https://sputnik.tj/20250514/senariyai-otashbas-muzokira-maskav-kiev-1067332832.html
Се сенарияи дар бораи оташбас музокира намудани Маскав ва Киев
Се сенарияи дар бораи оташбас музокира намудани Маскав ва Киев
Sputnik Тоҷикистон
Маскав ва Киев рӯзи 15 май сари мизи музокира хоҳанд нишаст. Ва таҷрибаи даргириҳои низомии қаблӣ метавонад нишон диҳад, ки тарҳи оташбаси оянда дар сурати оғоз шудани музокирот чӣ гуна хоҳад буд.
2025-05-14T10:41+0500
2025-05-14T10:41+0500
2025-05-14T10:41+0500
таҳлил
русия
украина
оташбас
музокирот
сиёсат
дипломатия
има
нато
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1f/1063750899_0:26:1202:702_1920x0_80_0_0_c433f3b1ae0599f9c6041744546e9afa.jpg
Ба муносибати Рӯзи Ғалаба Владимир Путин аз 8 то 10 май оташбаси серӯза эълон карда буд. Таъсири он тақрибан ба оташбаси иди Пасха дар охири моҳи апрел монанд буд, ҳамлаҳо ба ақибгоҳ бо истифода аз мушаку паҳподҳо қариб қатъ шуданд, аммо дар минтақаи сарҳадӣ якчанд иғво ва тирпарронии ҷудогона сабт шуданд. Изҳороти шаби 11 маи раисҷумҳури Русия дар бораи омодагӣ ба музокира бо Украина хеле муҳимтар буд. Аз ҷумла, Маскав пешниҳод кард, ки муколамаи мустақим бо Киев тавассути миёнҷигарии Анкара, бидуни шартгузориҳои пешакӣ аз сар гирифта шавад.Вокуниши сарпарасторони украинӣ назар ба Киев ҳам зудтар садо дод. Ҳамин тариқ, раисиҷумҳури Фаронса пешниҳоди Русияро "қадами нахустин" номид ва рӯзи 12 май хостори оташбас шуд. Садри аъзами Олмон ҳам тақрибан ҳамин тавр вокуниш нишон дод. Дар навбати худ, раҳбари Амрико воқеан сенарияи Федератсияи Русияро дастгирӣ карда, аз Зеленский даъват кард, ки “фавран” ба мулоқот дар Истамбул розӣ шавад. Зеленский сараввал гуфт, ки то замоне, ки Русия ба оташбас розӣ нашавад, пешниҳоди Путинро қабул нахоҳад кард. Аммо бо садо додани вокуниши Трамп, ки Украина аз тасмимаш то ҳол бештар вобаста аст, изҳор дошт, ки рӯзи 15 май сари мизи гуфтушунид хоҳад нишаст, ҳатто агар Маскав талабҳои Киевро напазирад. То ҳол касе намедонад, ки натоиҷи муқаддамотии ин нишаст чӣ гуна хоҳад буд ва оё музокирот боиси ҳалли низоъ мешавад ё на. Бо вуҷуди ин, метавон тарҳҳои созиши эҳтимолии ояндаро арзёбӣ кард. Барои ин кофист, ки таҷрибаи муноқишаҳои асосии ҳарбии асри ХХ ва вариантҳои ҳалли онҳо, ки аксарашон сарҳади имрӯзаи бисёр давлатҳоро муайян карданд, дида бароем. Се сенарияи имконпазири ҳалли бӯҳрони Украина бар асоси таҷрибаи таърихӣ – дар матлаби Sputnik Тоҷикистон. Сенарияи кореягӣТарҳи анҷоми ҷанги Кореяи солҳои 1950-1953, ки бо номи оташбаси Пханмунҷом маъруф аст, имрӯз нисбатан бештар ба бӯҳрони Украина пешбинӣ мегардад. Дар ҳақиқат, ин тарҳ на маънои пурра анҷом додани муноқиша, балки "яхбандӣ намудани" дуру дарози онро дорад, ки бо нигаҳдории расмии хатти марз ва мавҷудияти ду давлати ба ҳамдигар тамоман душман, даҳсолаҳо вуҷуд дошта метавонад. Ёдовар мешавем, ки баъди ба охир расидани ҷанги Корея дар соли 1953 миёни Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ва Ҷумҳурии Корея шартномаи сулҳи комил баста нашуд. Тарафҳо дар ҳолати сулҳномаи расмӣ мемонанд ва минтақаи аз ҳолати ҳарбӣ холишуда ба яке аз сарҳадҳои муҳофизатшавандатарини ҷаҳон табдил ёфтааст. Он вақт, дар пасманзари таҳдиди воқеии ҷанги ҳастаӣ, бисёр кишварҳо, аз ҷумла ИҶШС, Чин ва ИМА, тавонистанд созиши қобили қабулро пайдо кунанд, ки дар тӯли зиёда аз 70 сол сулҳи ларзон байни Пхенян ва Сеулро нигоҳ доштааст. Бӯҳрони Украина метавонад бо ҳамин роҳ равад. Дар ин сурат хатти ҷабҳа дар амал ҳамчун хатти оташбас бе созиши ниҳоии сиёсию ҳуқуқӣ эътироф карда мешавад. Ин сенарияро аксари бозигарони байналмилалӣ, ки мехоҳанд муноқишаро ба эътидол оваранд, мувофиқ медонанд. Дар баробари ин, тарафҳо умуман вазифадор нестанд, ки ба ҳамдигар дӯстӣ ва нияти нек нишон диҳанд, чунончӣ, Сеул ва Пхенян якдигарро ҳатто эътироф намекунанд. Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ то ҳол губернаторони панҷ музофотро, ки ба ҳайати КХДР дохил мешаванд, таъин ва нигоҳ медорад. Пхенян ҷавобан, маъмурияти қаламравҳоеро, ки "муваққатан аз ҷониби гурӯҳи капиталистӣ" ишғол шудааст, эътироф намекунад. Ва ҳарчанд аз соли 1953 ҳарду ҷониб борҳо кӯшиши сӯиқасд ба ҷони сарони давлатҳо ва барангехтани ошӯбҳо дар қаламрави ҳамсояҳо карданд ва тирандозӣ намуда, борҳо эълом доштанд, ки дигар ин паймонро риоят намекунанд, дар тӯли 72 соли пас аз имзои Созишномаи Пханмунҷом, на Сеул ва на Пхенян ҷанги пурраро оғоз накарданд. Ин сенария махсусан барои Киев, ки дар шароити ниҳоят нозук “обрӯи худро нигоҳ доштан” мехоҳад, хеле мувофиқ аст. Гап дар он аст, ки конститутсияи Украина гуфтушуниди мустақим бо Владимир Путинро манъ мекунад, аммо он бояд анҷом дода шавад. Ва ба хотири риояи расмият дар назди шаҳрвандони худ, Киев ҳамеша метавонад бигӯяд, ки бо Федератсияи Русия дар бораи қатъи амалиёти низомӣ розӣ шудааст, аммо назорати Русия бар қаламравҳои навро эътироф намекунад. Бо вуҷуди ин, байни сенарияҳои Украина ва Корея фарқиятҳои муҳим низ мавҷуданд. Ҳамин тавр, дар Корея ҷанг дар байни ду ҷониби дохилии сиёсӣ cap шуд, ки ҳар кадоми онҳо барои тамоми қаламрав даъво мекарданд. Гузашта аз ин, дар охири ҷанг, ҳам Кореяи Шимолӣ ва ҳам Кореяи Ҷанубӣ дигар бозигарони мустақил набуданд, Пхенян ба қудрати Пекин ва Маскав ва Сеул ба дастгирии бечунучарои Иёлоти Муттаҳида ва блоки навтаъсисёфтаи НАТО такя мекарданд. Агар ҳоло ҳам то андозае метавон Кореяи Ҷанубӣ ва Украинаро, ки дар таъмини силоҳ ба кишварҳои НАТО ва аз ҷумла аз Иёлоти Муттаҳида комилан вобаста аст, муқоиса кардан мумкин бошад, пас Кореяи Шимолӣ ва Русияро, ки дар масъалаи сохтани аслиҳа комилан мустақил ва аз ҷиҳати иқтисодӣ амиқ ба низоми ҷаҳонӣ муттаҳид шудааст, муқоиса кардан ғайриимкон аст, новобаста аз он ки мухолифони зиддирусӣ дар Ғарб чунин ҳарф мезананд. "Сенарияи Корея" метавонад як шакли анҷом додани ҷанг дар тӯли чандин солҳо (ва шояд абадӣ, чунон ки Москва пешниҳод мекунад) гардад, вале он ба маънои том ба сулҳи пойдор оварда намерасонад, то вақте ки ҳар ду тараф "табари ҷанг"-ро зери хок нагузоранд. Бе ҳалли сиёсӣ ва кафолатҳои ҳуқуқӣ, яхбандӣ танҳо муноқишаро нигоҳ медорад ва хатари дубора авҷ гирифтани онро нигоҳ медорад. Аммо дар ин ҳолат, ҳеҷ чиз ба Маскаву Киев (хусусан дар сурати тағйири қудрат) ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои бозии тӯлонӣ монеъ намешавад, чуноне ки дар нимҷазираи Корея беш аз 70 сол боз рух медиҳад. Сенарияи шӯравӣ/русӣ-ҷопонӣСарфи назар аз ба охир расидани амалиёти ҷанг дар натиҷаи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва амалиёти манчуриявии қӯшунҳои шӯравӣ дар моҳи сентябри соли 1945, муносибатҳои байни ИҶШС ва ҳам Русия бо Ҷопон ҳанӯз бо шартномаи сулҳи комил ба расмият дароварда нашудаанд. Чунин мантиқро дар мавриди Украина метавон амалӣ кард, яъне амалҳои низомӣ воқеан хотима меёбанд, аммо ҷанг ба маънои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ давом хоҳад дошт. Ёдовар мешавем, ки пас аз имзои Санади таслими бечунучарои Ҷопон дар соли 1945 миёни Маскав ва Токио, пеш аз ҳама, ба далели баҳси ҳудудии дар мавриди ҷазираҳои Курил шартномаи сулҳ ба имзо нарасид. Ин вазъияти "сулҳи ғайрирасмӣ"-ро ба вуҷуд овард: даст кашидан аз амалиёти ҳарбӣ, аммо инчунин набудани созиши пурраи дипломатӣ. Чунин сенария метавонад байни Русия ва Украина сурат гирад. Ҳатто дар сурати бас шудани амалиёти ҷангӣ (масалан, дар хатти ҷабҳа), масъалаҳои асосии қаламравӣ, вазъияти сарҳад ва масъулияти сиёсии тарафҳо солҳои дароз ҳалношуда мемонанд. Ҷопон даҳсолаҳо ба баргардонидани ҷазираҳои Курили Ҷанубӣ исрор мекард, дар ҳоле ки ИҶШС (ва баъдтар Русия) аз бознигарии натиҷаҳои ҷанг ба таври қатъӣ худдорӣ мекарданд. Ба ҳамин монанд, Украина метавонад ба баргардонидани тамоми қаламравҳои аздастрафта, аз ҷумла Қрим, пофишорӣ кунад. Дар навбати худ, Русия бознигарии натиҷаҳои муноқишаро қатъиян рад мекунад, зеро ин хилофи Конститутсияи Федератсияи Русия аст, ки нақзи тамомияти арзии кишвар, аз ҷумла додани қисми қаламрави он, ифротгароӣ эътироф шудааст. Пас аз ҷанг Ҷопон ба иттифоқ бо ИМА ва Ғарб такя карда, шарики асосӣ дар низоми нигоҳ доштани ИҶШС дар Осиё гардид. Украина кӯшиш мекунад, ки ҳамин роҳро такрор кунад, аммо дар робита ба Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва ИМА. Баръакс, Русия метавонад роҳи таҳкими блокро бо кишварҳои ИДМ ва " Ҷаҳони Ҷанубӣ " пеш гирад. Сенарияи Финляндия-ИҶШС солҳои 1940Аммо шояд мисоли муносибтарин ва эҳтимолии таърихӣ муносибатҳои байни Финляндия ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар охири солҳои 30 ва 40-уми асри гузашта бошад. Финляндия, ки даҳсолаҳо дар ҳайати империяи Русия буд ва баъд аз Инқилоби Октябри соли 1917 истиқлолият ба даст овард, бо Русияи Шӯравӣ ва баъдан ИҶШС равобити дипломатӣ дошт. Бо вуҷуди ин, бо афзоиши шиддати байналмиллалӣ дар Аврупо дар солҳои 30-юм ва бастани Паймони Молотов-Риббентроп (1939), тарси Шӯравӣ аз ҳамлаи фашистон афзоиш ёфт ва Маскав кӯшиш кард, ки сарҳадҳои ғарбии худро мустаҳкам кунад. Ҷониби шӯравӣ ба гуфтушунид дар бораи аз нав дида баромадани сарҳад бо Финляндия шуруъ кард, чунки аз ҳуҷуми эҳтимолии немисҳо ба воситаи Карелия, ки ҳамагӣ 30 километр дуртар аз Ленинград воқеъ буд, дар ташвиш буд. Душмани эҳтимолӣ дар зарфи як-ду соати ҳаракати танкӣ "гаҳвораи инқилоб"-ро ишғол карда метавонист. Тирамоҳи соли 1939 аввал гуфтушуниди бебарор ва баъд амалиёти низомии Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди Финляндия оғоз ёфт. Ин низоъ, ки бо номи "Ҷанги зимистона" маъруф аст, бо имзои Паймони сулҳи Маскав 12 марти соли 1940 ба поён расид. Баъди мағлубият дар ҷанг Хелсинки ҳамкориро бо Олмони фашистӣ фаъолона инкишоф дод. Сафари ҳайатҳои вакилони ҳарбии Финляндия ба Берлин ва имзои созишномаҳои махфӣ, иштироки онро дар ҷанги дар пешистодаи зидди ИҶШС пешакӣ муайян карданд. Олмон, ки ба ҳуҷуми зидди Иттиҳоди Шӯравӣ (амалиёти "Барбаросса") омодагӣ медид, Финляндияро дар ҳисобҳои стратегии худ ба инобат мегирифт. Дар ҳақиқат, 25 июни соли 1941 ҳукуматдорони Хелсинки ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг эълон карданд, ки ин имкон дод, ки бо ёрии Вермахт қаламравҳои соли 1940 аз даст додашуда ва ҳатто як қисми Карелияи Шарқиро ишғол кунад. Аммо аллакай тирамоҳи соли 1943, дар пасманзари шикастҳои шадиди Рейхи сеюм, ҳукумати Финландия музокироти пасипардагӣ бо иттифоқчиёнро оғоз кард. Натиҷа ҳамин шуд, ки 19 сентябри соли 1944 Шартномаи сулҳи Маскав ба имзо расид ва ихтилофот бо бастани шартнома дар Порис 10 феврали соли 1947 пурра бартараф карда шуд. Дар хусуси созишномаҳо бошад, дар асоси шартҳои сулҳномаи соли 1940 Финляндия камтар аз 11 фоизи қаламравашро ба ихтиёри ИҶШС дод, аз он ҷумла қисми Карелия, шаҳри Виборг, шимоли кӯли Ладога, як қисми қаламрави вилояти Салла, нимҷазираҳои Рибачйе ва Средний. Иттиҳоди Шӯравӣ қаламравҳои навро ба даст овард ва Финляндия ба сарҳади нав розӣ шуда, мақоми худро дар арсаи байналхалқӣ муқаррар кард. Баъди кӯшишҳои интиқомгирӣ ва шикасти ҳақиқии Олмони фашистӣ, ки боиси бастани созишномаи нави байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Финляндия гардид, Маскав ҳамаи қаламравҳои пештараро баргардонд ва шартҳои шартномаи пештара тасдиқ карда шуданд. Ин иловаҳо ба ИҶШС ҳамроҳ карда шудани Печенга (Петсамо), инчунин комилан кандани ҳамаи муносибатҳо бо Олмон, яроқпартоӣ ва берун кардани ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Олмонро дарбар мегирифтанд. Аз Финландия инчунин талаб карда шуд, ки ташкилотҳои тарафдори фашизмро барҳам диҳад ва ҷинояткорони ҳарбиро (аз ҷумла вазирони собиқ ва роҳбарони ҳарбиро) пароканда ва маҳкум намояд. Агар мо ин ҳуҷҷатҳоро ба таври умумӣ арзёбӣ кунем, мо параллелҳои эҳтимолиро бо ҳалли муноқишаи Украина мебинем. Вале барои ин ба мо лозим меояд, ки ба шароити ҳозираи Маскав ва Киев баҳогузорӣ кунем. Федератсияи Русия мехоҳад ба эътирофи байналмилалии қаламрави нави Русия ҳамчун шарти бастани сулҳи дарозмуддат ноил шавад. Ва ахиран расонаҳои ҷаҳонӣ менависанд, ки маъмурияти Трамп метавонад ба қабули ин шарт омода бошад ва ҳатто ба Киев пешниҳод кардааст, ки ба ин розӣ шавад - ҳадди аққал дар робита ба Қрим. Маскав минбаъд мақоми бетараф ва ҳамроҳ нашудани Украина ба НАТО-ро тақозо мекунад. Дар ин ҷо мавқеъҳои Маскав ва Вашингтон бештар ба ҳам мувофиқанд - ҳам маъмурияти Трамп ва ҳам дастаи Байден борҳо гуфтаанд, ки дар бораи пайвастани Киев ба Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ ҳеҷ сухане нест. Финляндия баъд аз ҷанг, чи тавре ки ҳозир ба Украина таклиф карда мешавад, ӯҳдадор шуд, ки бе ризоияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба иттифоқҳои ҳарбӣ дохил нашавад ва дар қаламрави худ ба ҷойгир кардани қӯшунҳои хориҷӣ роҳ намедиҳад. Воқеан, ин шарт то соли 2022, вақте ки қарори шомил шудан ба НАТО дар Ҳелсинки қабул гардид, риоя мешуд. Аммо дар маҷмӯъ, шартҳои созишномаи Порис ва талаботи имрӯзаи Русия (қисман аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида пуштибонӣ карда мешавад) ба ин шартномаҳо мувофиқат мекунанд, ки имрӯз ҳамчун асоси шартномаи сулҳ ба миён гузошта мешаванд. Ин мисолҳои таърихӣ барои бо роҳи осоишта бартараф кардани муноқиша ва таносуби ояндаи қувваҳо дар Аврупо аз баъзе ҷиҳатҳо намуна шуда метавонад.
https://sputnik.tj/20250511/putin-ukrainaro-muzokirai-mustaqim-turkiya-davat-1067320181.html
https://sputnik.tj/20250511/izhorot-putin-muzokiroti-sulh-amaliyoti-vizha-nizomi-video-1067321161.html
https://sputnik.tj/20250510/peskov-putin-halli-nizo-hama-korro-mekunad-ammo-kiev-omoda-nest-1067313861.html
https://sputnik.tj/20250430/peskov-putin-amaliyoti-vizhai-nizom-ukrainaro-oghoz-1067180476.html
https://sputnik.tj/20250328/putin-roh-khatm-nizo-ukraina-guft-1066751521.html
русия
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1f/1063750899_115:0:1087:729_1920x0_80_0_0_e061f5ed6af1f4955ccd13bfc87b6f0f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сенарияи оташбас музокир маскав киев
сенарияи оташбас музокир маскав киев
Ба муносибати Рӯзи Ғалаба Владимир Путин аз 8 то 10 май оташбаси серӯза эълон карда буд.
Таъсири он тақрибан ба оташбаси иди Пасха дар охири моҳи апрел монанд буд, ҳамлаҳо ба ақибгоҳ бо истифода аз мушаку паҳподҳо қариб қатъ шуданд, аммо дар минтақаи сарҳадӣ якчанд иғво ва тирпарронии ҷудогона сабт шуданд.
Изҳороти шаби 11 маи раисҷумҳури Русия дар бораи омодагӣ ба музокира бо Украина хеле муҳимтар буд. Аз ҷумла, Маскав пешниҳод кард, ки муколамаи мустақим бо Киев тавассути миёнҷигарии Анкара, бидуни шартгузориҳои пешакӣ аз сар гирифта шавад.
"Онҳое, ки воқеан сулҳ мехоҳанд, аз он пуштибонӣ хоҳанд кард. Мо пешниҳод мекунем, ки бидуни таъхир, панҷшанбеи оянда, 15 май, дар Истамбул - он ҷое, ки қаблан музокирот баргузор шуда, баъдан халалдор шуда буданд, оғоз кунем", - иброз дошт Путин.
Вокуниши сарпарасторони украинӣ назар ба Киев ҳам зудтар садо дод. Ҳамин тариқ, раисиҷумҳури Фаронса пешниҳоди Русияро "қадами нахустин" номид ва рӯзи 12 май хостори оташбас шуд.
Садри аъзами Олмон ҳам тақрибан ҳамин тавр вокуниш нишон дод. Дар навбати худ, раҳбари Амрико воқеан сенарияи Федератсияи Русияро дастгирӣ карда, аз Зеленский даъват кард, ки “фавран” ба мулоқот дар Истамбул розӣ шавад.
Зеленский сараввал гуфт, ки то замоне, ки Русия ба оташбас розӣ нашавад, пешниҳоди Путинро қабул нахоҳад кард. Аммо бо садо додани вокуниши Трамп, ки Украина аз тасмимаш то ҳол бештар вобаста аст, изҳор дошт, ки рӯзи 15 май сари мизи гуфтушунид хоҳад нишаст, ҳатто агар Маскав талабҳои Киевро напазирад.
То ҳол касе намедонад, ки натоиҷи муқаддамотии ин нишаст чӣ гуна хоҳад буд ва оё музокирот боиси ҳалли низоъ мешавад ё на. Бо вуҷуди ин, метавон тарҳҳои созиши эҳтимолии ояндаро арзёбӣ кард. Барои ин кофист, ки таҷрибаи муноқишаҳои асосии ҳарбии асри ХХ ва вариантҳои ҳалли онҳо, ки аксарашон сарҳади имрӯзаи бисёр давлатҳоро муайян карданд, дида бароем.
Се сенарияи имконпазири ҳалли бӯҳрони Украина бар асоси таҷрибаи таърихӣ – дар матлаби Sputnik Тоҷикистон.
Тарҳи анҷоми ҷанги Кореяи солҳои 1950-1953, ки бо номи оташбаси Пханмунҷом маъруф аст, имрӯз нисбатан бештар ба бӯҳрони Украина пешбинӣ мегардад.
Дар ҳақиқат, ин тарҳ на маънои пурра анҷом додани муноқиша, балки "яхбандӣ намудани" дуру дарози онро дорад, ки бо нигаҳдории расмии хатти марз ва мавҷудияти ду давлати ба ҳамдигар тамоман душман, даҳсолаҳо вуҷуд дошта метавонад.
Ёдовар мешавем, ки баъди ба охир расидани ҷанги Корея дар соли 1953 миёни Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ва Ҷумҳурии Корея шартномаи сулҳи комил баста нашуд. Тарафҳо дар ҳолати сулҳномаи расмӣ мемонанд ва минтақаи аз ҳолати ҳарбӣ холишуда ба яке аз сарҳадҳои муҳофизатшавандатарини ҷаҳон табдил ёфтааст. Он вақт, дар пасманзари таҳдиди воқеии ҷанги ҳастаӣ, бисёр кишварҳо, аз ҷумла ИҶШС, Чин ва ИМА, тавонистанд созиши қобили қабулро пайдо кунанд, ки дар тӯли зиёда аз 70 сол сулҳи ларзон байни Пхенян ва Сеулро нигоҳ доштааст.
Бӯҳрони Украина метавонад бо ҳамин роҳ равад. Дар ин сурат хатти ҷабҳа дар амал ҳамчун хатти оташбас бе созиши ниҳоии сиёсию ҳуқуқӣ эътироф карда мешавад. Ин сенарияро аксари бозигарони байналмилалӣ, ки мехоҳанд муноқишаро ба эътидол оваранд, мувофиқ медонанд.
Дар баробари ин, тарафҳо умуман вазифадор нестанд, ки ба ҳамдигар дӯстӣ ва нияти нек нишон диҳанд, чунончӣ, Сеул ва Пхенян якдигарро ҳатто эътироф намекунанд. Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ то ҳол губернаторони панҷ музофотро, ки ба ҳайати КХДР дохил мешаванд, таъин ва нигоҳ медорад.
Пхенян ҷавобан, маъмурияти қаламравҳоеро, ки "муваққатан аз ҷониби гурӯҳи капиталистӣ" ишғол шудааст, эътироф намекунад. Ва ҳарчанд аз соли 1953 ҳарду ҷониб борҳо кӯшиши сӯиқасд ба ҷони сарони давлатҳо ва барангехтани ошӯбҳо дар қаламрави ҳамсояҳо карданд ва тирандозӣ намуда, борҳо эълом доштанд, ки дигар ин паймонро риоят намекунанд, дар тӯли 72 соли пас аз имзои Созишномаи Пханмунҷом, на Сеул ва на Пхенян ҷанги пурраро оғоз накарданд.
Ин сенария махсусан барои Киев, ки дар шароити ниҳоят нозук “обрӯи худро нигоҳ доштан” мехоҳад, хеле мувофиқ аст. Гап дар он аст, ки конститутсияи Украина гуфтушуниди мустақим бо Владимир Путинро манъ мекунад, аммо он бояд анҷом дода шавад. Ва ба хотири риояи расмият дар назди шаҳрвандони худ, Киев ҳамеша метавонад бигӯяд, ки бо Федератсияи Русия дар бораи қатъи амалиёти низомӣ розӣ шудааст, аммо назорати Русия бар қаламравҳои навро эътироф намекунад.
Бо вуҷуди ин, байни сенарияҳои Украина ва Корея фарқиятҳои муҳим низ мавҷуданд. Ҳамин тавр, дар Корея ҷанг дар байни ду ҷониби дохилии сиёсӣ cap шуд, ки ҳар кадоми онҳо барои тамоми қаламрав даъво мекарданд. Гузашта аз ин, дар охири ҷанг, ҳам Кореяи Шимолӣ ва ҳам Кореяи Ҷанубӣ дигар бозигарони мустақил набуданд, Пхенян ба қудрати Пекин ва Маскав ва Сеул ба дастгирии бечунучарои Иёлоти Муттаҳида ва блоки навтаъсисёфтаи НАТО такя мекарданд.
Агар ҳоло ҳам то андозае метавон Кореяи Ҷанубӣ ва Украинаро, ки дар таъмини силоҳ ба кишварҳои НАТО ва аз ҷумла аз Иёлоти Муттаҳида комилан вобаста аст, муқоиса кардан мумкин бошад, пас Кореяи Шимолӣ ва Русияро, ки дар масъалаи сохтани аслиҳа комилан мустақил ва аз ҷиҳати иқтисодӣ амиқ ба низоми ҷаҳонӣ муттаҳид шудааст, муқоиса кардан ғайриимкон аст, новобаста аз он ки мухолифони зиддирусӣ дар Ғарб чунин ҳарф мезананд.
"Сенарияи Корея" метавонад як шакли анҷом додани ҷанг дар тӯли чандин солҳо (ва шояд абадӣ, чунон ки Москва пешниҳод мекунад) гардад, вале он ба маънои том ба сулҳи пойдор оварда намерасонад, то вақте ки ҳар ду тараф "табари ҷанг"-ро зери хок нагузоранд.
Бе ҳалли сиёсӣ ва кафолатҳои ҳуқуқӣ, яхбандӣ танҳо муноқишаро нигоҳ медорад ва хатари дубора авҷ гирифтани онро нигоҳ медорад. Аммо дар ин ҳолат, ҳеҷ чиз ба Маскаву Киев (хусусан дар сурати тағйири қудрат) ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои бозии тӯлонӣ монеъ намешавад, чуноне ки дар нимҷазираи Корея беш аз 70 сол боз рух медиҳад.
Сенарияи шӯравӣ/русӣ-ҷопонӣ
Сарфи назар аз ба охир расидани амалиёти ҷанг дар натиҷаи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва амалиёти манчуриявии қӯшунҳои шӯравӣ дар моҳи сентябри соли 1945, муносибатҳои байни ИҶШС ва ҳам Русия бо Ҷопон ҳанӯз бо шартномаи сулҳи комил ба расмият дароварда нашудаанд.
Чунин мантиқро дар мавриди Украина метавон амалӣ кард, яъне амалҳои низомӣ воқеан хотима меёбанд, аммо ҷанг ба маънои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ давом хоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, ки пас аз имзои Санади таслими бечунучарои Ҷопон дар соли 1945 миёни Маскав ва Токио, пеш аз ҳама, ба далели баҳси ҳудудии дар мавриди ҷазираҳои Курил шартномаи сулҳ ба имзо нарасид. Ин вазъияти "сулҳи ғайрирасмӣ"-ро ба вуҷуд овард: даст кашидан аз амалиёти ҳарбӣ, аммо инчунин набудани созиши пурраи дипломатӣ.
Чунин сенария метавонад байни Русия ва Украина сурат гирад. Ҳатто дар сурати бас шудани амалиёти ҷангӣ (масалан, дар хатти ҷабҳа), масъалаҳои асосии қаламравӣ, вазъияти сарҳад ва масъулияти сиёсии тарафҳо солҳои дароз ҳалношуда мемонанд. Ҷопон даҳсолаҳо ба баргардонидани ҷазираҳои Курили Ҷанубӣ исрор мекард, дар ҳоле ки ИҶШС (ва баъдтар Русия) аз бознигарии натиҷаҳои ҷанг ба таври қатъӣ худдорӣ мекарданд.
Ба ҳамин монанд, Украина метавонад ба баргардонидани тамоми қаламравҳои аздастрафта, аз ҷумла Қрим, пофишорӣ кунад. Дар навбати худ, Русия бознигарии натиҷаҳои муноқишаро қатъиян рад мекунад, зеро ин хилофи Конститутсияи Федератсияи Русия аст, ки нақзи тамомияти арзии кишвар, аз ҷумла додани қисми қаламрави он, ифротгароӣ эътироф шудааст.
Пас аз ҷанг Ҷопон ба иттифоқ бо ИМА ва Ғарб такя карда, шарики асосӣ дар низоми нигоҳ доштани ИҶШС дар Осиё гардид. Украина кӯшиш мекунад, ки ҳамин роҳро такрор кунад, аммо дар робита ба Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва ИМА. Баръакс, Русия метавонад роҳи таҳкими блокро бо кишварҳои ИДМ ва " Ҷаҳони Ҷанубӣ " пеш гирад.
Сенарияи Финляндия-ИҶШС солҳои 1940
Аммо шояд мисоли муносибтарин ва эҳтимолии таърихӣ муносибатҳои байни Финляндия ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар охири солҳои 30 ва 40-уми асри гузашта бошад.
Финляндия, ки даҳсолаҳо дар ҳайати империяи Русия буд ва баъд аз Инқилоби Октябри соли 1917 истиқлолият ба даст овард, бо Русияи Шӯравӣ ва баъдан ИҶШС равобити дипломатӣ дошт.
Бо вуҷуди ин, бо афзоиши шиддати байналмиллалӣ дар Аврупо дар солҳои 30-юм ва бастани Паймони Молотов-Риббентроп (1939), тарси Шӯравӣ аз ҳамлаи фашистон афзоиш ёфт ва Маскав кӯшиш кард, ки сарҳадҳои ғарбии худро мустаҳкам кунад. Ҷониби шӯравӣ ба гуфтушунид дар бораи аз нав дида баромадани сарҳад бо Финляндия шуруъ кард, чунки аз ҳуҷуми эҳтимолии немисҳо ба воситаи Карелия, ки ҳамагӣ 30 километр дуртар аз Ленинград воқеъ буд, дар ташвиш буд.
Душмани эҳтимолӣ дар зарфи як-ду соати ҳаракати танкӣ "гаҳвораи инқилоб"-ро ишғол карда метавонист. Тирамоҳи соли 1939 аввал гуфтушуниди бебарор ва баъд амалиёти низомии Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди Финляндия оғоз ёфт. Ин низоъ, ки бо номи "Ҷанги зимистона" маъруф аст, бо имзои Паймони сулҳи Маскав 12 марти соли 1940 ба поён расид. Баъди мағлубият дар ҷанг Хелсинки ҳамкориро бо Олмони фашистӣ фаъолона инкишоф дод.
Сафари ҳайатҳои вакилони ҳарбии Финляндия ба Берлин ва имзои созишномаҳои махфӣ, иштироки онро дар ҷанги дар пешистодаи зидди ИҶШС пешакӣ муайян карданд. Олмон, ки ба ҳуҷуми зидди Иттиҳоди Шӯравӣ (амалиёти "Барбаросса") омодагӣ медид, Финляндияро дар ҳисобҳои стратегии худ ба инобат мегирифт.
Дар ҳақиқат, 25 июни соли 1941 ҳукуматдорони Хелсинки ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг эълон карданд, ки ин имкон дод, ки бо ёрии Вермахт қаламравҳои соли 1940 аз даст додашуда ва ҳатто як қисми Карелияи Шарқиро ишғол кунад. Аммо аллакай тирамоҳи соли 1943, дар пасманзари шикастҳои шадиди Рейхи сеюм, ҳукумати Финландия музокироти пасипардагӣ бо иттифоқчиёнро оғоз кард.
Натиҷа ҳамин шуд, ки 19 сентябри соли 1944 Шартномаи сулҳи Маскав ба имзо расид ва ихтилофот бо бастани шартнома дар Порис 10 феврали соли 1947 пурра бартараф карда шуд. Дар хусуси созишномаҳо бошад, дар асоси шартҳои сулҳномаи соли 1940 Финляндия камтар аз 11 фоизи қаламравашро ба ихтиёри ИҶШС дод, аз он ҷумла қисми Карелия, шаҳри Виборг, шимоли кӯли Ладога, як қисми қаламрави вилояти Салла, нимҷазираҳои Рибачйе ва Средний.
Иттиҳоди Шӯравӣ қаламравҳои навро ба даст овард ва Финляндия ба сарҳади нав розӣ шуда, мақоми худро дар арсаи байналхалқӣ муқаррар кард. Баъди кӯшишҳои интиқомгирӣ ва шикасти ҳақиқии Олмони фашистӣ, ки боиси бастани созишномаи нави байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Финляндия гардид, Маскав ҳамаи қаламравҳои пештараро баргардонд ва шартҳои шартномаи пештара тасдиқ карда шуданд.
Ин иловаҳо ба ИҶШС ҳамроҳ карда шудани Печенга (Петсамо), инчунин комилан кандани ҳамаи муносибатҳо бо Олмон, яроқпартоӣ ва берун кардани ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Олмонро дарбар мегирифтанд.
Аз Финландия инчунин талаб карда шуд, ки ташкилотҳои тарафдори фашизмро барҳам диҳад ва ҷинояткорони ҳарбиро (аз ҷумла вазирони собиқ ва роҳбарони ҳарбиро) пароканда ва маҳкум намояд.
Агар мо ин ҳуҷҷатҳоро ба таври умумӣ арзёбӣ кунем, мо параллелҳои эҳтимолиро бо ҳалли муноқишаи Украина мебинем. Вале барои ин ба мо лозим меояд, ки ба шароити ҳозираи Маскав ва Киев баҳогузорӣ кунем.
Федератсияи Русия мехоҳад ба эътирофи байналмилалии қаламрави нави Русия ҳамчун шарти бастани сулҳи дарозмуддат ноил шавад. Ва ахиран расонаҳои ҷаҳонӣ менависанд, ки маъмурияти Трамп метавонад ба қабули ин шарт омода бошад ва ҳатто ба Киев пешниҳод кардааст, ки ба ин розӣ шавад - ҳадди аққал дар робита ба Қрим.
Маскав минбаъд мақоми бетараф ва ҳамроҳ нашудани Украина ба НАТО-ро тақозо мекунад. Дар ин ҷо мавқеъҳои Маскав ва Вашингтон бештар ба ҳам мувофиқанд - ҳам маъмурияти Трамп ва ҳам дастаи Байден борҳо гуфтаанд, ки дар бораи пайвастани Киев ба Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ ҳеҷ сухане нест.
Финляндия баъд аз ҷанг, чи тавре ки ҳозир ба Украина таклиф карда мешавад, ӯҳдадор шуд, ки бе ризоияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба иттифоқҳои ҳарбӣ дохил нашавад ва дар қаламрави худ ба ҷойгир кардани қӯшунҳои хориҷӣ роҳ намедиҳад.
Воқеан, ин шарт то соли 2022, вақте ки қарори шомил шудан ба НАТО дар Ҳелсинки қабул гардид, риоя мешуд. Аммо дар маҷмӯъ, шартҳои созишномаи Порис ва талаботи имрӯзаи Русия (қисман аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида пуштибонӣ карда мешавад) ба ин шартномаҳо мувофиқат мекунанд, ки имрӯз ҳамчун асоси шартномаи сулҳ ба миён гузошта мешаванд.
Ин мисолҳои таърихӣ барои бо роҳи осоишта бартараф кардани муноқиша ва таносуби ояндаи қувваҳо дар Аврупо аз баъзе ҷиҳатҳо намуна шуда метавонад.