"Тоҷик Эйр" парвозҳоро аз Душанбе ба Хоруғ аз сар мегирад: нарх 900 сомонӣ

© Sputnik / Марина ЛысцеваСамолет Ан-28
Самолет Ан-28  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2024
Обуна шудан
Парвозҳоро ҳавопаймои АН-28 анҷом медиҳад. Акнун дар як ҳафта се маротиба омадану рафтан ба ВМКБ тариқи ҳавопаймо имконпазир шуд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сар аз 30 сентябр пас аз танаффуси тӯлонӣ нахустин парвоз аз Душанбе ба шаҳри Хоруғ сурат мегирад.
Дар ин бора ширкати "Тоҷик Эйр" ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, парвозҳоро ҳафтае се маротиба, рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа маҳз ҳамин ширкат анҷом медиҳад.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳавопаймоҳи Ан-28 имкони ҷо додани 17 нафарро дорад ва вобаста ба вазъи ҳаво парвозҳо дар рӯзҳои зикршуда сурат хоҳанд гирифт.
Гунаҳкори суқути “Тоҷикэйр” кист?
Бояд гуфт, қаблан низ ҳамин ҳавопаймо ба Хоруғ парвоз мекард ва акнун пас аз таъмир дубора парвозро оғоз мекунад.
Ширкати фурӯши чиптаҳоро оғоз кардааст. Нархи чипта 900 сомонӣ буда, хоҳишмандон метавонанд онро аз нуқтаи фурӯши чиптаҳои "Тоҷик Эйр", ки дар бинои ин ширкат ҷойгир аст, дастрас кунанд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 30 сентябр, соати 8:00 бояд нахустин парвоз аз Душанбе самти Хоруғ сурат гирад. Давомнокии парвоз 1 соату 10 дақиқа ташкил медиҳад. Зимнан соати 10:00 ҳавопаймо бозпас аз Душанбе бармегардад.
Ёдовар мешавем, ки алоқаи ҳавои байни Душанбеву Хоруғ соли 2017 мутаваққиф шуд. Мақомот далели мутаваққиф шудани парвозҳоро ба набудани ҳавопаймо рабт доданд.
Аэропорт в горах Хорога, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2023
Баъди исти тӯлонӣ парвозҳоро ба самти ВМКБ аз сар гирифтанд
Бояд гуфт, соли гузашта ҳавопаймои чехӣ як парвози озмоишӣ аз Душанбе ба ВМКБ анҷом дод ва он замон ҳукумати вилоят гуфт, минбаъд парвозҳо дар ин самт аз сар гирифта мешаванд, вале баъди он дигар ягон парвоз сурат нагирифт.
Лентаи хабарҳо
0