https://sputnik.tj/20241002/parvoz-khorugh-hamla-mufti-limiti-barq-sentyabr-tojikiston-1064556338.html
Парвоз ба Хоруғ, ҳамла ба муфтӣ ва лимити барқ: моҳи сентябр дар Тоҷикистон чӣ гуна буд
Парвоз ба Хоруғ, ҳамла ба муфтӣ ва лимити барқ: моҳи сентябр дар Тоҷикистон чӣ гуна буд
Sputnik Тоҷикистон
Дар тӯли як моҳ дар кишвар чанд ҳодисаи назаррасе ба вуқӯъ пайваст, ҳам ҳодисоти хушу муфид ва ҳам на он қадар хушоянд барои сокинони оддӣ
2024-10-02T09:36+0500
2024-10-02T09:36+0500
2024-10-02T09:36+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
муфтӣ
хоруғ
лимити барқ
иқтисод
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/19/1064469740_0:108:2047:1259_1920x0_80_0_0_0005d692acfe0237a1ca6db536591270.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Моҳи сентябр дар Тоҷикистон аз воқеот бой буд. Ба ғайр аз сафарҳои муҳими сарвари давлат ба мулоқот дар СММ ва боздиди Прокурори генералии Федератсияи Русия, моҳи сипарӣ бо як қатор пирӯзиҳои варзишӣ ва инчунин созишномаҳои муҳим бо ҳамсояҳо дар минтақа, ки метавонанд сафари шаҳрвандони оддиро осон кунанд, хотирмон шуд.Чанд ҳодисаи ташвишовар низ буд. Аз миёни онҳо, махсусан ҳамла ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва ҷорӣ кардани маҳдудияти нерӯи барқро қайд кардан лозим аст. Дар бораи он, ки моҳи сентябр бо чӣ хотирмон буд, муфассалтар дар матлаби Sputnik Тоҷикистон бихонед.Раҳмон аз қароргоҳи СММ дар Ню Йорк дидан кардЭмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк ширкат карда, аз зарурати қабули қатънома дар бораи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” сухан кард. Илова бар ин, раисиҷумҳур аз мушкилоти экологӣ ва тағирёбии иқлим ва аз ҷумла, кам аз шудани захираҳои обии ҷаҳон ва аз он, ки Тоҷикистон омода аст барои ҳалли ин мушкилот иқдом кунад, ёдовар шуд.Сарвари Тоҷикистон ҳамчунин зикр кард, ки нишасти Созмони Милали Муттаҳидро бояд ба як минбари беҳбуди ҳуқуқи занон, рушди таҳсилоти фарогир ва баррасии тағйирот дар сохтори молиявии ҷаҳонӣ, аз ҷумла барои мубориза бо фақр табдил додан зарур аст.Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ ӯ бо раҳбарони Қатар ва дигар магнатҳои нафтии Ховари Миёна мулоқот кард ва дар сӯҳбат бо раисиҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён аз ӯ даъват кард, ки ба Душанбе сафар кунад, то як қатор масоил барои таҳкими ҳамкорӣ, аз ҷумла тахфифҳои эҳтимолӣ дар масъалаи харидани сузишворӣ ва нафтро баррасӣ кунанд.Сафари Краснов ба ДушанбеРуйдоди на он қадар намоён, вале барои Тоҷикистон хеле муҳим, сафари додситони кулли Русия Игор Краснов буд.Моҳи сентябр ӯ барои мулоқот бо ҳамкорони хориҷӣ дар Шӯрои байнидавлатии мубориза бо фасод ба Душанбе сафар карда буд.Дар рафти вохӯриҳо Краснов ба ҳамкасбони худ оид ба таҷрибаи раҳоӣ аз мансабдорони фасодзадаро нақл кард, ки онҳо аз фаъолияти кориаш на ба хоҳиши худ, ки расман чунин ҷой дорад, балки бо ёддошти “бо сабаби гум шудани эътимод ” барканор шаванд. Ҳамин тавр, фасодкорон ба рӯйхати ҷамъиятӣ дохил карда мешаванд, ки он ба тахтаи нанг шабоҳат дорад. Ба эътиқоди ӯ, чунин рӯйхат дар кишварҳои ИДМ монеи шуғли афроде хоҳад шуд, ки орӣ аз сифоти кофии соҳибкорӣ ва ахлоқӣ ба вазифаи фахрӣ ҳастанд.Аммо чизи асосӣ ин аст, ки додситони кулли Русия ва ҳамтои тоҷики ӯ, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода созишномаи ҳамкориҳои байниидоравӣ оид ба ҷуброни муштараки зарари расида аз амали мансабдорони ришвахор ва ошкор кардани манбаи даромади ҳисобнашударо имзо карданд.Суиқасд ба ҷони муфтӣПурсару садотарин ҳодисаи ҷиноии моҳи охир ҳамла бо корд ба раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода буд. Ҳодиса рӯзи 11 сентябр дар наздикии масҷиди марказии шаҳр, билофосила баъди намоз рух дод.Шахси ношинос ба муфтӣ бо корд ҳамла кард, аммо ба хушбахтии муфтӣ ӯ ҷароҳати сабук бардошт ва гунаҳкор бошад, дастгир ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. Ба гуфтаи вазорати умури дохила, ҳамлагар ба авбошӣ муттаҳам мешавад ва ӯро то 7 сол зиндон таҳдид мекунад. Бо ин ҳол, коршиносон мегӯянд, ин ҳамла метавонад аз афзоиши мизони ифротгароӣ дарак диҳад.Мусулмонони Русия ва Шӯрои муфтиҳо чунин амал ва беэҳтиромӣ нисбат ба рӯҳониро маҳкум карда, таъкид кардаанд, ки гунаҳкор бояд муҷозот шавад.Рушан Аббясов, муовини раиси Идораи динии мусалмонони Федератсияи Русия гуфт: "Ин як амали ошкоро хушунатест, ки на танҳо алайҳи як пешвои муътабари рӯҳонӣ, балки алайҳи сулҳу субот дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронида шудааст."Сафорати Русия дар Тоҷикистон низ аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ кардааст ва Семён Григорйев шахсан ба муфтӣ шифои комил таманно кардааст.Вақти бебарқӣ ҳам расидАфсӯс, бо вуҷуди сармоягузории изофӣ ба нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва таҷдиди Норак, бо фарорасии сардиҳо тоҷикистониён боз бо лимити барқ дучор меоянд.Ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 22 сентябр маҳдудиятҳои эҳтимолиии барқро эълон карда, инро бо нарасидани захираи об барои тавлиди нерӯи барқ шарҳ дод, зеро талаботи аҳолӣ ба барқ афзоиш ёфтааст.Интизории лимит ҳам чандон тӯл накашид, пас аз эълони расмӣ сокинони вилояти Суғд дар як шабонарӯз 15 соат бе барқанд, зеро он фақат аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз соати 18 то 23 бегоҳӣ дастрас аст. Аммо раҳбарияти шабакаҳои барқи маҳаллӣ онҳоро итминон медиҳад, ки бо фаро расидани ҳавои сард вазъ беҳбудӣ меёбад ва шояд маҳдудият бардошта шавад. Ба қавли онҳо лимит ба пешбурди корҳои обёрӣ дахл дорад.Парвозҳо ба Хоруғ ва хатсайр ба ТошкандБо гузашти 7 сол ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ниҳоят парвозҳоро дар масири Душанбе – Хоруғ аз сар гирифт. Акнун барои сокинон расидан ба маркази маъмурии ВМКБ ва бозгашт хеле осонтар мешавад.