https://sputnik.tj/20240807/sharqi-nazdik-bosurat-sui-jangi-kalon-meshitobad-1063828788.html
Шарқи Наздик босуръат сӯи ҷанги калон мешитобад
Шарқи Наздик босуръат сӯи ҷанги калон мешитобад
Sputnik Тоҷикистон
Вазъият дар Шарқи Наздик шиддат меёбад. Ва дар ҳоле, ки тамоми ҷаҳон мушоҳида мекунад, ки Теҳрон ба қатли Фуод Шукр ва Исмоил Ҳания чӣ гуна вокуниш нишон медиҳад, Вошингтон вақтро беҳуда сарф намекунад.Ё мехоҳад ҳамаро ба ин бовар кунонад.
2024-08-07T11:59+0500
2024-08-07T11:59+0500
2024-08-14T13:20+0500
исроил
эрон
лубнон
фаластин
ҳизбуллоҳ
ҳамос
има
ҷанг
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/15/1063287146_0:58:3072:1786_1920x0_80_0_0_9249b75e1af2535226c3b04d2e2bcd49.jpg
ДУШАНБЕ, 7 август — Sputnik, Давид Нармания. Ҳафтаи гузашта Иёлоти Муттаҳида як гурӯҳи зарбазанандаро ба гулӯгоҳи Ҳурмуз бо фармодеҳии нови ҳавопаймобар “USS Теодор Рузвелт” фиристод, ки онро шаш киштии дигар ҳамроҳӣ мекунанд - онҳоро аз Баҳри Сурх интиқол доданд, ки дар он ҷо киштиҳо ба кӯшишҳои Ҳусиҳои Яман дар бастани роҳҳои савдо муқобилат мекарданд. Пас аз он дар бораи тасмими роҳбари Пентагон дар бораи иваз кардани ин гурӯҳи зарбазананда бо нови ҳавопаймобари Abraham Lincoln маълум шуд.Илова бар ин, гурӯҳи ҷангии киштии десантии “USS Wasp” бо зиёда аз 30 ҳавопаймо ва чархбол дар баҳри Миёназамин навбатдорӣ мекунад. Дар он инчунин тақрибан 4,500 низомиёни баҳрии ИМА-қарор доранд.Аммо кор бо ин ҳам тамом нашуд. Ллойд Остин фармон дод, ки як гурӯҳи иловагии ҳавопаймоҳои F-22 ба минтақа фиристода шавад ва баъзе расонаҳо навореро нашр карданд, ки гӯё як ҳавопаймои стратегии бомбаандози В-2 дар Қатар фуруд омадааст.Ҳукумати Исроил дар паси мушакҳои қувваҳои ҳарбии баҳрӣ ва ҳарбии ҳавоии хориҷӣ пинҳон шуда, ба озмоиши қувваи ҳарифони эҳтимолии худ шурӯъ мекунад. Ҳамин тариқ, як рӯз пеш аз ин чор ҳавопаймои қувваҳои ҳарбии ҳавоии Исроил ба осмони Лубнон даромада, баъд аз он, чунон ки хадамоти авиатсияи гражданиикишвари араб ба таври мухтасар тавсиф намуд, "дар болои Бейрут парвоз намуданд".Онеро ки руй дод, иғвогарӣ номидан мумкин аст, вале барои ин мо бояд ақаллан тамоми воқеаҳои даҳ моҳи охирро фаромуш кунем. Аз ин рӯ, чунон, ки аз филми машҳури шӯравӣ бармеояд: ин барои ҷанг кам, вале барои иғвогарӣ хеле зиёд аст. Дарҳол пас аз ҳамла ба Маҷдал- Шамс ҳукумати Лубнон аз Вашингтон даъват кард, ки ба Исроил таъсир расонад ва аз густариши бӯҳрон ба ҷанги васеъмиқёс пешгирӣ кунад. Гузашта аз ин, амрикоиҳо ҳатто аз Телавив хоҳиш карданд, ки ба Бейрут ҳамла накунад.То чӣ андоза Исроил ба талабҳои шарики стратегии худ бодиккат муносибат мекунад, аҳли ҷаҳон баъди чанд руз, вақте ки қувваҳои ҳарбии ҳавоии он ба канори ҷанубии пойтахти Лубнон зарбаи мушакӣ заданд, фаҳмид. Се нафар, аз ҷумла Фуод Шукр, фармондеҳи баландпояи Ҳизбуллоҳ кушта ва 74 нафар маҷрӯҳ шуданд.Гегемон, албатта, фарсуда шудааст, вале ин гуна ба назар нагирифтани хоҳиши сарпарастро танҳо бо як чиз шарҳ додан мумкин аст: худи Исроил дар Шарқи Наздик ҷанги калонро мехоҳад. Шарҳ, дар назари аввал, мантиқист, аммо дар ин ҷо ҳама чиз то андозае мураккабтар аст. Ҳатто як бархӯрди мустақим бо Ҳизбуллоҳ пас аз даҳ моҳи ҷанг дар Ғазза барои Телавив ниҳоят хатарнок ба назар мерасад. Гузашта аз ин, ҷомеаи Исроил бештар аз ҳукумат натиҷаҳои ҳуҷум ба Ғазза ва ҳарчи зудтар хотима додани амалиёти ҷангиро талаб дорад. Захираи даъватшудагон низ бепоён нест ва бори гарон ба дӯши иқтисодиёт низ ҳис мешавад. Аммо дар якҷоягӣ ин омилҳо наметавонанд як ҳолати хеле муҳимро паси сар кунанд - ҳамин ки вазъ ба эътидол меояд, Нетаняҳу ба эҳтимоли зиёд истеъфо хоҳад дод ва он тарафаш дур нест, ки ба далели тӯдаи иттиҳомоти фасодкорӣ ба курсии додгоҳ кашида шавад, агар то он вақт чизе бештар ба он илова нашавад.Аммо Натаняҳу бо дарозумрии сиёсии худ дарк мекунад, ки Исроил наметавонад бо Эрон танҳо бимонад. Ҳатто Ҳизбуллоҳ як рақиби душвор барои Телавив аст, хеле ҷиддитар аз Ҳамос, ки Нерӯҳои ҳарбии Исроил тақрибан як сол боз бо он мубориза мебаранд. Ва барои ҳамин сарвазир бояд Иёлоти Муттаҳидаро ба вартаи шиддати вазъият кашад.Вашингтон ҳам дар навбати худ ба ҷанг бо Эрон он қадар омода нест. Дар ин ҷо низоъ дар Украина бояд ҳал карда шавад, вагарна фарёди даҳшат аз канораҳои соҳили Балтикаи Аврупо ором намегузорад. Илова бар ин, дар бозори саҳҳомӣ мушкилот пайдо мешаванд.Ва ҳамаи ин дар пасманзари интихоботи дарпешистода, ки кишвар ба он хеле қутбӣ ворид мешавад, ягона наҷот ин аст, ки ҳарду номзад ҳатто барои ҷонибдорони худ баҳсбарангезанд. Ва ҳамаи тадбирҳое, ки дар бандҳои аввал номбар шудаанд, албатта, таҳдидкунанда ба назар мерасанд, аммо ба омодагӣ ба ҷанги бузург бо Эрон монанд нестанд. Барои муқоиса Иёлоти Муттаҳида сӣ сол пеш ба амалиёти “Тӯфони биёбон” хеле ҷиддӣ омода буд. Ва ба ҷои эскадриля ва гурухи ҳавопаймобарҳоба Шарқи Наздик ҳазор ҳавопаймо ва шаш нови ҳавопаймобарро оварданд. Ва на 4500 низомиёни баҳрӣ барои қисми заминии амалиёт, балки гурӯҳи сад маротиба калонтар. Ва ин муболиға нест, он вақт ба ҷанг 450 ҳазор нафар амрикоиён фиристода шуданд. Ҳамин тавр, ҳамаи ин тобиши мушакҳо ба фиреб монанд аст.