқии 220 квт ва як хати барқии 110 квт амалӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки дар соли 2022 ҷониби Афғонистон барои ҳар кВт/соат 4,67 сент пардохт кардааст.
Истеъмолкунандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон Афғонистон ва пасон Ӯзбекистон аст.
Қаблан як намояндаи ширкати "Брешно" ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки вилояти Қундуз ба пуррагӣ ва вилоятҳои Тахор, Бағлон, Самангон ва дар ҳолатҳои хос шаҳри Кобул қисман аз барқи Тоҷикистон истифода мекунанд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад