https://sputnik.tj/20250507/guzinai-behtare-nest-jangi-hinduston-pokiston-tojikiston-tasir-1067256981.html
Гузинаи беҳтаре нест: Ҷанги Ҳиндустону Покистон ба Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад
Гузинаи беҳтаре нест: Ҷанги Ҳиндустону Покистон ба Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад
Sputnik Тоҷикистон
Муноқиша байни Исломобод ва Деҳӣ шадидтар шуда, ҷонибҳо ҳамдигарро бо амалиёти низомӣ таҳдид мекунанд. Низоъ метавонад ба Душанбе низ мушкилот эҷод кунад
2025-05-07T10:49+0500
2025-05-07T10:49+0500
2025-05-07T11:20+0500
дар тоҷикистон
покистон
ҳиндустон
сиёсат
низоъ
равобит
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/05/1067238715_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_94117871a91cf32b4cb8391236c8e15e.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Рӯзҳои охир шиддати вазъ дар равобити Ҳиндустону ва Покистон баъди соли 2019 боз ба авҷи аъло расидааст.Сабабаш ҳамлаи террористии рӯзи 22 апрел дар Пахалгам (Кашмири Ҳинд) шуд, ки бар асари он 26 нафар, аксаран сайёҳон кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи "Ҷабҳаи Муқовимат" ба ӯҳда гирифт, ки ба "Лашкари Тайба"* вобаста аст ва он бошад, дар навбати худ ба хадамоти иктишофии Покистон иртибот дорад.Вазъ дар равобити Деҳлии Нав ва Исломобод ба дараҷаи қатъи равобити дипломатӣ, шикасти равобити тиҷоратӣ ва даргириҳои марзӣ ва талафоти баъдӣ аз ҳарду ҷониб расидааст.Sputnik Тоҷикистон дар бораи таърихи муносибатҳои Ҳиндустону Покистон ва оид ба он, ки шиддати вазъ чӣ гуна ба Тоҷикистон таъсир расонда метавонад, матолиби таҳлилиро пешниҳод месозад.Таърихи муноқишаи Ҳиндустон ва ПокистонТақсим шудани собиқ мустамликаи Англия, ки дар қаламрави он ду давлат - Ҳиндустон ва Покистон ба вуҷуд омада буданд, ҳанӯз тобистони соли 1947 ба вуқӯъ пайваст.Ва қариб дарҳол дар муносибатҳои ду кишвари тозабунёд бар асари баҳсҳои марзӣ, ихтилофоти мазҳабӣ ва зиддиятҳои сиёсӣ ташаннуҷ ба вуҷуд омад. Масъалаи мубрамтарин мақоми минтақаи Ҷамму ва Кашмир буд, ки боиси чандин ҷангҳо ва низоъҳои сершумор шудааст.Баҳонаи сар задани задухӯрдҳо зиддиятҳои динии байни мусулмонон ва ҳиндуҳое, ки дар ин қаламрав зиндагӣ мекарданд, инчунин номуайянӣ дар бораи ба Покистон ё Ҳиндустон ҳамроҳ шудани Кашмир пас аз ба охир расидани ҳукмронии мустамликадории Бритониё буд.Хамин тавр, аллакай моҳи октябри соли 1947 қӯшунҳои қабилаҳои покистонӣ ба Кашмир ҳуҷум карданд. Ҳокими ин минтақа Ҳари Сингҳ барои кӯмак ба Ҳиндустон муроҷиат кард ва санади ҳамроҳшавӣ ба онро имзо кард.Ҷанг дар соли 1949 бо таъсиси хатти оташбасе, ки минтақаи Кашмирро тақсим мекард, ба поён расид: 60% қаламрави он таҳти назорати Ҳиндустон ва 40% ба Покистон гузашт. Соли 1957 иёлати Кашмир расман ба Иттифоқи Ҳиндустон дохил шуд ва ба он мақоми махсус дода шуд.Соли 1965 боз як муноқиша ба амал омад, ки ба ҷанги васеъмиқёс мубаддал ёфт. Он вақт Покистон амалиёти "Гибралтар"-ро оғоз карда, кӯшиш кард, ки дар қисмати Ҳиндустони Кашмир шӯриш барангезад ва дар ниҳоят баромадани онро аз ҳайати Ҳиндустон ташкил кунад.