https://sputnik.tj/20241004/parlumon-tasdiq-tranziti-borkashoni-uzbekiston-osontar-1064585083.html
Парлумон тасдиқ кард: Транзити боркашонӣ тавассути қаламрави Узбекистон осонтар мешавад
Парлумон тасдиқ кард: Транзити боркашонӣ тавассути қаламрави Узбекистон осонтар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон бе рухсатнома амалӣ мегардад
2024-10-04T14:21+0500
2024-10-04T14:21+0500
2024-10-04T19:51+0500
дар тоҷикистон
парлумон
нақлиёт
транзит
узбекистон
ҳамлу нақл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/12/1062550585_0:265:3108:2013_1920x0_80_0_0_dbb9aa7644a37143d9b6d2a4607f6f73.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Узбекистон "Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ" — ро, ки 9 марти соли 2018 дар Душанбе ба имзо расида буд, ба тасвиб расонид.Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни тавзеҳи ин масъала дар парлумон гуфт, ки тағйирот ба Созишномаи байниҳукуматӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии ҳарду давлат, инчунин татбиқи ҳадафҳои стратегӣ оид ба табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати транзитӣ ворид карда шудааст.Ҳуҷҷат сода кардани гузариши транзитии мошинҳои боркашро тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон пешбинӣ менамояд."Ҳар сол дар маҷмуъ 25 000-30 000 иҷозатнома барои ҳамлу нақли дуҷониба, транзит ва интиқоли бор аз/ба давлати сеюм, ки қисми зиёди он барои боркашонии транзитӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон истифода мешавад, табодул мегардад. Ҳар сол воситаҳои нақлиёти автомобилии мамлакати мо зиёда аз 36 000 ҳамлу нақли байналмилалиро тавассути қаламрави Узбекистон анҷом медиҳанд ",- афзуд вазирТибқи Пртоколи имзошуда, акнун ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2024 Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Узбекистон "Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ" аз ҷониби Парлумони Узбекистон низ ба тасвиб расид.
https://sputnik.tj/20240911/tranziti-molhoi-tojikiston-uzbekiston-soddatar-meshavad-1064294802.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/12/1062550585_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_7f8c50dc27a7ff8c71a2b4faa4e1e1dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон узбекистон, транзит, боркашонӣ, осонтар, парлумон, тасдиқ
тоҷикистон узбекистон, транзит, боркашонӣ, осонтар, парлумон, тасдиқ
Парлумон тасдиқ кард: Транзити боркашонӣ тавассути қаламрави Узбекистон осонтар мешавад
14:21 04.10.2024 (Навсозишуда: 19:51 04.10.2024) Ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон бе рухсатнома амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Узбекистон "Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ" — ро, ки 9 марти соли 2018 дар Душанбе ба имзо расида буд, ба тасвиб расонид.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни тавзеҳи ин масъала дар парлумон гуфт, ки тағйирот ба Созишномаи байниҳукуматӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии ҳарду давлат, инчунин татбиқи ҳадафҳои стратегӣ оид ба табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати транзитӣ ворид карда шудааст.
Ҳуҷҷат сода кардани гузариши транзитии мошинҳои боркашро тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон пешбинӣ менамояд.
"Ҳар сол дар маҷмуъ 25 000-30 000 иҷозатнома барои ҳамлу нақли дуҷониба, транзит ва интиқоли бор аз/ба давлати сеюм, ки қисми зиёди он барои боркашонии транзитӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон истифода мешавад, табодул мегардад. Ҳар сол воситаҳои нақлиёти автомобилии мамлакати мо зиёда аз 36 000 ҳамлу нақли байналмилалиро тавассути қаламрави Узбекистон анҷом медиҳанд ",- афзуд вазир
Тибқи Пртоколи имзошуда, акнун ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2024 Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Узбекистон "Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ" аз ҷониби Парлумони Узбекистон низ ба тасвиб расид.