Масъалаи муҳоҷиратро худамон ҳал мекунем: Вокуниши сафири Русия ба дипломати олмонӣ

© Foto / Генконсульство России в г. ХоджентеПосол России в Таджикистане Семён Григорьев
Посол России в Таджикистане Семён Григорьев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2024
Обуна шудан
Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки максади кишварҳои “Ғарб” канда намудани робитаҳои таърихии ҷумҳурӣ бо Русия мебошад
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Пас аз анҷоми даври навбатии машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Олмон ва Тоҷикистон масъули Вазорати корҳои хориҷии Олмон Конрад Артс фон Штрауссенбург ба яке аз расонаҳои маъруфи тоҷик мусоҳиба дод, ки дар он аз ҷумла, изҳор дошт, ки "Олмон аз бархӯрд бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия нигарон аст".
Ҳамзамон, ин мақомдори олмонӣ мушаххас накардааст, ки чӣ гуна аз нигоҳи равобити дипломатӣ ва байнидавлатӣ, вазъи муҳоҷират дар Русия, ки дар ин маврид танҳо ба Русия ва Тоҷикистон марбут аст, ҳадди ақалл то андозае ба сиёсати Олмон рабте дошта бошад.
Дар вокуниш ба изҳороти як мақоми олмонӣ, сафири Русия Семён Григорьев тавсия додааст, ки "намояндагони Олмон арзёбии ҷанбаҳои муайяни равобити дуҷонибаи Русияву Тоҷикистонро дар худ нигоҳ доранд"
Ӯ таъкид кард, ки сатҳи равобити шарикӣ миёни Маскав ва Душанбе “ба мо имкон медиҳад, ки дар ҳама гуна масъалаҳо, аз ҷумла мушкилоти печида, ба мисли муҳоҷирати меҳнатӣ, баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онро пайдо кунем”.
"Ин изҳорот дар баробари баҳодиҳии анъанавии ғаразноки амалиёти вижаи низомӣ дар Украина тасдиқ мекунад, ки ҳадафи "Ғарб" дар Тоҷикистон на мусоидат ба рушди устувори ҷумҳурӣ аст, балки қатъи робитаҳои таърихии ҷумҳурӣ бо Русия мебошад. — таъкид кард Семён Григорьев.
Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз "нигарониҳо"-и намояндаи Олмон дар Тоҷикистон, суханони ӯ аз сиёсати воқеии Берлин, нисбат ба хориҷиён, ки рӯз аз рӯз шадидтар мешавад, ба куллӣ фарқ мекунанд.
Председатель Госдумы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2024
Раиси думаи давлатии Русия гуфт, муҳоҷирон дар кадом соҳаҳо иҷозати кор надоранд
Ҳамин тариқ, дар охири моҳи октябр садриаъзами Олмон Олаф Шолтс гуфт, ки "ба Олмон шумораи зиёди одамон меоянд" ва барои коҳиш додани муҳоҷират, мақомот ният доранд, ба ихроҷи оммавӣ даст зананд.
"Ман то ҳол як тадбири муҳимро номбар накардаам: дар ниҳоят мо бояд онҳоро ба таври оммавӣ ихроҷ кунем, ки ҳаққи мондан дар Олмонро надоранд", - гуфт Шолтс.
Қаблан, моҳи октябри соли 2023 пулиси Олмон дар ҳафт шаҳр алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, умдатан аз Африқо ва Ховари Миёна рейдҳои густарда анҷом дода, садҳо нафар хориҷиро боздошт кард.
Лентаи хабарҳо
0