Сафир: Умедворем Тоҷикистон ба самти ИИАО ҳаракат хоҳад кард

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонк Посол России в Таджикистане Семен Григорьев
 Посол России в Таджикистане Семен Григорьев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2024
Обуна шудан
Умед аст Тоҷикистон, ки таҷрибаи дигар ҳамсояҳояшро дар ИИАО меомӯзад, ба ин самт ҳаракат хоҳад кард, изҳор дошт сафири Русия дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё намуди олии ҳамгироии кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия мебошад.
Ин нуктаро сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев зимни конфронси байналмилалии "Русия ва ҷаҳон: муколамаҳои - 2024. Қувваҳои ҷозиба" баён дошт.
Ӯ гуфт, Русия равандҳои ҳамгироӣ дар минтақаро дастгирӣ мекунад ва мулоқотҳои мунтазами роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳалли масоили минтақавӣ мусоидат мекунанд.
Флаг Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2024
Эрон мехоҳад мақоми нозирӣ дар ИИАО-ро ба даст орад
"Дар баробари таҳкими амнияти минтақавӣ, аз мақсадҳои афзалиятноки мо мусоидат барои озодии ҳаракати коло, хадамот, сармоя ва нерӯи корӣ, гузарондани сиёсати ҳамоҳангшуда дар бахшҳои калидии иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар бозигарони ғайриминтақавӣ мебошад", - гуфт сафир.
Григорев таъкид намуд, ки дар ин бахш нақши бузургро Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебозад, ки бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аллакай узви ин созмонанд. Ин намуди олии ҳамгироии иқтисодии кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия мебошад, изҳор дошт вай.
"Дар ин марҳила мо умед дорем, Тоҷикистон, ки таҷрибаи дигар ҳамсояҳояшро дар ИИАО меомӯзад, ба ин самт ҳаракат хоҳад кард", - илова намуд сафири Русия.
Маврид ба зикр аст, ки феълан Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия узви ИИАО мебошанд.
Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ дар доираи созмон самти афзалиятноки фаъолияти он арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0