https://sputnik.tj/20250423/rahmon-modi-hamdardi-bayon-kard-1067095201.html
Раҳмон ба Модӣ ҳамдарди баён кард
Раҳмон ба Модӣ ҳамдарди баён кард
Sputnik Тоҷикистон
Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани шумораи зиёди одамон дар Ҳинд дар натиҷаи як ҳамлаи террористӣ раисҷумҳури Тоҷикистонро нигарон кардааст
2025-04-23T17:49+0500
2025-04-23T17:49+0500
2025-04-23T17:49+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
барқияи таслият
ҳиндустон
ирсол
нарендра модӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102324/84/1023248422_436:292:5229:2988_1920x0_80_0_0_e0c58dab2b214e900f05decf5f577bca.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба амали мудҳиши террористӣ, ки дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир рух додааст, ба Президент ва Сарвазири Ҳиндустон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд”, - қайд кардааст манбаъ.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.“Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани шумораи зиёди одамони дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир боиси андӯҳи беандоза ва нигаронии амиқи мо гардид”, - қайд кардааст Эмомалӣ Раҳмон.Вай дар барқияи худ афзуд, ки Тоҷикистон ин амалкарди золимонаи нерӯҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум мекунад.Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки Тоҷикистонро барои тақвияти муборизаи беамони сарҷамъона алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифтротгароӣ омода аст.Бино бар маълумоти ахир бар асари ҳамлаи ҷангҷӯён дар мавзеи сайёҳии Пахалгами Ҳиндустон, воқеъ дар қаламрави иттифоқии Ҷамму ва Кашмир 27 нафар ҳалок гардид.Ба иттилои расонаҳо шумораи умумии ҳалокшудагон то ҳол муайян карда мешавад.Ба иттилои расонаҳои Ҳиндустон, одамони зиёде маҷруҳ шудаанд. Дар байни гурӯҳҳои сайёҳоне, ки дучори ҳамла шуданд, занон ва пиронсолон низ будаанд. Шаҳрвандии ҳалокшудагон ҳанӯз мушаххас карда нашудааст, вале маълум аст, ки ду шаҳрванди хориҷӣ ҳалок шудаанд.Таъкид шудааст, ки ин ҳамла яке аз маргбортарин ҳодисаҳои солҳои охир дар минтақа гардидааст.Мақомоти Ҳиндустон ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номиданд.
https://sputnik.tj/20250330/rahmon-sarvazironi-myanmar-tailand-noma-hamdardi-irsol-kard-1066775242.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102324/84/1023248422_852:0:4836:2988_1920x0_80_0_0_3b7d302615f645baa42e66a85e5982c1.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳиндустон, ҳамдардӣ, барқия, нарендра модӣ, ирсол, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, ҳиндустон, ҳамдардӣ, барқия, нарендра модӣ, ирсол, эмомалӣ раҳмон
Раҳмон ба Модӣ ҳамдарди баён кард
Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани шумораи зиёди одамон дар Ҳинд дар натиҷаи як ҳамлаи террористӣ раисҷумҳури Тоҷикистонро нигарон кардааст
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба амали мудҳиши террористӣ, ки дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир рух додааст, ба Президент ва Сарвазири Ҳиндустон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
“Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани шумораи зиёди одамони дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир боиси андӯҳи беандоза ва нигаронии амиқи мо гардид”, - қайд кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Вай дар барқияи худ афзуд, ки Тоҷикистон ин амалкарди золимонаи нерӯҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки Тоҷикистонро барои тақвияти муборизаи беамони сарҷамъона алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифтротгароӣ омода аст.
“Ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва тамоми мардуми Ҳиндустони дӯст изҳор менамоям. Ба ҳамаи маҷрӯҳшудагон шифои комил мехоҳам”, - илова кардааст кишвардори Тоҷикистон.
Бино бар маълумоти ахир бар асари ҳамлаи ҷангҷӯён дар мавзеи сайёҳии Пахалгами Ҳиндустон, воқеъ дар қаламрави иттифоқии Ҷамму ва Кашмир 27 нафар ҳалок гардид.
Ба иттилои расонаҳо шумораи умумии ҳалокшудагон то ҳол муайян карда мешавад.
Ба иттилои расонаҳои Ҳиндустон, одамони зиёде маҷруҳ шудаанд. Дар байни гурӯҳҳои сайёҳоне, ки дучори ҳамла шуданд, занон ва пиронсолон низ будаанд. Шаҳрвандии ҳалокшудагон ҳанӯз мушаххас карда нашудааст, вале маълум аст, ки ду шаҳрванди хориҷӣ ҳалок шудаанд.
Таъкид шудааст, ки ин ҳамла яке аз маргбортарин ҳодисаҳои солҳои охир дар минтақа гардидааст.
Мақомоти Ҳиндустон ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номиданд.