https://sputnik.tj/20241128/rahmon-sipos-guft-spad-marz-tojikistonu-afghonistonro-tahkim-1065306986.html
Раҳмон сипос гуфт: СПАД марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким мебахшад
Раҳмон сипос гуфт: СПАД марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким мебахшад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз роҳбарони кишварҳои узви СПАД дар бораи қабули пешниҳоди ҷумҳурӣ дар бораи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос намуд
2024-11-28T16:37+0500
2024-11-28T16:37+0500
2024-11-28T16:37+0500
дар тоҷикистон
спад
қазоқистон
ҳамкорӣ
марз
афғонистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1c/1065305053_0:113:1280:833_1920x0_80_0_0_9abe6fd6daf6268630b7f9f59905dbd0.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.Дар кори ҷаласа, ҳамчунин, роҳбарони давлатҳои Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд.Дар ҷаласаи ҳамчунин вобаста ба вазъи низомию сиёсии ҷаҳон ва минтақаҳои амнияти дастҷамъӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмон ва дурнамои рушди низоми амнияти дастҷамъӣ, инчунин рафти омодагиҳо ба таҷлили муштараки 80-солагии Ғалаба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба таъсири манфии шиддатёбии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон ба кишварҳои аъзои СААД ҷалб намуда, изҳор дошт, ки “ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи имрӯза воқеияти кунуниро инъикос мекунанд ва мо ҷонибдори қабули қарорҳои муносиб доир ба онҳо ҳастем".Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ аз тасмим дар бораи тасдиқи Барномаи байнидавлатии ҳадафманди СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос намуд.Иттилоъ дода шудааст, ки сарони давлатҳо доир ба роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, робитаҳо бо дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва нақшаҳои чорабиниҳои созмон дар соли 2025 табодули афкор намуданд.Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар ин ҷаласа ба раёсати ояндаи Қирғизистон дар СПАД хоҳони барору комёбӣ шуд ва изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба кори муштараки босамар бо кишвари ҳамсоя омода аст ва ҷиҳати иҷрои нақшаҳои барои давраи раёсат муайяншуда ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.Қайд карда шудааст, ки дар поёни мулоқот сарони давлатҳо як қатор санадҳо, аз ҷумла Эъломияи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, қарор дар бораи тасдиқи Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ғайраро ба имзо расониданд.
https://sputnik.tj/20241128/muloqoti-sarirohii-rahmonu-putin-dar-ostona--1065303223.html
қазоқистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1c/1065305053_53:77:1085:851_1920x0_80_0_0_981d0f9a6801e2f4ffc19c4321f491e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, спад, марз, таҳким, афғонистон, сиёсат
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, спад, марз, таҳким, афғонистон, сиёсат
Раҳмон сипос гуфт: СПАД марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким мебахшад
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз роҳбарони кишварҳои узви СПАД дар бораи қабули пешниҳоди ҷумҳурӣ дар бораи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос намуд
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Дар кори ҷаласа, ҳамчунин, роҳбарони давлатҳои Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи ҳамчунин вобаста ба вазъи низомию сиёсии ҷаҳон ва минтақаҳои амнияти дастҷамъӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмон ва дурнамои рушди низоми амнияти дастҷамъӣ, инчунин рафти омодагиҳо ба таҷлили муштараки 80-солагии Ғалаба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба таъсири манфии шиддатёбии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон ба кишварҳои аъзои СААД ҷалб намуда, изҳор дошт, ки “ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи имрӯза воқеияти кунуниро инъикос мекунанд ва мо ҷонибдори қабули қарорҳои муносиб доир ба онҳо ҳастем".
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ аз тасмим дар бораи тасдиқи Барномаи байнидавлатии ҳадафманди СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос намуд.
Иттилоъ дода шудааст, ки сарони давлатҳо доир ба роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, робитаҳо бо дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва нақшаҳои чорабиниҳои созмон дар соли 2025 табодули афкор намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар ин ҷаласа ба раёсати ояндаи Қирғизистон дар СПАД хоҳони барору комёбӣ шуд ва изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба кори муштараки босамар бо кишвари ҳамсоя омода аст ва ҷиҳати иҷрои нақшаҳои барои давраи раёсат муайяншуда ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Қайд карда шудааст, ки дар поёни мулоқот сарони давлатҳо як қатор санадҳо, аз ҷумла Эъломияи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, қарор дар бораи тасдиқи Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ғайраро ба имзо расониданд.