https://sputnik.tj/20250510/peskov-putin-halli-nizo-hama-korro-mekunad-ammo-kiev-omoda-nest-1067313861.html
Песков: Путин барои ҳалли низоъ ҳама корро мекунад, аммо Киев ба ин омода нест
Песков: Путин барои ҳалли низоъ ҳама корро мекунад, аммо Киев ба ин омода нест
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи президенти Русия бар ин назар аст, ки барои қатъи низоъ дар Украина Ғарб бояд интиқоли силоҳро қатъ ба пуррагӣ кунад 10.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-10T15:50+0500
2025-05-10T15:50+0500
2025-05-10T15:50+0500
русия
дмитрий песков
украина
сиёсат
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048511879_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_12b3d185ce9430405f1b763f00eda8ed.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Владимир Путин барои ҳалли низоъ дар Украина ҳама кори аз дасташ меомадаро мекунад, аммо Киев ба музокироти фаврӣ омода нест.Дар ин бора котиби раҳбари Русия Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии амрикоии ABC News изҳор дошт.Песков боз чӣ гуфт:Раисиҷумҳур Владимир Путин дар ҷашни 80-умин солгарди Ғалаба оташбас эълон кард, ки аз нисфи шаби 7 ба май то нисфи шаби 10 ба 11 май амал мекунад. Дар ин давра тамоми амалиёти ҳарбӣ қатъ мегардад. Дар навбати худ Владимир Зеленский пешниҳоди сулҳи Маскавро рад кард. Ба гуфтаи вазорати дифоъ, бо вуҷуди оташбаси эъломшуда, нерӯҳои мусаллаҳи Украина оташбасро қатъ накардаанд. Ҳамин тариқ, рӯзи ҷумъа ҷангҷӯёни украинӣ барои убури марз дар вилоятҳои Курск ва Белгород чаҳор талош карданд. Раҳбари Русия аллакай маротибат дуюм аст, ки оташбас эълон мекунад. Қаблан дар иди Пасха оташбаси 30 соата эълон кард. Он аз соати 18:00 -и 19 апрел то 00:00 - и 21 апрел идома кард.Тавре Вазорати дифоъ таъкид кардааст, гурӯҳҳои низомии минтақаи амалиёти вижа оташбасро қатъиян риоя намуда, дар хатту мавқеъҳои қаблан ишғолшуда боқӣ монданд.
https://sputnik.tj/20250430/peskov-putin-amaliyoti-vizhai-nizom-ukrainaro-oghoz-1067180476.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048511879_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_94928c64a99162d33bda45868c4c79e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, дмитрий песков, украина, сиёсат , владимир путин
русия, дмитрий песков, украина, сиёсат , владимир путин
Песков: Путин барои ҳалли низоъ ҳама корро мекунад, аммо Киев ба ин омода нест
Сухангӯи президенти Русия бар ин назар аст, ки барои қатъи низоъ дар Украина Ғарб бояд интиқоли силоҳро қатъ ба пуррагӣ кунад
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Владимир Путин барои ҳалли низоъ дар Украина ҳама кори аз дасташ меомадаро мекунад, аммо Киев ба музокироти фаврӣ омода нест.
Дар ин бора котиби раҳбари Русия Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии амрикоии ABC News изҳор дошт.
"Путин барои ҳалли мушкилот, ба даст овардани ҳалли сулҳомез ва дипломатӣ ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад, аммо бидуни доштани воситаҳои сулҳомез ва дипломатӣ мо маҷбурем амалиети низомиро идома диҳем", - гуфт Песков.
Барои қатъи низоъ дар Украина Ғарб бояд интиқоли силоҳро қатъ кунад, вагарна ин ба Киев бартарӣ медиҳад ва имкон медиҳад, ки сафарбаркунӣ идома ёбад;
Русия умедвор аст, ки миёнҷигарии ИМА ва президент Доналд Трамп ба режими Киев каме чандирӣ, иродаи сиёсӣ ва ҳикмат меорад.
Раисиҷумҳур Владимир Путин дар ҷашни 80-умин солгарди Ғалаба оташбас эълон кард, ки аз нисфи шаби 7 ба май то нисфи шаби 10 ба 11 май амал мекунад.
Дар ин давра тамоми амалиёти ҳарбӣ қатъ мегардад.
Дар навбати худ Владимир Зеленский пешниҳоди сулҳи Маскавро рад кард.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, бо вуҷуди оташбаси эъломшуда, нерӯҳои мусаллаҳи Украина оташбасро қатъ накардаанд. Ҳамин тариқ, рӯзи ҷумъа ҷангҷӯёни украинӣ барои убури марз дар вилоятҳои Курск ва Белгород чаҳор талош карданд.
Раҳбари Русия аллакай маротибат дуюм аст, ки оташбас эълон мекунад. Қаблан дар иди Пасха оташбаси 30 соата эълон кард. Он аз соати 18:00 -и 19 апрел то 00:00 - и 21 апрел идома кард.
Тавре Вазорати дифоъ таъкид кардааст, гурӯҳҳои низомии минтақаи амалиёти вижа оташбасро қатъиян риоя намуда, дар хатту мавқеъҳои қаблан ишғолшуда боқӣ монданд.