https://sputnik.tj/20241112/peshnihodi-rahmon-baroi-tasisi-markazi-hamohangsozii-mintaqavi-oid-ba-yakhshinosi-dar-dushanbe-1065094929.html
Пешниҳоди Раҳмон барои таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ дар Душанбе
Пешниҳоди Раҳмон барои таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа пешниҳод кард, ки дар Душанбе Маркази яхшиносӣ таъсис дода шавад
2024-11-12T17:58+0500
2024-11-12T17:58+0500
2024-11-12T17:58+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
гармшавии иқлим
пирях
смм
боку
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0c/1065093793_79:188:2036:1289_1920x0_80_0_0_a7978ba9a7a3deb6157e025fcad29cde.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон зимни суханрониаш дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба масъалаҳои хавфу таҳдидҳои иқлимӣ ва пайомадҳои онҳо таваҷҷуҳи хос кард.Кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш даъват кард, ки ҳамагон талошу амалҳои худро барои ҳалли мушкилоти иқлимӣ бамаротиб зиёд намоянд.Ҳамчунин вай дар робита ба гузариш ба “энергияи сабз” пешниҳод кард, ки дар ин самт бояд амалҳои таъхирнопазир андешида шавад.“Истифодаи самараноки сарчашмаҳои неруи таҷдидшаванда барои коҳиши партофти газҳои гулхонаӣ ва рушди “иқтисоди сабз” мусоидати муассир хоҳад кард”, - гуфт Раҳмон.Роҳбари давлат қайд кард, ки Тоҷикистон ният дорад то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монад ва то соли 2037 Тоҷикистон ба кишвари “сабз” табдил хоҳад ёфт.Вай афзуд, ки имрӯз аллакай 98% барқи Тоҷикистон аз ҳисоби энергияи обӣ истеҳсол мешавад ва ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ дар сатҳи паст қарор дошта, аз рӯйи ин нишондод кишвари мо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дорад.Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.Роҳбари давлат қайд кард, ки бо мақсади баррасии ҳамаҷониба ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо, моҳи майи соли 2025 дар Душанбе гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд ба нақша гирифта шудааст.Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханрониаш ҳифзи пиряхҳо аз ҷонибдории пешниҳоди якҷои Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ” ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар ин хусус ёдовар шуд.Президенти Тоҷикистон инчунин, бо назардошти аҳаммияти хоссаи масъалаҳои зикршуда ва бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа, пешниҳод намуд, ки бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.Ёдовар мешавем, ки дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим президенти Тоҷикистон, сарони 80 давлат, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок карданд.
https://sputnik.tj/20241112/bor-zarurati-idomai-islohoti-iqtisodi-tojikiston-1065089917.html
https://sputnik.tj/20241112/rahmon-bo-imomi-akbari-al-azhar-muloqot-kard-az-chi-guftand-1065087477.html
боку
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0c/1065093793_292:215:1744:1304_1920x0_80_0_0_4a7655eb5821412817fa705ebcecc64a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раҳмон, таъсис, марках, яхшиносӣ, душанбе, пирях
тоҷикистон, раҳмон, таъсис, марках, яхшиносӣ, душанбе, пирях
Пешниҳоди Раҳмон барои таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ дар Душанбе
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа пешниҳод кард, ки дар Душанбе Маркази яхшиносӣ таъсис дода шавад
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон зимни суханрониаш дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба масъалаҳои хавфу таҳдидҳои иқлимӣ ва пайомадҳои онҳо таваҷҷуҳи хос кард.
Кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш даъват кард, ки ҳамагон талошу амалҳои худро барои ҳалли мушкилоти иқлимӣ бамаротиб зиёд намоянд.
“Тадбирҳои андешидашаванда, бешубҳа, барои таҳкими тавонмандии кишварҳо дар мутобиқшавӣ ва коҳиш додани осебпазирӣ аз тағйирёбии иқлим, аз ҷумла тавассути кумаки молиявии кишварҳои рушдёфта мусоидат менамояд” – гуфт ӯ.
Ҳамчунин вай дар робита ба гузариш ба “энергияи сабз” пешниҳод кард, ки дар ин самт бояд амалҳои таъхирнопазир андешида шавад.
“Истифодаи самараноки сарчашмаҳои неруи таҷдидшаванда барои коҳиши партофти газҳои гулхонаӣ ва рушди “иқтисоди сабз” мусоидати муассир хоҳад кард”, - гуфт Раҳмон.
Роҳбари давлат қайд кард, ки Тоҷикистон ният дорад то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монад ва то соли 2037 Тоҷикистон ба кишвари “сабз” табдил хоҳад ёфт.
Вай афзуд, ки имрӯз аллакай 98% барқи Тоҷикистон аз ҳисоби энергияи обӣ истеҳсол мешавад ва ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ дар сатҳи паст қарор дошта, аз рӯйи ин нишондод кишвари мо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дорад.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
Роҳбари давлат қайд кард, ки бо мақсади баррасии ҳамаҷониба ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо, моҳи майи соли 2025 дар Душанбе гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд ба нақша гирифта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханрониаш ҳифзи пиряхҳо аз ҷонибдории пешниҳоди якҷои Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ” ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар ин хусус ёдовар шуд.
Президенти Тоҷикистон инчунин, бо назардошти аҳаммияти хоссаи масъалаҳои зикршуда ва бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа, пешниҳод намуд, ки бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим президенти Тоҷикистон, сарони 80 давлат, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок карданд.