https://sputnik.tj/20240925/nigaroni-rahmon-afzoishi-afkori-islomsitezi-siyosati-dukhura-jahon-1064472836.html
Нигаронии Раҳмон аз афзоиши афкори исломситезӣ ва “сиёсати духӯра” дар ҷаҳон
Нигаронии Раҳмон аз афзоиши афкори исломситезӣ ва “сиёсати духӯра” дар ҷаҳон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Маҷмааи умумии СММ аз афзоиши афкори исломситезӣ дар ҷаҳон таъкид кард
2024-09-25T13:11+0500
2024-09-25T13:11+0500
2024-09-25T18:35+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
сиёсат
смм
суханронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/19/1064469782_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_231038bfebc88caa16f2bc9551a4815c.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон перзиденти кишвар зимни суханрониаш дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост вобаста ба таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, киберҷиноятҳо, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин, дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ бояд амалҳои муштарак ва муассирро анҷом диҳанд.Илова ба ин раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки солҳои охир афзоиши афкори исломситезӣ, инчунин, падидаи истифода аз “сиёсати духӯра” дар муносибатҳои байналмилалӣ боиси нигаронӣ гардидааст.“Кишвари мо дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал ва ниҳодҳои дахлдори он, инчунин, дигар шарикон, ҷиҳати муқовимат ба хавфу хатарҳои амниятӣ пайваста иқдомҳои муштаракро роҳандозӣ мекунад”,- гуфт ӯ.Кишвардори Тоҷикистон илова кард, ки ба ин мақсад Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ бо Дафтари зидитеррористии Созмони Милал моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ал-Кувайт Конфронси навбатиро дар доираи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” баргузор менамоянд.Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки ин чорабинӣ масъалаҳои пойдории амнияту суботи фарогирро дар меҳвари худ қарор дода, ба идомаи муколамаи васеъ ва боэътимод, инчунин табодули таҷрибаву афкори созанда дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20240925/rahmon-smm-vaz-falastin-afghoniston-guft-1064472195.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/19/1064469782_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_20ca47d4515ae62f58c8a90aca194eff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, смм, сиёсати духура, исломситезӣ, афзоиш
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, смм, сиёсати духура, исломситезӣ, афзоиш
Нигаронии Раҳмон аз афзоиши афкори исломситезӣ ва “сиёсати духӯра” дар ҷаҳон
13:11 25.09.2024 (Навсозишуда: 18:35 25.09.2024) Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Маҷмааи умумии СММ аз афзоиши афкори исломситезӣ дар ҷаҳон таъкид кард
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон перзиденти кишвар зимни суханрониаш дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост вобаста ба таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, киберҷиноятҳо, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин, дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ бояд амалҳои муштарак ва муассирро анҷом диҳанд.
Илова ба ин раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки солҳои охир афзоиши афкори исломситезӣ, инчунин, падидаи истифода аз “сиёсати духӯра” дар муносибатҳои байналмилалӣ боиси нигаронӣ гардидааст.
“Кишвари мо дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал ва ниҳодҳои дахлдори он, инчунин, дигар шарикон, ҷиҳати муқовимат ба хавфу хатарҳои амниятӣ пайваста иқдомҳои муштаракро роҳандозӣ мекунад”,- гуфт ӯ.
Кишвардори Тоҷикистон илова кард, ки ба ин мақсад Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ бо Дафтари зидитеррористии Созмони Милал моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ал-Кувайт Конфронси навбатиро дар доираи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” баргузор менамоянд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки ин чорабинӣ масъалаҳои пойдории амнияту суботи фарогирро дар меҳвари худ қарор дода, ба идомаи муколамаи васеъ ва боэътимод, инчунин табодули таҷрибаву афкори созанда дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард.