"Лимит"-и барқ дар Тоҷикистон расман эълон шуд: “Барқи тоҷик” шарҳ дод

© Sputnik / Амир ИсаевХуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2024
Обуна шудан
"Барқи тоҷик" дар такя ба мутахассисони соҳа гуфтааст, соли ҷорӣ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як миллиард киловатт – соатро пешгўӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон сар аз имрӯз боз лимити барқ ҷорӣ мешавад.
Дар ин бора "Барқи тоҷик" бо нашри як муроҷиатнома иттилоъ дода гуфт, ки сар аз 22 сентябр "дар таъмини неруи барқ маҳдудият ҷорӣ карда мешавад".
Сабаби ин тасмим, сол аз сол зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба барқ ва зимистони сард дар соли ҷорӣ, ки имкон дорад ба дарёи Вахш об камтар ояд.
"Ҳамватанони азиз хуб дар хотир доранд, ки зимистони соли гузашта камбориш омад ва захираи об дар минтақаҳои ташаккулёбии дарёи Вахш хеле кам гардид. Сол аз сол зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат норасоии мавсимии неруи барқро ба миён меорад",- афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод дар такя ба мутахассисони соҳа гуфтааст, соли ҷорӣ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як миллиард киловатт – соатро пешгўӣ мешавад.
Ба гуфтаи "Барқи тоҷик", таҷрибаи солҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки барои таъмини сифатноки барқ дар мавсими сармо ҷорӣ кардани маҳдудият дар давраи нисбатан гарм будани ҳаво барои аҳолӣ мушкилоти зиёд намеорад.
Ҳамзамон аз аҳолӣ даъват шудааст, ки ба давраи зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар мавсими тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода намоянд.
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2024
Вазир аз лимити барқ чизе нагуфт, аммо гуфт ангишту дигар сӯзишвориҳо захира намоед
Тибқи иттилои Вазорати энергетика дар нимсолаи якуми соли 2024 истеҳсоли барқ дар кишвар (бо дарназардошти НБО-ҳои хурд) беш аз 10,3 млрд. кВт. соатро ташкил додааст.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 393,4 млн. кВт. соат кам будааст. Ба ҳисоби Вазорати энергетика суръати афзоиш дар ин давра 92,8% таъмин гардидааст.
Қаблан раиси ширкати "Барқи тоҷик", Муҳаммадумар Асозода, зимни нишасте гуфт, ки маҳудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон замоне бартараф мешавад, ки ҳаҷми об дар дарё барои тавлиди ҳаҷми нерӯи барқ, ки талаботро қонеъ кунад, боло равад.
Аммо вазири энержӣ Далер Ҷумъа мегӯяд, бинобар тағйирёбии иқлим вазъ ташвишовартар мешавад.
Лентаи хабарҳо
0