https://sputnik.tj/20241030/tojikiston-hinduston-tasisi-parkhoi-tekhnologi-sanoati-1064923454.html
Тоҷикистону Ҳиндустон таъсиси паркҳои технологӣ ва саноатиро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Ҳиндустон таъсиси паркҳои технологӣ ва саноатиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Ҳиндустон имкони таъсиси паркҳои технологӣ ва парки муштараки саноатии ду кишвар дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ карданнд
2024-10-30T19:41+0500
2024-10-30T19:41+0500
2024-10-30T19:41+0500
дар тоҷикистон
ҳинду
имзо
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ
саноат
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/73/1030027326_0:5:1201:680_1920x0_80_0_0_0d0f93c73044ed6a7ac1c906817f34f6.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ба имзо расид, иттилоъ додааст, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.“Байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии саноати хурди Ҳиндустон (NSIC) Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ба имзо расид”, - қайд кардааст манбаъ.Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз имзои ин санад мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи соҳибкории хурду миёна байни ду давлат мебошад.Ҳамчунин дар доираи форум вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва роҳбари Корпоратсияи миллии корхонаҳои хурди Ҷумҳурии Ҳиндустон Субхрансу Секхар Ачария баргузор гардид.Дар вохӯрӣ дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кооператсияи саноатии корхонаҳои нассоҷӣ, аз ҷумла ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди пахта то маҳсулоти ниҳоӣ (кластери нассоҷӣ) бо ҷалби сармоя ва мутахассисони баландпоя аз Ҳиндустон баррасӣ шуд.Ҷонибҳо доир ба имкони таъсиси паркҳои технологӣ ва парки муштараки саноатии "Тоҷикистон-Ҳиндустон" дар қаламрави Тоҷикистон, инчунин марказҳои илмии табодули донишу таҷриба байни ду давлат изҳори назар карданд.Ёдовар мешавем, ки 29 октябр дар шаҳри Душанбе нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия бо иштироки вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ, коршиносон ва соҳибкорони Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
https://sputnik.tj/20241029/eron-tojikiston-masolehi-sokhtmoni-sodirot-1064900680.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/73/1030027326_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_e4ae9f7fdcdc11332728aca8a692ab4a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳиндустон, имзо, созишнома, санад, ҳамкорӣ, саноат
тоҷикистон, ҳиндустон, имзо, созишнома, санад, ҳамкорӣ, саноат
Тоҷикистону Ҳиндустон таъсиси паркҳои технологӣ ва саноатиро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Ҳиндустон имкони таъсиси паркҳои технологӣ ва парки муштараки саноатии ду кишвар дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ карданнд
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ба имзо расид, иттилоъ додааст, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
“Байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии саноати хурди Ҳиндустон (NSIC) Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ба имзо расид”, - қайд кардааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз имзои ин санад мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи соҳибкории хурду миёна байни ду давлат мебошад.
Ҳамчунин дар доираи форум вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва роҳбари Корпоратсияи миллии корхонаҳои хурди Ҷумҳурии Ҳиндустон Субхрансу Секхар Ачария баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кооператсияи саноатии корхонаҳои нассоҷӣ, аз ҷумла ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди пахта то маҳсулоти ниҳоӣ (кластери нассоҷӣ) бо ҷалби сармоя ва мутахассисони баландпоя аз Ҳиндустон баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо доир ба имкони таъсиси паркҳои технологӣ ва парки муштараки саноатии "Тоҷикистон-Ҳиндустон" дар қаламрави Тоҷикистон, инчунин марказҳои илмии табодули донишу таҷриба байни ду давлат изҳори назар карданд.
Ёдовар мешавем, ки 29 октябр дар шаҳри Душанбе нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия бо иштироки вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ, коршиносон ва соҳибкорони Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.