https://sputnik.tj/20241202/dustii-tolibon-marzho-mahdudiyatho-barq-mohi-noyabr-tojikiston-1065343204.html
Дӯстии Толибон, марзҳо ва маҳдудиятҳои барқ: моҳи ноябр дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд
Дӯстии Толибон, марзҳо ва маҳдудиятҳои барқ: моҳи ноябр дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд
Sputnik Тоҷикистон
Моҳи гузашта бо созишномаҳои муҳим бо кишварҳои ҳамсоя ва мушкилоти кӯҳна, вале то ҳол шадиди камбуди нерӯи барқ хотирмон шуд
2024-12-02T15:42+0500
2024-12-02T15:42+0500
2024-12-02T15:42+0500
дар тоҷикистон
толибон
озарбойҷон
спад
раҳмон
сиёсат
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045352939_0:115:3232:1933_1920x0_80_0_0_b638b3c6f4d05e09769a12c14e346c58.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Моҳи ноябр ҳукумати Тоҷикистон бо ҳамсояҳояш - Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон се санади гуногун, вале муҳим имзо кард ва раисиҷумҳури кишвар бошад, ин моҳ дар ду чорабинии бузурги байналмилалӣ ширкат дошт.Дар ҳаёти ҳаррӯзаи кишвар ҳам бисёр воқеоти ҷолиб, вале на он қадар хурсандиовар ба вуқӯъ пайваст. Масалан, беқурбшавии шадиди рубл, ки ба интиқоли муҳоҷирон аз Русия таъсир расонд ва инчунин шарҳи на он қадар хушбинонаи мушкилоти абадии маҳдудияти барқ аз ҷониби Барқи тоҷик.Боз кадом воқеаҳои ҷолибу муҳим дар ин моҳ рух доданд – дар матолиби Sputnik Тоҷикистон бихонед.Ҷаласаи сарони СПАД ва марзи Тоҷикистону АфғонистонРӯзи 28 ноябр дар Остона нишасти навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД баргузор шуд, ки дар он раҳбарони панҷ кишвари узв, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷамъ омаданд. Арманистон ба далели боздоштани ширкаташ дар ин созмон дар нишаст ширкат накард.Дар рафти нишаст масъалаҳои амнияти ҷаҳонӣ, фаъолияти дастаҷамъона оид ба пешгирии низоъҳо, таҳдидҳои каҳрамонсозӣ ва паҳншавии ғояҳои натсизм, инчунин таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Қабули Барномаи мақсаднок оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба масофаи 1400 километр, ки ба боварии ташкилот ба қадри кофӣ аз убури таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноят шаффоф аст, бахши муҳими ҷаласа буд.Барнома давоми 11 сол таҳия шудааст ва аз ин рӯ Қосим-Ҷомарт Тоқаев тасвиби онро барои амнияти созмон “қарори муҳим” номид ва Эмомалӣ Раҳмон бошад, ба ҳамтоёни барои пуштибонӣ аз ин санад изҳори сипос кард.Илова бар ин, суханронии Владимир Путин дар мавзӯи муноқишаи Украина дар ин нишаст махсусан хотирмон буд. Раисиҷумҳури Русия гуфт, бо вуҷуди истифода аз силоҳҳои НАТО, Кремл ба муттаҳидони худ дар СПАД барои кӯмак муроҷиат намекунад, зеро худ устувории бехатарии кофӣ дорад. Гузашта аз ин, ҳатто ҳангоми зарбаҳои ATACMS ба қаламрави худ, Русия метавонад ба кишварҳои СПАД ба андозаи зарурӣ кӯмак расонад.Путин ҳамчунин таъкид кард, ки Маскав намегузорад, ки Киев ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад ва дар сурати пайдо шудани он аз тамоми васоили нобудсозии он истифода хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, Украина танҳо метавонад "бомбаи ифлос" созад ва посухи Русия кофӣ хоҳад буд. Аз ҷумла тавассути истифодаи васеъмиқёси мушаки нави "Орешник" барои ҳамла ба марказҳои тасмимгириҳо дар Киев.Суханронии Раҳмон дар конфронси СММ дар БокуМоҳи ноябр дар пойтахти Озарбойҷон Конфронси СММ оид ба тағирёбии иқлим 2024 (COP29) баргузор шуд, ки дар он беш аз 70 ҳазор иштирокдорон аз 200 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла раҳбарони кишварҳои ҷаҳон гирди ҳам омаданд.Дар нишасти иқлим раҳбарияти Тоҷикистон низ ширкат дошт. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш ба таҳдидҳои муосири марбут ба тағирёбии иқлим таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба муқобилияти муштарак бо онҳо даъват кард.Барои дақиқ омӯхтани таъсири тағйири иқлим ба пиряхҳои минтақа раҳбари Тоҷикистон пешниҳод кард, ки бо дастгирии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ як маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ таъсис дода шавад ва ҳамчунин саҳми Тоҷикистонро дар рушди иқтисоди сабз қайд кард."Мо ният дорем, ки то соли 2032 истеҳсоли энергияро аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар кишвар пурра таъмин намуда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари "сабз" табдил диҳем, Имрӯз 98%-и нерӯи барқи мо аз ҳисоби гидроэнергетика, яъне "энергияи сабз" истеҳсол мешавад. Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми партовҳои гази карбон дар ҷаҳон ҷои 130-умро ишғол мекунад", - изҳор дошт Раҳмон.Дар конфронс дар Боку ҳамчунин Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон ширкат карда, пешниҳод кард, ки дар Душанбе таҳти сарпарастии Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ Маркази ҳамоҳангсозии минтақавии пажӯҳиши яхшиносӣ таъсис дода шавад.Далер Ҷумъа гуфт, ки бо заҳматҳои зиёди Тоҷикистон дар соли 2022 Маҷмаи Умумии СММ соли 2025-ро Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон кардааст.Дар соҳаи энергетика Далер Ҷумъа аз комёбиҳои сохтмони НОБ-и Роғун сухан кард. Ба гуфтаи ӯ, ду чархаи ба истифода додашуда аллакай беш аз 7,5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кардаанд.Шартномаи муносибатҳои иттифоқӣ бо УзбекистонМаҷлиси қонунгузории парлумони Узбекистон рӯзи 26 ноябр созишнома дар бораи равобити иттифоқӣ бо Тоҷикистонро ба тасвиб расонд. Худи ин санад 18 апрели соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Узбекистон Шавқат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо расида буд.Қобили зикр аст, ки муътадил шудани равобити ду кишвар пас аз ба қудрат расидани Мирзиёев дар Узбекистон дар соли 2016 оғоз шуд, ки самти роҳандозии равобити дӯстона миёни ин кишвар ва ҳамсояҳоро интихоб кард. Қабл аз ин равобити Тошканду Душанбе сард шуда буд.Аз ҷумла, ҳанӯз дар соли 1992 рафтуомади ҳавоӣ байни пойтахтҳои ду кишвар қатъ шуда, тамоми музокирот оид ба масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетикӣ боздошта, ҳаракати фаромарзӣ шадидтару равобити иқтисодӣ вайрон шуда буд.Пас аз сафари раисҷумҳури Узбекистон ба Душанбе дар соли 2018 равобит ба зудӣ беҳтар шуд ва беҳбуд ёфт (масалан, гардиши мол дар соли 2021 нисбат ба соли 2015 30 баробар афзоиш ёфтааст). Ҳоло байни тарафҳо зиёда аз 200 созишнома имзо шудааст."Муносибатҳои нек"-и Толибон* ва нерӯи барқ барои КобулДар нимаи моҳи ноябр сухангӯи Толибон* Ҳамдулло Фитрат аз нияти барқарор кардани "муносибатҳои хуб" бо Тоҷикистон хабар дод. Вай ҳамчунин бидуни ёдоварӣ аз мулоқотҳои мушаххас аз афзоиши боздидҳои ду тараф ёдовар шуд.Худи мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора изҳорот надодаанд.Қобили зикр аст, ки равобити Афғонистону Тоҷикистон дар соли 2021 пас аз ба қудрат расидани Толибон* якбора бад шуд. Тоҷикистон хостори таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст, ки дар он тамоми қавмҳои ин кишвар, аз ҷумла тоҷикон, намояндагӣ кунанд.Чанде пас аз изҳороти Фитрат ширкати DABS аз баста шудани қарордод оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2025 хабар дод. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи беш аз 102 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст, ки 80 дарсади он ба Афғонистон содир шудааст.Дар фасли сармо Афғонистон ба камбуди шадиди нерӯи барқ дучор мешавад ва бештар аз нерӯи барқи воридотӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ вобаста аст.Маҳдудияти барқ аз куҷо пайдо шуд?Раҳбарияти ширкати "Барқи тоҷик" чанд рӯз пас аз аз бастани қарордод бо ширкати энержии Афғонистон дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудияти нави нерӯи барқ дар Тоҷикистон, интиқоли нерӯи барқ ба ҳамсояи худ ва ҳамчунин сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ изҳори назар кард."Барқи тоҷик" қайд кард, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар фасли зимистон як тадбири ногузир ва маҷбурист, ки дар натиҷаи рушди босуръати саноатӣ, афзоиши аҳолӣ ва мутаносибан талабот ба нерӯи барқ дар якҷоягӣ бо афзоиши сарбории низоми энергетикӣ ва коҳиши сатҳи об дар дарёҳои кӯҳӣ ва обанборҳо ба вуҷуд омадааст.Ширкат қайд кард, ки ҳарчанд таҷдиди инфрасохтор ба ин суръати афзоиш мувофиқат намекунад, аммо маҳз ҳамин чиз дар ниҳояти кор ҷумҳуриро аз қатъи пурраи барқ наҷот медиҳад."Низоми энерҷӣ, ки мӯҳлати хидматаш қариб ба 75 сол расидааст, навсозӣ ва таҷдид шуд, агар мо ин корро намекардем, шояд ҳоло умуман бебарқ мемондем", - таъкид карданд дар ширкати "Барқи тоҷик".Ин ширкат ҳамчунин аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ба сару садоҳо дар бораи содироти нерӯи барқ ба Афғонистон дар фасли зимистон бовар накунанд.Бо як сархат.Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки рӯзи 9 май дар Майдони Сурхи Маскав баргузор мешавад, даъват кард.Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорйев дар шарҳи ин ҳодиса қайд кард, ки соли оянда Тоҷикистон раисии ИДМ-ро бар дӯш мегирад, ки дар он "мавзуи таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба яке аз мавзӯъҳои калидӣ дар рӯзномаи сатҳи олӣ хоҳад буд".Дар пасманзари интихобот дар Амрико, табодули зарбаҳои мушакии Маскаву Киев ва боло рафтани қимати нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ, қурби рубл дар баробари сомонӣ дар охири моҳи ноябр ба поинтарин сатҳи худ аз моҳи апрели соли 2022 поин рафт.Дарвозабони тоҷик Рустам Ятимов, ки дар дастаи "Ростов" бозӣ мекунад, ду маротиба беҳтарин бозигари вохӯриҳои моҳи ноябр бо дастаҳои "Спартак" ва "Динамо"-и Маскав дониста шуд. Дар ин бора мураббии дарвозабонони "Ростов" Виталий Кафанов қайд кард: "Вақте ки дарвозабон мисли Ятимов бозӣ мекунад, ба ӯ саволе нест". Аммо дарвозабони тоҷик бо гирифтани корти сурх дар бозӣ бо Афғонистон барои зарба задан ба сари рақиб ҳангоми мубориза барои тӯб низ хотирмон шуд.Раҳбарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бӯстон дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти навбатӣ баргузор карданд. Зимни мулоқот сарони ҳайатҳо масъалаҳои таъини қаламравро баррасӣ намуда, ҷиҳати идомаи кор оид ба муайян кардани мавқеъи сарҳади байни давлатҳо дастур доданд.Рӯзи 29 ноябр овозхони маъруфи тоҷик Файзигул Юсуфӣ даргузашт. Ӯ ҳамагӣ 51-сола буд. Сароянда солҳои зиёд дар ансамблҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор карда, бо иҷрои сурудҳои халқӣ ва эстрадӣ шӯҳрат пайдо кард.* - созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
https://sputnik.tj/20241128/rahmon-sipos-guft-spad-marz-tojikistonu-afghonistonro-tahkim-1065306986.html
https://sputnik.tj/20241112/peshnihodi-rahmon-baroi-tasisi-markazi-hamohangsozii-mintaqavi-oid-ba-yakhshinosi-dar-dushanbe-1065094929.html
https://sputnik.tj/20241004/parlumon-tasdiq-tranziti-borkashoni-uzbekiston-osontar-1064585083.html
https://sputnik.tj/20241125/imzoi-qarordodi-furushi-barq-tojikiston-hukumati-tolibon-1065258698.html
https://sputnik.tj/20241125/barqi-tojik-mahdudiyati-dokhili-khorij-barq-namefurushem-1065261381.html
https://sputnik.tj/20241127/muhojirat-hal-mekunem-vokunnishi-safiri-rusiya-diplomati-olmoni-1065294958.html
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045352939_252:0:2981:2047_1920x0_80_0_0_86867724b4d50764132604d231b1d91e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, толибон, маҳдудият, барқ, сутуннигор, сиёсат, ноябр, мушкилот, камбуд, барқ
тоҷикистон, толибон, маҳдудият, барқ, сутуннигор, сиёсат, ноябр, мушкилот, камбуд, барқ
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Моҳи ноябр ҳукумати Тоҷикистон бо ҳамсояҳояш - Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон се санади гуногун, вале муҳим имзо кард ва раисиҷумҳури кишвар бошад, ин моҳ дар ду чорабинии бузурги байналмилалӣ ширкат дошт.
Дар ҳаёти ҳаррӯзаи кишвар ҳам бисёр воқеоти ҷолиб, вале на он қадар хурсандиовар ба вуқӯъ пайваст. Масалан, беқурбшавии шадиди рубл, ки ба интиқоли муҳоҷирон аз Русия таъсир расонд ва инчунин шарҳи на он қадар хушбинонаи мушкилоти абадии маҳдудияти барқ аз ҷониби Барқи тоҷик.
Боз кадом воқеаҳои ҷолибу муҳим дар ин моҳ рух доданд – дар матолиби Sputnik Тоҷикистон бихонед.
Ҷаласаи сарони СПАД ва марзи Тоҷикистону Афғонистон
Рӯзи 28 ноябр дар Остона нишасти навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД баргузор шуд, ки дар он раҳбарони панҷ кишвари узв, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷамъ омаданд. Арманистон ба далели боздоштани ширкаташ дар ин созмон дар нишаст ширкат накард.
Дар рафти нишаст масъалаҳои амнияти ҷаҳонӣ, фаъолияти дастаҷамъона оид ба пешгирии низоъҳо, таҳдидҳои каҳрамонсозӣ ва паҳншавии ғояҳои натсизм, инчунин таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қабули Барномаи мақсаднок оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба масофаи 1400 километр, ки ба боварии ташкилот ба қадри кофӣ аз убури таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноят шаффоф аст, бахши муҳими ҷаласа буд.
Барнома давоми 11 сол таҳия шудааст ва аз ин рӯ Қосим-Ҷомарт Тоқаев тасвиби онро барои амнияти созмон “қарори муҳим” номид ва Эмомалӣ Раҳмон бошад, ба ҳамтоёни барои пуштибонӣ аз ин санад изҳори сипос кард.
Илова бар ин, суханронии Владимир Путин дар мавзӯи муноқишаи Украина дар ин нишаст махсусан хотирмон буд. Раисиҷумҳури Русия гуфт, бо вуҷуди истифода аз силоҳҳои НАТО, Кремл ба муттаҳидони худ дар СПАД барои кӯмак муроҷиат намекунад, зеро худ устувории бехатарии кофӣ дорад. Гузашта аз ин, ҳатто ҳангоми зарбаҳои ATACMS ба қаламрави худ, Русия метавонад ба кишварҳои СПАД ба андозаи зарурӣ кӯмак расонад.
Путин ҳамчунин таъкид кард, ки Маскав намегузорад, ки Киев ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад ва дар сурати пайдо шудани он аз тамоми васоили нобудсозии он истифода хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, Украина танҳо метавонад "бомбаи ифлос" созад ва посухи Русия кофӣ хоҳад буд. Аз ҷумла тавассути истифодаи васеъмиқёси мушаки нави "Орешник" барои ҳамла ба марказҳои тасмимгириҳо дар Киев.
Суханронии Раҳмон дар конфронси СММ дар Боку
Моҳи ноябр дар пойтахти Озарбойҷон Конфронси СММ оид ба тағирёбии иқлим 2024 (COP29) баргузор шуд, ки дар он беш аз 70 ҳазор иштирокдорон аз 200 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла раҳбарони кишварҳои ҷаҳон гирди ҳам омаданд.
Дар нишасти иқлим раҳбарияти Тоҷикистон низ ширкат дошт. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш ба таҳдидҳои муосири марбут ба тағирёбии иқлим таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба муқобилияти муштарак бо онҳо даъват кард.
Барои дақиқ омӯхтани таъсири тағйири иқлим ба пиряхҳои минтақа раҳбари Тоҷикистон пешниҳод кард, ки бо дастгирии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ як маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ таъсис дода шавад ва ҳамчунин саҳми Тоҷикистонро дар рушди иқтисоди сабз қайд кард.
"Мо ният дорем, ки то соли 2032 истеҳсоли энергияро аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар кишвар пурра таъмин намуда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари "сабз" табдил диҳем, Имрӯз 98%-и нерӯи барқи мо аз ҳисоби гидроэнергетика, яъне "энергияи сабз" истеҳсол мешавад. Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми партовҳои гази карбон дар ҷаҳон ҷои 130-умро ишғол мекунад", - изҳор дошт Раҳмон.
Дар конфронс дар Боку ҳамчунин Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон ширкат карда, пешниҳод кард, ки дар Душанбе таҳти сарпарастии Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ Маркази ҳамоҳангсозии минтақавии пажӯҳиши яхшиносӣ таъсис дода шавад.
Далер Ҷумъа гуфт, ки бо заҳматҳои зиёди Тоҷикистон дар соли 2022 Маҷмаи Умумии СММ соли 2025-ро Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон кардааст.
Дар соҳаи энергетика Далер Ҷумъа аз комёбиҳои сохтмони НОБ-и Роғун сухан кард. Ба гуфтаи ӯ, ду чархаи ба истифода додашуда аллакай беш аз 7,5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кардаанд.
Шартномаи муносибатҳои иттифоқӣ бо Узбекистон
Маҷлиси қонунгузории парлумони Узбекистон рӯзи 26 ноябр созишнома дар бораи равобити иттифоқӣ бо Тоҷикистонро ба тасвиб расонд. Худи ин санад 18 апрели соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Узбекистон Шавқат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо расида буд.
Қобили зикр аст, ки муътадил шудани равобити ду кишвар пас аз ба қудрат расидани Мирзиёев дар Узбекистон дар соли 2016 оғоз шуд, ки самти роҳандозии равобити дӯстона миёни ин кишвар ва ҳамсояҳоро интихоб кард. Қабл аз ин равобити Тошканду Душанбе сард шуда буд.
Аз ҷумла, ҳанӯз дар соли 1992 рафтуомади ҳавоӣ байни пойтахтҳои ду кишвар қатъ шуда, тамоми музокирот оид ба масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетикӣ боздошта, ҳаракати фаромарзӣ шадидтару равобити иқтисодӣ вайрон шуда буд.
Пас аз сафари раисҷумҳури Узбекистон ба Душанбе дар соли 2018 равобит ба зудӣ беҳтар шуд ва беҳбуд ёфт (масалан, гардиши мол дар соли 2021 нисбат ба соли 2015 30 баробар афзоиш ёфтааст). Ҳоло байни тарафҳо зиёда аз 200 созишнома имзо шудааст.
"Муносибатҳои нек"-и Толибон* ва нерӯи барқ барои Кобул
Дар нимаи моҳи ноябр сухангӯи Толибон* Ҳамдулло Фитрат аз нияти барқарор кардани "муносибатҳои хуб" бо Тоҷикистон хабар дод. Вай ҳамчунин бидуни ёдоварӣ аз мулоқотҳои мушаххас аз афзоиши боздидҳои ду тараф ёдовар шуд.
Худи мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора изҳорот надодаанд.
Қобили зикр аст, ки равобити Афғонистону Тоҷикистон дар соли 2021 пас аз ба қудрат расидани Толибон* якбора бад шуд. Тоҷикистон хостори таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст, ки дар он тамоми қавмҳои ин кишвар, аз ҷумла тоҷикон, намояндагӣ кунанд.
Чанде пас аз изҳороти Фитрат ширкати DABS аз баста шудани қарордод оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2025 хабар дод. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи беш аз 102 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст, ки 80 дарсади он ба Афғонистон содир шудааст.
Дар фасли сармо Афғонистон ба камбуди шадиди нерӯи барқ дучор мешавад ва бештар аз нерӯи барқи воридотӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ вобаста аст.
Маҳдудияти барқ аз куҷо пайдо шуд?
Раҳбарияти ширкати "Барқи тоҷик" чанд рӯз пас аз аз бастани қарордод бо ширкати энержии Афғонистон дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудияти нави нерӯи барқ дар Тоҷикистон, интиқоли нерӯи барқ ба ҳамсояи худ ва ҳамчунин сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ изҳори назар кард.
"Барқи тоҷик" қайд кард, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар фасли зимистон як тадбири ногузир ва маҷбурист, ки дар натиҷаи рушди босуръати саноатӣ, афзоиши аҳолӣ ва мутаносибан талабот ба нерӯи барқ дар якҷоягӣ бо афзоиши сарбории низоми энергетикӣ ва коҳиши сатҳи об дар дарёҳои кӯҳӣ ва обанборҳо ба вуҷуд омадааст.
Ширкат қайд кард, ки ҳарчанд таҷдиди инфрасохтор ба ин суръати афзоиш мувофиқат намекунад, аммо маҳз ҳамин чиз дар ниҳояти кор ҷумҳуриро аз қатъи пурраи барқ наҷот медиҳад.
"Низоми энерҷӣ, ки мӯҳлати хидматаш қариб ба 75 сол расидааст, навсозӣ ва таҷдид шуд, агар мо ин корро намекардем, шояд ҳоло умуман бебарқ мемондем", - таъкид карданд дар ширкати "Барқи тоҷик".
Ин ширкат ҳамчунин аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ба сару садоҳо дар бораи содироти нерӯи барқ ба Афғонистон дар фасли зимистон бовар накунанд.
Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки рӯзи 9 май дар Майдони Сурхи Маскав баргузор мешавад, даъват кард.
Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорйев дар шарҳи ин ҳодиса қайд кард, ки соли оянда Тоҷикистон раисии ИДМ-ро бар дӯш мегирад, ки дар он "мавзуи таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба яке аз мавзӯъҳои калидӣ дар рӯзномаи сатҳи олӣ хоҳад буд".
Дар пасманзари интихобот дар Амрико, табодули зарбаҳои мушакии Маскаву Киев ва боло рафтани қимати нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ, қурби рубл дар баробари сомонӣ дар охири моҳи ноябр ба поинтарин сатҳи худ аз моҳи апрели соли 2022 поин рафт.
Дарвозабони тоҷик Рустам Ятимов, ки дар дастаи "Ростов" бозӣ мекунад, ду маротиба беҳтарин бозигари вохӯриҳои моҳи ноябр бо дастаҳои "Спартак" ва "Динамо"-и Маскав дониста шуд. Дар ин бора мураббии дарвозабонони "Ростов" Виталий Кафанов қайд кард: "Вақте ки дарвозабон мисли Ятимов бозӣ мекунад, ба ӯ саволе нест". Аммо дарвозабони тоҷик бо гирифтани корти сурх дар бозӣ бо Афғонистон барои зарба задан ба сари рақиб ҳангоми мубориза барои тӯб низ хотирмон шуд.
Раҳбарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бӯстон дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти навбатӣ баргузор карданд. Зимни мулоқот сарони ҳайатҳо масъалаҳои таъини қаламравро баррасӣ намуда, ҷиҳати идомаи кор оид ба муайян кардани мавқеъи сарҳади байни давлатҳо дастур доданд.
Рӯзи 29 ноябр овозхони маъруфи тоҷик Файзигул Юсуфӣ даргузашт. Ӯ ҳамагӣ 51-сола буд. Сароянда солҳои зиёд дар ансамблҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор карда, бо иҷрои сурудҳои халқӣ ва эстрадӣ шӯҳрат пайдо кард.
* - созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад