https://sputnik.tj/20250430/peskov-putin-amaliyoti-vizhai-nizom-ukrainaro-oghoz-1067180476.html
Песков шарҳ дод, ки чаро Путин маҷбур шуд амалиёти вижаи низомь дар Украинаро оғоз кард
Песков шарҳ дод, ки чаро Путин маҷбур шуд амалиёти вижаи низомь дар Украинаро оғоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки ҳама ташаббусҳои Путин дар бораи Украина рад карда шуданд, ва баҳимин ӯ маҷбур шуд амалиёти вижаро оғоз намояд
2025-04-30T19:59+0500
2025-04-30T19:59+0500
2025-04-30T19:59+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
амалиёти вижа
владимир путин
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1d/1065322016_235:103:3072:1699_1920x0_80_0_0_556526346fc681fe45f476320a34ac12.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ҳама ташаббусҳои президенти Русия Владимир Путин дар робита ба Украина рад карда шуданд, ки боиси оғози амалиёти вижаи низомӣ шуд."Президент дар ибтидо кӯшиш кард, ки ба ин ҳадафҳо бо роҳи осоишта ноил шавад. Мо лоиҳаи аснодеро медонем, ки ӯ қабл аз оғози амалиёти вижаи низомӣ ба аврупоиҳо ва амрикоиҳо барои баррасӣ пешниҳод карда буд. Мо ҳама дар ёд дорем, ки чӣ гуна ҳама ташаббусҳои президент рад шуданд ва пас аз ин, воқеан, ба ҷуз аз роҳи низомӣ, тавассути як амалиёти вижаи низомӣ ҳалли ин мушкилот роҳи дигаре набуд", - гуфт ӯ.Вай қайд кард, ки Путин ҳамчунон ба усулҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли низоъ дар Украина боз аст."Президент дар ҳоли ҳозир ба шеваҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли ин низоъ боз аст. Вазъият ҳамон аст. Мо аз Киев вокуниш намешунавем. Раванд идома дорад", - гуфт Песков ба хабарнигорон.Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20250429/medvedev-neruhoi-khoriji-ukrainaro-dushmanoni-rusiya-nomid-1067168897.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1d/1065322016_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_3a712dfee8ae5e44928803c607fd310a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, песков, украина, раисҷумҳур, путин
русия, амалиёти вижа, песков, украина, раисҷумҳур, путин
Песков шарҳ дод, ки чаро Путин маҷбур шуд амалиёти вижаи низомь дар Украинаро оғоз кард
Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки ҳама ташаббусҳои Путин дар бораи Украина рад карда шуданд, ва баҳимин ӯ маҷбур шуд амалиёти вижаро оғоз намояд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ҳама ташаббусҳои президенти Русия Владимир Путин дар робита ба Украина рад карда шуданд, ки боиси оғози амалиёти вижаи низомӣ шуд.
"Президент дар ибтидо кӯшиш кард, ки ба ин ҳадафҳо бо роҳи осоишта ноил шавад. Мо лоиҳаи аснодеро медонем, ки ӯ қабл аз оғози амалиёти вижаи низомӣ ба аврупоиҳо ва амрикоиҳо барои баррасӣ пешниҳод карда буд. Мо ҳама дар ёд дорем, ки чӣ гуна ҳама ташаббусҳои президент рад шуданд ва пас аз ин, воқеан, ба ҷуз аз роҳи низомӣ, тавассути як амалиёти вижаи низомӣ ҳалли ин мушкилот роҳи дигаре набуд", - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки Путин ҳамчунон ба усулҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли низоъ дар Украина боз аст.
"Президент дар ҳоли ҳозир ба шеваҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли ин низоъ боз аст. Вазъият ҳамон аст. Мо аз Киев вокуниш намешунавем. Раванд идома дорад", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.