Ба нақша гирифта шудааст, ки парвозҳо бо ҳавопаймои АН-28 ҳар рӯзи душанбе, чоршанбе ва ҷумъа анҷом дода шаванд. Аммо, ширкат пешакӣ ҳушдор додааст, ки ҷадвали парвозҳо аз шароити обу ҳаво хеле вобаста аст. Ҳамин тариқ, парвози нахустин аз Душанбе ба Хоруғ ба далели номусоидии обу ҳаво дар ВМКБ ба таъхир афтод.Ҳамчунин, дар баробари азсаргирии парвозҳо ба Хоруғ, мақомоти Тоҷикистон дар моҳи ҷорӣ бо ҳамсояи худ як созишномаи муҳими ҳавопаймоӣ имзо карданд. Ҳамакнун бар асоси тафоҳум миёни "Тоҷикаэронавигатсия" ва "Узаэронавигатсия", Душанбе ва Тошканд тавассути долони нави ҳавоӣ пайваст мешаванд. Ба гуфтаи мақомоти назоратӣ, ин масир бо сарфаи вақт ва сӯзишворӣ ҳам барои сайёҳон ва ҳам барои интиқолдиҳандагон қулай хоҳад буд.Муносибатҳои нақлиётии Тоҷикистону Узбекистон танҳо бо хатсайри ҳавоӣ маҳдуд нашуданд. Ҷонибҳо дар мавриди роҳандозии хатсайри нави автобусҳо миёни Алмалик ва Хуҷанд ба мувофиқа расиданд. Рафтуо ҳаррӯза хоҳад буд.Бо як сархатАз 5 сентябр тоҷикон метавонанд дар Қирғизистон то 2 моҳ бидуни ҳуҷҷат бимонанд ва баъдан бо гузашти 120 рӯз боз ба ин кишвар сафар кунанд. Қаблан имкони сабти ном шудан ва мондан дар ин кишвар то 6 моҳ буд.Тоҷикистон аз қатъномаи СММ дар бораи хуруҷи нирӯҳои исроилӣ аз қаламрави Фаластин пуштибонӣ кард.Эмомалӣ Раҳмон дар Гулистон як корхонаи металлургӣ ифтитоҳ кард, ки он 130 нафарро бо ҷои корӣ таъмин сохта, солона ҳудуди 15 миллион доллар фоида меорад. Илова бар ин, раисиҷумҳур зимни сафари корӣ ба ноҳияи Нурободи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ба 22 оилаи аз офати табиӣ осебдида, калиди биноҳои нави истиқоматиро супурд.Моҳи январ Русия дар Хиёбони шӯҳрат дар Душанбе санги ёдбуд бо номи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз миёни сокинон ва зодагони Тоҷикистон насб мекунад. Дар ин бора Семён Григорев, сафири Русия дар рафти як конфронс дар остонаи 80-умин солгарди Ғалаба хабар дод.Дар Ҳисор иншооти "Харбуза"-и машҳур, вале бефоида - чойхонае дар шакли харбузаи азим сохташударо ба фурӯш гузоштанд. Он зиёда аз 8 сол бекор меистод ва баъди муфлис шудани соҳиби охиринаш ба маблағи 35 миллион фурӯхта мешавад.Вазорати маориф дар 140 мактаби Тоҷикистон низоми нави баҳогузориро дар реҷаи озмоишӣ роҳандозӣ мекунад. Акнун дараҷаи дониши талабагон аз рӯи ҷадвали 10-хола муайян карда мешавад: баҳои пасттарин аз 1 то 3 хол ва беҳтарин аз 7 то 10.Варзишгари ҷавони тоҷик Фариноз Абдуллоева дар мусобиқоти наврасон дар Амороти Муттаҳидаи Араб соҳиби унвони қаҳрамони бокси Осиё шуд. Илова бар ин, мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён дар Остона шаш медали биринҷӣ ба даст овард.Гкрӯҳи эҷодии Театри давлатии драмавии пойтахт ба номи Маяковский бори аввал бо сафари эҷодӣ ба шаҳрҳои Иваново ва Кинешмаи Русия рафт.
https://sputnik.tj/20240925/nigaroni-rahmon-afzoishi-afkori-islomsitezi-siyosati-dukhura-jahon-1064472836.html
https://sputnik.tj/20220726/muhojirat-afghoniston-ukraina-krasnov-dushanbe-1050277494.html
https://sputnik.tj/20240914/hamla-muftii-tojikiston-avboshi-terroristi-1064329481.html
https://sputnik.tj/20240922/limit-barq-tojikiston-elon-barqi-tojik-sharh--1064430775.html
https://sputnik.tj/20240927/tojik-eyr-parvoz-dushanbe-khorugh-1064504319.html
https://sputnik.tj/20240412/safir-umedvorem-tojikiston-iiao-1062451231.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/19/1064469740_112:0:1935:1367_1920x0_80_0_0_d8dc763c374856fa41a82b964b378fc8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, смм, сиёсат, иҷтимоъ, иқтисод, сентябр, муфтӣ, ҳамла, лимити барқ, хоруғ, парвоз
тоҷикистон, смм, сиёсат, иҷтимоъ, иқтисод, сентябр, муфтӣ, ҳамла, лимити барқ, хоруғ, парвоз
Парвоз ба Хоруғ, ҳамла ба муфтӣ ва лимити барқ: моҳи сентябр дар Тоҷикистон чӣ гуна буд
Дар тӯли як моҳ дар кишвар чанд ҳодисаи назаррасе ба вуқӯъ пайваст, ҳам ҳодисоти хушу муфид ва ҳам на он қадар хушоянд барои сокинони оддӣ
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Моҳи сентябр дар Тоҷикистон аз воқеот бой буд. Ба ғайр аз сафарҳои муҳими сарвари давлат ба мулоқот дар СММ ва боздиди Прокурори генералии Федератсияи Русия, моҳи сипарӣ бо як қатор пирӯзиҳои варзишӣ ва инчунин созишномаҳои муҳим бо ҳамсояҳо дар минтақа, ки метавонанд сафари шаҳрвандони оддиро осон кунанд, хотирмон шуд.
Чанд ҳодисаи ташвишовар низ буд. Аз миёни онҳо, махсусан ҳамла ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва ҷорӣ кардани маҳдудияти нерӯи барқро қайд кардан лозим аст. Дар бораи он, ки моҳи сентябр бо чӣ хотирмон буд, муфассалтар дар матлаби Sputnik Тоҷикистон бихонед.
Раҳмон аз қароргоҳи СММ дар Ню Йорк дидан кард
Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк ширкат карда, аз зарурати қабули қатънома дар бораи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” сухан кард. Илова бар ин, раисиҷумҳур аз мушкилоти экологӣ ва тағирёбии иқлим ва аз ҷумла, кам аз шудани захираҳои обии ҷаҳон ва аз он, ки Тоҷикистон омода аст барои ҳалли ин мушкилот иқдом кунад, ёдовар шуд.
Сарвари Тоҷикистон ҳамчунин зикр кард, ки нишасти Созмони Милали Муттаҳидро бояд ба як минбари беҳбуди ҳуқуқи занон, рушди таҳсилоти фарогир ва баррасии тағйирот дар сохтори молиявии ҷаҳонӣ, аз ҷумла барои мубориза бо фақр табдил додан зарур аст.
Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ ӯ бо раҳбарони Қатар ва дигар магнатҳои нафтии Ховари Миёна мулоқот кард ва дар сӯҳбат бо раисиҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён аз ӯ даъват кард, ки ба Душанбе сафар кунад, то як қатор масоил барои таҳкими ҳамкорӣ, аз ҷумла тахфифҳои эҳтимолӣ дар масъалаи харидани сузишворӣ ва нафтро баррасӣ кунанд.
Сафари Краснов ба Душанбе
Руйдоди на он қадар намоён, вале барои Тоҷикистон хеле муҳим, сафари додситони кулли Русия Игор Краснов буд.
Моҳи сентябр ӯ барои мулоқот бо ҳамкорони хориҷӣ дар Шӯрои байнидавлатии мубориза бо фасод ба Душанбе сафар карда буд.
Дар рафти вохӯриҳо Краснов ба ҳамкасбони худ оид ба таҷрибаи раҳоӣ аз мансабдорони фасодзадаро нақл кард, ки онҳо аз фаъолияти кориаш на ба хоҳиши худ, ки расман чунин ҷой дорад, балки бо ёддошти “бо сабаби гум шудани эътимод ” барканор шаванд. Ҳамин тавр, фасодкорон ба рӯйхати ҷамъиятӣ дохил карда мешаванд, ки он ба тахтаи нанг шабоҳат дорад. Ба эътиқоди ӯ, чунин рӯйхат дар кишварҳои ИДМ монеи шуғли афроде хоҳад шуд, ки орӣ аз сифоти кофии соҳибкорӣ ва ахлоқӣ ба вазифаи фахрӣ ҳастанд.
Аммо чизи асосӣ ин аст, ки додситони кулли Русия ва ҳамтои тоҷики ӯ, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода созишномаи ҳамкориҳои байниидоравӣ оид ба ҷуброни муштараки зарари расида аз амали мансабдорони ришвахор ва ошкор кардани манбаи даромади ҳисобнашударо имзо карданд.
Пурсару садотарин ҳодисаи ҷиноии моҳи охир ҳамла бо корд ба раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода буд. Ҳодиса рӯзи 11 сентябр дар наздикии масҷиди марказии шаҳр, билофосила баъди намоз рух дод.
Шахси ношинос ба муфтӣ бо корд ҳамла кард, аммо ба хушбахтии муфтӣ ӯ ҷароҳати сабук бардошт ва гунаҳкор бошад, дастгир ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. Ба гуфтаи вазорати умури дохила, ҳамлагар ба авбошӣ муттаҳам мешавад ва ӯро то 7 сол зиндон таҳдид мекунад. Бо ин ҳол, коршиносон мегӯянд, ин ҳамла метавонад аз афзоиши мизони ифротгароӣ дарак диҳад.
Мусулмонони Русия ва Шӯрои муфтиҳо чунин амал ва беэҳтиромӣ нисбат ба рӯҳониро маҳкум карда, таъкид кардаанд, ки гунаҳкор бояд муҷозот шавад.
Рушан Аббясов, муовини раиси Идораи динии мусалмонони Федератсияи Русия гуфт: "Ин як амали ошкоро хушунатест, ки на танҳо алайҳи як пешвои муътабари рӯҳонӣ, балки алайҳи сулҳу субот дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронида шудааст."
Сафорати Русия дар Тоҷикистон низ аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ кардааст ва Семён Григорйев шахсан ба муфтӣ шифои комил таманно кардааст.
Афсӯс, бо вуҷуди сармоягузории изофӣ ба нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва таҷдиди Норак, бо фарорасии сардиҳо тоҷикистониён боз бо лимити барқ дучор меоянд.
Ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 22 сентябр маҳдудиятҳои эҳтимолиии барқро эълон карда, инро бо нарасидани захираи об барои тавлиди нерӯи барқ шарҳ дод, зеро талаботи аҳолӣ ба барқ афзоиш ёфтааст.
Интизории лимит ҳам чандон тӯл накашид, пас аз эълони расмӣ сокинони вилояти Суғд дар як шабонарӯз 15 соат бе барқанд, зеро он фақат аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз соати 18 то 23 бегоҳӣ дастрас аст. Аммо раҳбарияти шабакаҳои барқи маҳаллӣ онҳоро итминон медиҳад, ки бо фаро расидани ҳавои сард вазъ беҳбудӣ меёбад ва шояд маҳдудият бардошта шавад. Ба қавли онҳо лимит ба пешбурди корҳои обёрӣ дахл дорад.
Парвозҳо ба Хоруғ ва хатсайр ба Тошканд
Бо гузашти 7 сол ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ниҳоят парвозҳоро дар масири Душанбе – Хоруғ аз сар гирифт. Акнун барои сокинон расидан ба маркази маъмурии ВМКБ ва бозгашт хеле осонтар мешавад.