Ин низоъ баъдан бо созишномаи Тошканд, бо миёнчигии ИҶШС ба охир расид. Покистон ба ҳадафаш нарасид ва Ҳиндустон аз болои "қисми" қаламрави баҳснок назоратро дар дасташ нигоҳ дошт.Соли 1971 дар Покистони Шарқӣ (ҳоло Бангладеш) нооромӣ оғоз шуд ва мақомот кӯшиш карданд, ки шӯришро дар ҷараёни амалиёти "Прожектор" шадидан пахш кунанд, ки боиси муноқишаи сеюми байни кишварҳо гардид. Он бо мағлубияти ҳарбӣ ва дипломатии Покистон, таслим шудани артиши кишвар дар минтақа ва ташкил ёфтани давлати нави мустақил — Бангладеш, ки Ҳиндустон ҷониби онро гирифт, ба охир расид. Соли 1972 Созишномаи Симило ба имзо расид, ки мувофиқи он хати назорат дар Кашмир таъсис дода шуд.Ин се задухӯрди бузургтарин дар байни Исломобод ва Деҳлии Нав буданд. Ҳамин тариқ, солҳои 1984–87 низоъ дар пиряхи Сиачен, солҳои 1989–90 шӯриши Ҷамму ва Кашмир бар зидди ҳукмронии Ҳинд ва аз ҷониби Покистон дастгирӣ ёфта, дар соли 1999 низоъи Каргил, дар солҳои 2001–02 низоъ дар паи ҳамла ба парлумони Ҳинд, соли 2016 муноқиша дар пайи ҳамлаҳои Ҳинд ба пойгоҳҳои террористон ва соли 2019 вокуниш ба ҳамла ба мошинҳои пулис дар Пулвама рух доданд.Дар ин муддат ба ҳар ду кишвар муяссар шуд, ки зарродхонаҳои хеле таъсирбахши яроқи ҳастаӣ ба даст оваранд ва аз ин рӯ, ҳар як тирпарронӣ дар сарҳади Ҳиндустону Покистон диққати аксарияти аҳли ҷомеаи ҷаҳонро ба худ ҷалб мекунад. Хусусан ҳоло, вақте ки аз ҳарду ҷониб таҳдид мешавад, ки “тугмаи сурх”-ро пахш мекунанд, агар ҳамсоя “хатҳои сурх”-ро убур кунад.Чунон ки аз таърихи муносибатхои ду кишвар дида мешавад, асоси баҳс қаламрави Ҷамму ва Кашмир мебошад.Аммо ин муноқиша барои Тоҷикистон чӣ паёмадҳо дошта метавонад?Равобити Душанбе бо Исломобод ва Деҳлии НавТоҷикистон бо ҳарду тарафи муноқиша равобити нисбатан наздик дорад, аз он ҷумла бо он, ки ҳам Ҳиндустон ва ҳам Покистон шарикони ҷумҳурӣ дар СҲШ ва як қатор созмонҳои дигари байналмилалӣ мебошанд.Моҳи июли соли гузашта Тоҷикистону Покистон Созишномаи шарикии стратегиро имзо карданд ва муносибатҳоро ба сатҳи нави баландтар бардоштанд. Ҳаҷми умумии ҳуҷҷатҳои басташуда беш аз 80 адад буда, соҳаҳои иқтисод, амният, нақлиёт, энергетика ва фарҳангро дар бар мегирад.Ва дар ҳоле ки муомилоти тиҷории дуҷонибаи Исломобод ва Душанбе он қадар зиёд нест (дар соли 2023 он беш аз 50 миллион доллар, ё 0,6%-и гардиши молии Тоҷикистонро ташкил додааст), аз нигоҳи бахши энержӣ ҳамкориҳои ду кишвар ба маротиб бештар аст.Покистон эҳтимолан яке аз харидорони аслии нерӯи барқи Тоҷикистон ва шарики калидӣ дар лоиҳаи CASA-1000 - як тарҳи ҷаҳонии бунёди хатти фаромарзии барқ барои содироти захираҳо аз Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон ва Қирғизистон) ба Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон ва Покистон) маҳсуб мешавад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, онро "лоиҳаи сохтмонии аср" барои Душанбе ва Бишкек номида буд.Илова бар ин, Исломобод ва Душанбе рушди иртибототи нақлиётӣ, аз ҷумла бунёди роҳи оҳану мошингарди Тоҷикистонро бо бандарҳои дарёии Карочӣ ва Гвадари Покистон, ки барои иҷрои яке аз аҳдофи умдаи стратегии ҳукумати Тоҷикистон - раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ муҳим аст, баррасӣ мекунанд.