https://sputnik.tj/20230505/dushanbe-islomobod-hamkori-1056894824.html
Тоҷикистону Покистон ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Покистон ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард, ки масоили минтақавӣ аз мавзуъҳои меҳварии он будаанд
2023-05-05T09:45+0500
2023-05-05T09:45+0500
2023-05-05T11:33+0500
дар русия
муҳоҷират
кормандон
пулис
муҳоҷир
тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/05/1056897446_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_f57ded83f7c1b07277791e58495a3cee.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Мақомоти тоҷику покистонӣ маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, байналмилалӣ ва минтақавӣиро баррасӣ карданд. Ба иттилои ВУХ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои покистонияш Биловал Бҳуто Зардарӣ дар Ҳиндустон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ мулоқот кард. Дар ҷарёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии тарафайн қарор доштанд, омадааст дар иттилоия.Баррасии густариши ҳамкориҳо дар ҳолест, ки ахиран Покистон сафири навашро дар Душанбе таъйин кард. Муҳаммад Саид Сарвар сафири нави фавқулодда ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон таъйин гардид. Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2019 дар мақоми сафири Покистон дар Душанбе Имрон Ҳайдар кор мекард.Тоҷикистону Покистон ба таври дуҷониба ва ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкорӣ доранд. Аз ҷумла ҳарду кишвар узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошанд.Инчунин ду кишварро Афғонистон пайванд мекунад, ки субот дар он ҷо барои рушди муносиботи ду кишвар муҳим арзёбӣ мешавад.Қаблан сафири Тоҷикистон дар Покистон, Исматулло Насриддин таъкид дошта буд, ки манфиатҳои муштараки ду кишвар ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон рабт доранд.
https://sputnik.tj/20230504/muhriddin-nishast-saron-shsh-goa-sukhanroni-1056879545.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/05/1056897446_122:0:1186:798_1920x0_80_0_0_90273eca83b5c25639055de86e1e69e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, покистон, исломобод, ҳинд, тавсеа, ҳамкорӣ
душанбе, покистон, исломобод, ҳинд, тавсеа, ҳамкорӣ
Тоҷикистону Покистон ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
09:45 05.05.2023 (Навсозишуда: 11:33 05.05.2023) Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард, ки масоили минтақавӣ аз мавзуъҳои меҳварии он будаанд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Мақомоти тоҷику покистонӣ маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, байналмилалӣ ва минтақавӣиро баррасӣ карданд.
Ба иттилои ВУХ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои покистонияш Биловал Бҳуто Зардарӣ дар Ҳиндустон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ мулоқот кард.
Дар ҷарёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии тарафайн қарор доштанд, омадааст дар иттилоия.
Баррасии густариши ҳамкориҳо дар ҳолест, ки ахиран Покистон сафири навашро дар Душанбе таъйин кард. Муҳаммад Саид Сарвар сафири нави фавқулодда ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон таъйин гардид.
Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2019 дар мақоми сафири Покистон дар Душанбе Имрон Ҳайдар кор мекард.
Тоҷикистону Покистон ба таври дуҷониба ва ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкорӣ доранд. Аз ҷумла ҳарду кишвар узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошанд.
Инчунин ду кишварро Афғонистон пайванд мекунад, ки субот дар он ҷо барои рушди муносиботи ду кишвар муҳим арзёбӣ мешавад.
Қаблан сафири Тоҷикистон дар Покистон, Исматулло Насриддин таъкид дошта буд, ки манфиатҳои муштараки ду кишвар ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон рабт доранд.