Ҳиндустон воридот ва транзити молҳоро аз Покистон манъ кард

© Sputnik / РИА НовостиФлаг Республики Индия.
Флаг Республики Индия. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2025
Обуна шудан
Ҳиндустон воридот ва транзити коло аз Покистонро фавран манъ мекунад
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Ҳиндустон воридот ва транзити мол аз Покистонро то огоҳии минбаъда манъ кардааст, гуфта мешавад дар фармони мудирияти генералии савдои хориҷии Ҳиндустон.
"Воридоти мустақим ё ғайримустақими ҳама молҳое, ки дар Покистон тавлид мешаванд ё аз Покистон содир мешаванд, новобаста аз воридоти озод ё ба тариқи дигар иҷозатдодашуда, фавран то огоҳии минбаъда манъ карда мешавад. Ин маҳдудият ба манфиати амнияти миллӣ ва сиёсати давлатӣ ҷорӣ карда шудааст", - гуфта мешавад дар огоҳинома.
Таниш миёни Ҳинду Покистон дар пайи як ҳамлаи террористӣ дар наздикии шаҳри Пахалгам дар минтақаи Ҷамму ва Кашмири Ҳинд дар рӯзи 22 апрел авҷ гирифт.
Чанд нафари мусаллаҳ ба сӯи сайёҳоне, ки дар водии Байсарон, як макони сайёҳӣ сайру гашт мекарданд, оташ кушоданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳе бо номи "Ҷабҳаи Муқовимат", ки ба созмони террористии "Лашкари Тайба"*, ки дар Русия мамнӯъ аст, иртибот дорад, бар ӯҳда гирифт.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и премьер-министр Индии Нарендра Моди - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2025
Раҳмон ба Модӣ ҳамдарди баён кард
Дар ин ҳамла 25 шаҳрванди Ҳиндустон ва як шаҳрванди Непал кушта шуданд. Дар посух ба ҳамлаи террористӣ дар Ҷамму ва Кашмир, Ҳиндустон алайҳи Покистон як қатор чораҳои сахт дид, аз ҷумла ихроҷи атташеҳои низомии Покистон, боздоштани амали шартномаи беш аз шастсола дар бораи ҳавзаи дарёи Ҳинд ва фавран баста шудани нуқтаи транзити заминии Аттори.
Дар навбати худ, Покистон ҳама созишномаҳои дуҷониба бо Ҳиндустонро боздошт, гуфт, ки ҳама тиҷорат бо Ҳиндустон, аз ҷумла тавассути кишварҳои сеюмро бозмедорад, фазои ҳавоии худро ба рӯи ширкатҳои ҳавопаймоии Ҳиндустон бастааст ва эълом дошт, ки ҳама гуна кӯшиши қатъ ё дигар кардани ҷараёни оби ба Покистон тибқи Шартномаи обҳои Ҳинд ё ғасби ҳуқуқи кишварҳои соҳили поёнӣ амали ҷанг ҳисобида мешавад.
* Ташкилоти террористӣ дар Русия мамнӯъ
Лентаи хабарҳо
0