Ба нақша гирифта шудааст, ки парвозҳо бо ҳавопаймои АН-28 ҳар рӯзи душанбе, чоршанбе ва ҷумъа анҷом дода шаванд. Аммо, ширкат пешакӣ ҳушдор додааст, ки ҷадвали парвозҳо аз шароити обу ҳаво хеле вобаста аст. Ҳамин тариқ, парвози нахустин аз Душанбе ба Хоруғ ба далели номусоидии обу ҳаво дар ВМКБ ба таъхир афтод.
Ҳамчунин, дар баробари азсаргирии парвозҳо ба Хоруғ, мақомоти Тоҷикистон дар моҳи ҷорӣ бо ҳамсояи худ як созишномаи муҳими ҳавопаймоӣ имзо карданд. Ҳамакнун бар асоси тафоҳум миёни "Тоҷикаэронавигатсия" ва "Узаэронавигатсия", Душанбе ва Тошканд тавассути долони нави ҳавоӣ пайваст мешаванд. Ба гуфтаи мақомоти назоратӣ, ин масир бо сарфаи вақт ва сӯзишворӣ ҳам барои сайёҳон ва ҳам барои интиқолдиҳандагон қулай хоҳад буд.
Муносибатҳои нақлиётии Тоҷикистону Узбекистон танҳо бо хатсайри ҳавоӣ маҳдуд нашуданд.
Ҷонибҳо дар мавриди роҳандозии хатсайри нави автобусҳо миёни Алмалик ва Хуҷанд ба мувофиқа расиданд. Рафтуо ҳаррӯза хоҳад буд.
Аз 5 сентябр тоҷикон метавонанд дар Қирғизистон то 2 моҳ бидуни ҳуҷҷат бимонанд ва баъдан бо гузашти 120 рӯз боз ба ин кишвар сафар кунанд. Қаблан имкони сабти ном шудан ва мондан дар ин кишвар то 6 моҳ буд.
Тоҷикистон аз қатъномаи СММ дар бораи хуруҷи нирӯҳои исроилӣ аз қаламрави Фаластин пуштибонӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар Гулистон як корхонаи металлургӣ ифтитоҳ кард, ки он 130 нафарро бо ҷои корӣ таъмин сохта, солона ҳудуди 15 миллион доллар фоида меорад. Илова бар ин, раисиҷумҳур зимни сафари корӣ ба ноҳияи Нурободи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ба 22 оилаи аз офати табиӣ осебдида, калиди биноҳои нави истиқоматиро супурд.
Моҳи январ Русия дар Хиёбони шӯҳрат дар Душанбе санги ёдбуд бо номи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз миёни сокинон ва зодагони Тоҷикистон насб мекунад. Дар ин бора Семён Григорев, сафири Русия дар рафти як конфронс дар остонаи 80-умин солгарди Ғалаба хабар дод.
Дар Ҳисор иншооти "Харбуза"-и машҳур, вале бефоида - чойхонае дар шакли харбузаи азим сохташударо ба фурӯш гузоштанд. Он зиёда аз 8 сол бекор меистод ва баъди муфлис шудани соҳиби охиринаш ба маблағи 35 миллион фурӯхта мешавад.
Вазорати маориф дар 140 мактаби Тоҷикистон низоми нави баҳогузориро дар реҷаи озмоишӣ роҳандозӣ мекунад. Акнун дараҷаи дониши талабагон аз рӯи ҷадвали 10-хола муайян карда мешавад: баҳои пасттарин аз 1 то 3 хол ва беҳтарин аз 7 то 10.
Варзишгари ҷавони тоҷик Фариноз Абдуллоева дар мусобиқоти наврасон дар Амороти Муттаҳидаи Араб соҳиби унвони қаҳрамони бокси Осиё шуд. Илова бар ин, мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён дар Остона шаш медали биринҷӣ ба даст овард.
Гкрӯҳи эҷодии Театри давлатии драмавии пойтахт ба номи Маяковский бори аввал бо сафари эҷодӣ ба шаҳрҳои Иваново ва Кинешмаи Русия рафт.