Ҳамчунин имкони ифтитоҳи парвози ҳавопаймоҳои боркаш миёни кишварҳо ва таъсиси марказҳои муштараки логистикӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Покистон баррасӣ мешавад.Гузашта аз ин, Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бораи ҳамкориҳои стратегӣ тавофуқнома имзо накардаанд, аммо ҳанӯз соли 2012 дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Деҳлии Нав дар бораи моҳияти чунин равобити ду кишвар изҳорот дода шуда буд.Гардиши коло миёни Тоҷикистону Ҳиндустон дар охири соли 2023 90 миллион доллар ё 1,1 дарсади ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ташкил додааст. Албатта, ин рақамҳо калон нестанд, вале имконоти зиёд карданаш мумкин аст.Соҳаҳои ояндадори тиҷорат ва корхонаҳои муштарак аз рӯи анъана соҳаи дорусозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданро дар бар мегиранд.Барои Душанбе ва Деҳлии Нав муҳимтар аз ҳама ҳамкориҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, бахусус дар соҳаи амният аст. Чунончӣ, шояд наздиктарин тарафдори мавқеъи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон ва Толибон**, ки ба қудрат расиданд, маҳз мавқеи Ҳиндустон аст. Ин кишвар ба ҳама гуна ҳукумате, ки бо исломгароёни тундрав иртибот дорад, сахт шубҳа дорад.Илова бар ин, аввалҳои моҳи апрели соли ҷорӣ сафири Ҳинд дар Тоҷикистон бо гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории порлумонии ду кишвар, ки шаш намояндаи аршади порлумони Тоҷикистонро дар бар мегирад, мулоқот кардааст. Таъкид карда мешавад, ки идомаи ҳамкориҳои сатҳи олӣ барои амиқтар кардани равобити дуҷонибаи давлатҳо ва омӯзиши муштараки шахсони расмӣ муҳим аст.Дар гузашта Ҳинд ва Тоҷикистон ҳам равобити наздики низомӣ доштанд. Ҳамин тариқ, соли 2002 дар ноҳияи Фархор дар наздикии марз бо Афғонистон Деҳлии Нав аввалин пойгоҳи низомии худро дар хориҷи кишвар боз кард (ҳоло дутои онҳо вуҷуд доранд).Худи ҳамон вақт, солҳои 2000-ум Ҳиндустон ба Тоҷикистон дар навсозии фурудгоҳи низомии Айнӣ кумак карда, барои бозсозии бемористони низомии Қӯрғонтеппа ҳудуди 70 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Он барои муолиҷаи кормандони низомӣ ва ғайринизомии ҳарду ҷониб пешбинӣ шуда буд.Даҳҳо нафар аз донишҷӯёни академияи ҳарбӣ ва афсарони вазорати дифои Тоҷикистон дар муассисаҳои низомии Вазорати дифои Ҳиндустон таълим мегиранд. Деҳлии Нав солҳои 2012-2013 ба ҷумҳурӣ дар шакли чархбол ва дигар таҷҳизоти низомӣ низ кумак кардааст.Ҳамин тариқ, равобити нисбатан наздики Тоҷикистон ва ҳар як тарафи муноқишаи кунунӣ ба назар мерасад. Вобаста ба ин саволҳо ба миён меоянд, ки мавқеъи эҳтимолии ҷумҳурӣ чӣ гуна хоҳад буд, аниқтараш, дар сурати бархӯрди ҷиддии ду давлат, ки бо ҳардуи онҳо ё робитаҳои ояндадори тиҷоратӣ ва ё дипломатӣ вуҷуд дорад, оё Душанбе метавонад шарикӣ ё ҳадди ақал бетарафии дӯстонаро нигоҳ дорад.Мавқеъ ва паёмадҳои эҳтимолӣАгар дар бораи мавқеъи Тоҷикистон дар мавриди муноқишаи мустақим ҳарф занем, пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки Душанбе ба чунин сенария нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиатдор нест.Тоҷикистон дар робита ба вазъе, ки миёни Ҳинд ва Покистон ба вуҷуд омадааст, изҳороти расмӣ надодааст.Дар бораи оқибатҳои ҷанги эҳтимолии Ҳиндустону Покистон бошад, онҳо барои Тоҷикистон хеле вазнин шуда метавонанд. Чунончӣ, дар сурати ноором шудани вазъ дар ин кишварҳо, аз даст рафтани бозорҳои эҳтимолии фурӯш (бахусус нерӯи барқи онҳо) ва масирҳои логистикӣ ба уқёнусҳои ҷаҳониро истисно кардан мумкин нест.Аммо муҳимтаринаш масъалаи амниятӣ хоҳад буд. Дар сурати авҷ гирифтани низоъ, эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар минтақаи наздик ба Тоҷикистон якбора афзоиш хоҳад ёфт, ҷумҳуриро аз Покистон бошад, танҳо долони Вахон ҷудо мекунад.Азбаски ташдиди байни Исломобод ва Деҳлӣ ногузир заминаи мазҳабӣ ва этникӣ пайдо мекунад, нооромӣ аз Осиёи Ҷанубӣ метавонад ба Осиёи Марказӣ паҳн шавад ва Тоҷикистон эҳтимол ба як дарвозаи ҳама гуна ифротиён табдил ёбад.Дар сурати чунин ривоҷ ёфтани ҳодисаҳо, фаъолияти террористӣ дар минтақа низ афзоиш меёбад ва эҳтимоли зиёди ба он шомил шудани ифротгароён дар саросари Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад.* Ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.** Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20250503/hinduston-voridot-tranzit-mol-pokiston-man-kard-1067212181.html
https://sputnik.tj/20250125/iiao-hinduston-muzokirot-mintaqa-ozod-iqtisod-1066001865.html
https://sputnik.tj/20250423/rahmon-modi-hamdardi-bayon-kard-1067095201.html
https://sputnik.tj/20241030/tojikiston-hinduston-tasisi-parkhoi-tekhnologi-sanoati-1064923454.html
https://sputnik.tj/20230505/dushanbe-islomobod-hamkori-1056894824.html
покистон
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/05/1067238715_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_766ffac5787bc24b51d285870bc0218d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳиндустон, покистон, низоъх, деҳлӣ, муноқиша, равобит, ҳамкорӣ, сиёсат
тоҷикистон, ҳиндустон, покистон, низоъх, деҳлӣ, муноқиша, равобит, ҳамкорӣ, сиёсат
Гузинаи беҳтаре нест: Ҷанги Ҳиндустону Покистон ба Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад
10:49 07.05.2025 (Навсозишуда: 11:20 07.05.2025) Муноқиша байни Исломобод ва Деҳӣ шадидтар шуда, ҷонибҳо ҳамдигарро бо амалиёти низомӣ таҳдид мекунанд. Низоъ метавонад ба Душанбе низ мушкилот эҷод кунад
ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Рӯзҳои охир шиддати вазъ дар равобити Ҳиндустону ва Покистон баъди соли 2019 боз ба авҷи аъло расидааст.
Сабабаш ҳамлаи террористии рӯзи 22 апрел дар Пахалгам (Кашмири Ҳинд) шуд, ки бар асари он 26 нафар, аксаран сайёҳон кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи "Ҷабҳаи Муқовимат" ба ӯҳда гирифт, ки ба "Лашкари Тайба"* вобаста аст ва он бошад, дар навбати худ ба хадамоти иктишофии Покистон иртибот дорад.
Вазъ дар равобити Деҳлии Нав ва Исломобод ба дараҷаи қатъи равобити дипломатӣ, шикасти равобити тиҷоратӣ ва даргириҳои марзӣ ва талафоти баъдӣ аз ҳарду ҷониб расидааст.
Sputnik Тоҷикистон дар бораи таърихи муносибатҳои Ҳиндустону Покистон ва оид ба он, ки шиддати вазъ чӣ гуна ба Тоҷикистон таъсир расонда метавонад, матолиби таҳлилиро пешниҳод месозад.
Таърихи муноқишаи Ҳиндустон ва Покистон
Тақсим шудани собиқ мустамликаи Англия, ки дар қаламрави он ду давлат - Ҳиндустон ва Покистон ба вуҷуд омада буданд, ҳанӯз тобистони соли 1947 ба вуқӯъ пайваст.
Ва қариб дарҳол дар муносибатҳои ду кишвари тозабунёд бар асари баҳсҳои марзӣ, ихтилофоти мазҳабӣ ва зиддиятҳои сиёсӣ ташаннуҷ ба вуҷуд омад. Масъалаи мубрамтарин мақоми минтақаи Ҷамму ва Кашмир буд, ки боиси чандин ҷангҳо ва низоъҳои сершумор шудааст.
Баҳонаи сар задани задухӯрдҳо зиддиятҳои динии байни мусулмонон ва ҳиндуҳое, ки дар ин қаламрав зиндагӣ мекарданд, инчунин номуайянӣ дар бораи ба Покистон ё Ҳиндустон ҳамроҳ шудани Кашмир пас аз ба охир расидани ҳукмронии мустамликадории Бритониё буд.
Хамин тавр, аллакай моҳи октябри соли 1947 қӯшунҳои қабилаҳои покистонӣ ба Кашмир ҳуҷум карданд. Ҳокими ин минтақа Ҳари Сингҳ барои кӯмак ба Ҳиндустон муроҷиат кард ва санади ҳамроҳшавӣ ба онро имзо кард.
Ҷанг дар соли 1949 бо таъсиси хатти оташбасе, ки минтақаи Кашмирро тақсим мекард, ба поён расид: 60% қаламрави он таҳти назорати Ҳиндустон ва 40% ба Покистон гузашт. Соли 1957 иёлати Кашмир расман ба Иттифоқи Ҳиндустон дохил шуд ва ба он мақоми махсус дода шуд.
Соли 1965 боз як муноқиша ба амал омад, ки ба ҷанги васеъмиқёс мубаддал ёфт. Он вақт Покистон амалиёти "Гибралтар"-ро оғоз карда, кӯшиш кард, ки дар қисмати Ҳиндустони Кашмир шӯриш барангезад ва дар ниҳоят баромадани онро аз ҳайати Ҳиндустон ташкил кунад.
Ин низоъ баъдан бо созишномаи Тошканд, бо миёнчигии ИҶШС ба охир расид. Покистон ба ҳадафаш нарасид ва Ҳиндустон аз болои "қисми" қаламрави баҳснок назоратро дар дасташ нигоҳ дошт.
Соли 1971 дар Покистони Шарқӣ (ҳоло Бангладеш) нооромӣ оғоз шуд ва мақомот кӯшиш карданд, ки шӯришро дар ҷараёни амалиёти "Прожектор" шадидан пахш кунанд, ки боиси муноқишаи сеюми байни кишварҳо гардид. Он бо мағлубияти ҳарбӣ ва дипломатии Покистон, таслим шудани артиши кишвар дар минтақа ва ташкил ёфтани давлати нави мустақил — Бангладеш, ки Ҳиндустон ҷониби онро гирифт, ба охир расид. Соли 1972 Созишномаи Симило ба имзо расид, ки мувофиқи он хати назорат дар Кашмир таъсис дода шуд.
Ин се задухӯрди бузургтарин дар байни Исломобод ва Деҳлии Нав буданд. Ҳамин тариқ, солҳои 1984–87 низоъ дар пиряхи Сиачен, солҳои 1989–90 шӯриши Ҷамму ва Кашмир бар зидди ҳукмронии Ҳинд ва аз ҷониби Покистон дастгирӣ ёфта, дар соли 1999 низоъи Каргил, дар солҳои 2001–02 низоъ дар паи ҳамла ба парлумони Ҳинд, соли 2016 муноқиша дар пайи ҳамлаҳои Ҳинд ба пойгоҳҳои террористон ва соли 2019 вокуниш ба ҳамла ба мошинҳои пулис дар Пулвама рух доданд.
Дар ин муддат ба ҳар ду кишвар муяссар шуд, ки зарродхонаҳои хеле таъсирбахши яроқи ҳастаӣ ба даст оваранд ва аз ин рӯ, ҳар як тирпарронӣ дар сарҳади Ҳиндустону Покистон диққати аксарияти аҳли ҷомеаи ҷаҳонро ба худ ҷалб мекунад. Хусусан ҳоло, вақте ки аз ҳарду ҷониб таҳдид мешавад, ки “тугмаи сурх”-ро пахш мекунанд, агар ҳамсоя “хатҳои сурх”-ро убур кунад.
Чунон ки аз таърихи муносибатхои ду кишвар дида мешавад, асоси баҳс қаламрави Ҷамму ва Кашмир мебошад.
Аммо ин муноқиша барои Тоҷикистон чӣ паёмадҳо дошта метавонад?
Равобити Душанбе бо Исломобод ва Деҳлии Нав
Тоҷикистон бо ҳарду тарафи муноқиша равобити нисбатан наздик дорад, аз он ҷумла бо он, ки ҳам Ҳиндустон ва ҳам Покистон шарикони ҷумҳурӣ дар СҲШ ва як қатор созмонҳои дигари байналмилалӣ мебошанд.
Моҳи июли соли гузашта Тоҷикистону Покистон Созишномаи шарикии стратегиро имзо карданд ва муносибатҳоро ба сатҳи нави баландтар бардоштанд. Ҳаҷми умумии ҳуҷҷатҳои басташуда беш аз 80 адад буда, соҳаҳои иқтисод, амният, нақлиёт, энергетика ва фарҳангро дар бар мегирад.
Ва дар ҳоле ки муомилоти тиҷории дуҷонибаи Исломобод ва Душанбе он қадар зиёд нест (дар соли 2023 он беш аз 50 миллион доллар, ё 0,6%-и гардиши молии Тоҷикистонро ташкил додааст), аз нигоҳи бахши энержӣ ҳамкориҳои ду кишвар ба маротиб бештар аст.
Покистон эҳтимолан яке аз харидорони аслии нерӯи барқи Тоҷикистон ва шарики калидӣ дар лоиҳаи CASA-1000 - як тарҳи ҷаҳонии бунёди хатти фаромарзии барқ барои содироти захираҳо аз Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон ва Қирғизистон) ба Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон ва Покистон) маҳсуб мешавад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, онро "лоиҳаи сохтмонии аср" барои Душанбе ва Бишкек номида буд.
Илова бар ин, Исломобод ва Душанбе рушди иртибототи нақлиётӣ, аз ҷумла бунёди роҳи оҳану мошингарди Тоҷикистонро бо бандарҳои дарёии Карочӣ ва Гвадари Покистон, ки барои иҷрои яке аз аҳдофи умдаи стратегии ҳукумати Тоҷикистон - раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ муҳим аст, баррасӣ мекунанд.
Ҳамчунин имкони ифтитоҳи парвози ҳавопаймоҳои боркаш миёни кишварҳо ва таъсиси марказҳои муштараки логистикӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Покистон баррасӣ мешавад.
Гузашта аз ин, Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бораи ҳамкориҳои стратегӣ тавофуқнома имзо накардаанд, аммо ҳанӯз соли 2012 дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Деҳлии Нав дар бораи моҳияти чунин равобити ду кишвар изҳорот дода шуда буд.
Гардиши коло миёни Тоҷикистону Ҳиндустон дар охири соли 2023 90 миллион доллар ё 1,1 дарсади ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ташкил додааст. Албатта, ин рақамҳо калон нестанд, вале имконоти зиёд карданаш мумкин аст.
Соҳаҳои ояндадори тиҷорат ва корхонаҳои муштарак аз рӯи анъана соҳаи дорусозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданро дар бар мегиранд.
Барои Душанбе ва Деҳлии Нав муҳимтар аз ҳама ҳамкориҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, бахусус дар соҳаи амният аст. Чунончӣ, шояд наздиктарин тарафдори мавқеъи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон ва Толибон**, ки ба қудрат расиданд, маҳз мавқеи Ҳиндустон аст. Ин кишвар ба ҳама гуна ҳукумате, ки бо исломгароёни тундрав иртибот дорад, сахт шубҳа дорад.
Илова бар ин, аввалҳои моҳи апрели соли ҷорӣ сафири Ҳинд дар Тоҷикистон бо гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории порлумонии ду кишвар, ки шаш намояндаи аршади порлумони Тоҷикистонро дар бар мегирад, мулоқот кардааст. Таъкид карда мешавад, ки идомаи ҳамкориҳои сатҳи олӣ барои амиқтар кардани равобити дуҷонибаи давлатҳо ва омӯзиши муштараки шахсони расмӣ муҳим аст.
Дар гузашта Ҳинд ва Тоҷикистон ҳам равобити наздики низомӣ доштанд. Ҳамин тариқ, соли 2002 дар ноҳияи Фархор дар наздикии марз бо Афғонистон Деҳлии Нав аввалин пойгоҳи низомии худро дар хориҷи кишвар боз кард (ҳоло дутои онҳо вуҷуд доранд).
Худи ҳамон вақт, солҳои 2000-ум Ҳиндустон ба Тоҷикистон дар навсозии фурудгоҳи низомии Айнӣ кумак карда, барои бозсозии бемористони низомии Қӯрғонтеппа ҳудуди 70 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Он барои муолиҷаи кормандони низомӣ ва ғайринизомии ҳарду ҷониб пешбинӣ шуда буд.
Даҳҳо нафар аз донишҷӯёни академияи ҳарбӣ ва афсарони вазорати дифои Тоҷикистон дар муассисаҳои низомии Вазорати дифои Ҳиндустон таълим мегиранд. Деҳлии Нав солҳои 2012-2013 ба ҷумҳурӣ дар шакли чархбол ва дигар таҷҳизоти низомӣ низ кумак кардааст.
Ҳамин тариқ, равобити нисбатан наздики Тоҷикистон ва ҳар як тарафи муноқишаи кунунӣ ба назар мерасад. Вобаста ба ин саволҳо ба миён меоянд, ки мавқеъи эҳтимолии ҷумҳурӣ чӣ гуна хоҳад буд, аниқтараш, дар сурати бархӯрди ҷиддии ду давлат, ки бо ҳардуи онҳо ё робитаҳои ояндадори тиҷоратӣ ва ё дипломатӣ вуҷуд дорад, оё Душанбе метавонад шарикӣ ё ҳадди ақал бетарафии дӯстонаро нигоҳ дорад.
Мавқеъ ва паёмадҳои эҳтимолӣ
Агар дар бораи мавқеъи Тоҷикистон дар мавриди муноқишаи мустақим ҳарф занем, пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки Душанбе ба чунин сенария нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиатдор нест.
Тоҷикистон дар робита ба вазъе, ки миёни Ҳинд ва Покистон ба вуҷуд омадааст, изҳороти расмӣ надодааст.
Дар бораи оқибатҳои ҷанги эҳтимолии Ҳиндустону Покистон бошад, онҳо барои Тоҷикистон хеле вазнин шуда метавонанд. Чунончӣ, дар сурати ноором шудани вазъ дар ин кишварҳо, аз даст рафтани бозорҳои эҳтимолии фурӯш (бахусус нерӯи барқи онҳо) ва масирҳои логистикӣ ба уқёнусҳои ҷаҳониро истисно кардан мумкин нест.
Аммо муҳимтаринаш масъалаи амниятӣ хоҳад буд. Дар сурати авҷ гирифтани низоъ, эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар минтақаи наздик ба Тоҷикистон якбора афзоиш хоҳад ёфт, ҷумҳуриро аз Покистон бошад, танҳо долони Вахон ҷудо мекунад.
Азбаски ташдиди байни Исломобод ва Деҳлӣ ногузир заминаи мазҳабӣ ва этникӣ пайдо мекунад, нооромӣ аз Осиёи Ҷанубӣ метавонад ба Осиёи Марказӣ паҳн шавад ва Тоҷикистон эҳтимол ба як дарвозаи ҳама гуна ифротиён табдил ёбад.
Дар сурати чунин ривоҷ ёфтани ҳодисаҳо, фаъолияти террористӣ дар минтақа низ афзоиш меёбад ва эҳтимоли зиёди ба он шомил шудани ифротгароён дар саросари Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад.
* Ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
** Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.