Боевая работа РСЗО Град 25 армии на Краснолиманском направлении в ЛНР  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин роҳи хатми низоъ дар Украинаро гуфт

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкРабочая поездка президента Владимира Путина в Мурманск
Рабочая поездка президента Владимира Путина в Мурманск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Обуна шудан
Путин пешниҳод кард, ки имкони ҷорӣ кардани ҳукумати муваққат дар Украина таҳти сарпарастии СММ дар якҷоягӣ бо Иёлоти Муттаҳида, кишварҳои аврупоӣ ва шарикони Русия баррасӣ шавад
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Барои ҳалли мусолиматомез дар Украина бояд сабабҳои аслии низоъ рафъ шавад.
Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни як сафари корӣ ба Мурманск бо маллоҳони киштии зериобии Архангелск изҳор дошт.
"Мо ҷонибдори он ҳастем, ки ҳамаи ин масъалаҳо бо роҳи сулҳомез, вале бо аз байн бурдани сабабҳои аслӣ, ки боиси вазъи имрӯза шуданд, ҳал шавад. , - афзуд президенти русия.
Ба гуфтаи ӯ, таъмини амнияти Русия дар дурнамои тӯлонии таърихӣ зарур аст.
Дар ҳамин ҳол, Путин пешниҳод кард, ки имкони ҷорӣ кардани ҳукумати муваққат дар Украина таҳти сарпарастии СММ дар якҷоягӣ бо ИМА, кишварҳои аврупоӣ ва шарикони Русия баррасӣ шавад.
Таҷрибаи таъсиси идораи муваққатии беруна дар кори СММ вуҷуд дорад, онро дар Украина метавон татбиқ кард, аммо ин яке аз вариантҳост, изҳор дошт президенти Русия.
Президент Владимир Путин ответил на вопросы журналиста П. Зарубина  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2025
Путин гуфт, дар Украина кӣ бояд дар сари қудрат бошад
"Таҷриба бо роҳи маълум пеш меравад - дар доираи фаъолияти сулҳофарии Созмони Милали Муттаҳид чанд маротиба аллакай он чизе буд, ки онро идоракунии беруна, маъмурияти муваққатӣ меноманд", - гуфт Путин.
Путин ёдовар шуд, ки Русия муаллиф ё ташаббускори амалиёти низомӣ дар Украина нест, зеро онҳо пас аз табаддулоти давлатӣ дар соли 2014 оғоз шуданд. Русия аз ҳалли ҳама гуна низоъҳо, аз ҷумла Украина, бо роҳи осоишта истиқбол мекунад, аммо “на аз ҳисоби мо”, гуфт Путин.
Лентаи хабарҳо
0