Бо вуҷуди ин, ин фиреб маъно дорад, зеро худи Эрон ба бархӯрди мустақим манфиатдор нест, на бо Исроил ва на бахусус бо Иёлоти Муттаҳида. Барояш ҷанги васеъмиқёс чӣ лозим аст, вақте ки ӯ дар ҷанги гибридӣ пирӯз мешавад. Аз 7 октябр инҷониб мавқеъи Эрон танҳо мустаҳкам мешуд ва барои Исроил, сарфи назар аз амалиёти ахир, он танҳо мушкилтар шудааст. Аз ин рӯ, вокуниши ӯ ба рӯйдодҳои ахир, аз рӯи мантиқ, бояд бештар намоишӣ бошад.Пас маълум мешавад, ки ягонтои ин се давлат ҷанги васеъ намехоҳад. Аммо ин агар мо оқилона фикр кунем. Ҷангҳо бошад аксар вақт бар хилофи сенарияҳои оқилона рух медиҳанд.
https://sputnik.tj/20240805/vao-isroil-imkon-hamla-peshgirikunanda-eron-barrasi-1063803439.html
https://sputnik.tj/20240802/khovari-nazdik-ba-jang-mahkum-ast-1063768067.html
https://sputnik.tj/20240730/jangi-seumi-jahoni-dar-balandihoi-javlon-1063714785.html
исроил
эрон
лубнон
фаластин
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/15/1063287146_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_a3fe5ccef917b45d0778b5d4ab4317ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
исроил, фаластин, лубнон, эрон, има, ҷанг, сутуннигор
исроил, фаластин, лубнон, эрон, има, ҷанг, сутуннигор
Шарқи Наздик босуръат сӯи ҷанги калон мешитобад
11:59 07.08.2024 (Навсозишуда: 13:20 14.08.2024) Вазъият дар Шарқи Наздик шиддат мегирад. Ва дар ҳоле, ки тамоми ҷаҳон мушоҳида мекунад, ки Теҳрон ба қатли Фуод Шукр ва Исмоил Ҳания чӣ гуна вокуниш нишон медиҳад, Вашингтон вақтро беҳуда сарф намекунад. Ё мехоҳад ҳамаро ба ин бовар кунонад.
ДУШАНБЕ, 7 август — Sputnik, Давид Нармания. Ҳафтаи гузашта Иёлоти Муттаҳида як гурӯҳи зарбазанандаро ба гулӯгоҳи Ҳурмуз бо фармодеҳии нови ҳавопаймобар “USS Теодор Рузвелт” фиристод, ки онро шаш киштии дигар ҳамроҳӣ мекунанд - онҳоро аз Баҳри Сурх интиқол доданд, ки дар он ҷо киштиҳо ба кӯшишҳои Ҳусиҳои Яман дар бастани роҳҳои савдо муқобилат мекарданд. Пас аз он дар бораи тасмими роҳбари Пентагон дар бораи иваз кардани ин гурӯҳи зарбазананда бо нови ҳавопаймобари Abraham Lincoln маълум шуд.
Илова бар ин, гурӯҳи ҷангии киштии десантии “USS Wasp” бо зиёда аз 30 ҳавопаймо ва чархбол дар баҳри Миёназамин навбатдорӣ мекунад. Дар он инчунин тақрибан 4,500 низомиёни баҳрии ИМА-қарор доранд.
Аммо кор бо ин ҳам тамом нашуд. Ллойд Остин фармон дод, ки як гурӯҳи иловагии ҳавопаймоҳои F-22 ба минтақа фиристода шавад ва баъзе расонаҳо навореро нашр карданд, ки гӯё як ҳавопаймои стратегии бомбаандози В-2 дар Қатар фуруд омадааст.
Ҳукумати Исроил дар паси мушакҳои қувваҳои ҳарбии баҳрӣ ва ҳарбии ҳавоии хориҷӣ пинҳон шуда, ба озмоиши қувваи ҳарифони эҳтимолии худ шурӯъ мекунад. Ҳамин тариқ, як рӯз пеш аз ин чор ҳавопаймои қувваҳои ҳарбии ҳавоии Исроил ба осмони Лубнон даромада, баъд аз он, чунон ки хадамоти авиатсияи гражданиикишвари араб ба таври мухтасар тавсиф намуд, "дар болои Бейрут парвоз намуданд".
Онеро ки руй дод, иғвогарӣ номидан мумкин аст, вале барои ин мо бояд ақаллан тамоми воқеаҳои даҳ моҳи охирро фаромуш кунем. Аз ин рӯ, чунон, ки аз филми машҳури шӯравӣ бармеояд: ин барои ҷанг кам, вале барои иғвогарӣ хеле зиёд аст. Дарҳол пас аз ҳамла ба Маҷдал- Шамс ҳукумати Лубнон аз Вашингтон даъват кард, ки ба Исроил таъсир расонад ва аз густариши бӯҳрон ба ҷанги васеъмиқёс пешгирӣ кунад. Гузашта аз ин, амрикоиҳо ҳатто аз Телавив хоҳиш карданд, ки ба Бейрут ҳамла накунад.
То чӣ андоза Исроил ба талабҳои шарики стратегии худ бодиккат муносибат мекунад, аҳли ҷаҳон баъди чанд руз, вақте ки қувваҳои ҳарбии ҳавоии он ба канори ҷанубии пойтахти Лубнон зарбаи мушакӣ заданд, фаҳмид. Се нафар, аз ҷумла Фуод Шукр, фармондеҳи баландпояи Ҳизбуллоҳ кушта ва 74 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Гегемон, албатта, фарсуда шудааст, вале ин гуна ба назар нагирифтани хоҳиши сарпарастро танҳо бо як чиз шарҳ додан мумкин аст: худи Исроил дар Шарқи Наздик ҷанги калонро мехоҳад. Шарҳ, дар назари аввал, мантиқист, аммо дар ин ҷо ҳама чиз то андозае мураккабтар аст. Ҳатто як бархӯрди мустақим бо Ҳизбуллоҳ пас аз даҳ моҳи ҷанг дар Ғазза барои Телавив ниҳоят хатарнок ба назар мерасад. Гузашта аз ин, ҷомеаи Исроил бештар аз ҳукумат натиҷаҳои ҳуҷум ба Ғазза ва ҳарчи зудтар хотима додани амалиёти ҷангиро талаб дорад. Захираи даъватшудагон низ бепоён нест ва бори гарон ба дӯши иқтисодиёт низ ҳис мешавад. Аммо дар якҷоягӣ ин омилҳо наметавонанд як ҳолати хеле муҳимро паси сар кунанд - ҳамин ки вазъ ба эътидол меояд, Нетаняҳу ба эҳтимоли зиёд истеъфо хоҳад дод ва он тарафаш дур нест, ки ба далели тӯдаи иттиҳомоти фасодкорӣ ба курсии додгоҳ кашида шавад, агар то он вақт чизе бештар ба он илова нашавад.
Аммо Натаняҳу бо дарозумрии сиёсии худ дарк мекунад, ки Исроил наметавонад бо Эрон танҳо бимонад. Ҳатто Ҳизбуллоҳ як рақиби душвор барои Телавив аст, хеле ҷиддитар аз Ҳамос, ки Нерӯҳои ҳарбии Исроил тақрибан як сол боз бо он мубориза мебаранд. Ва барои ҳамин сарвазир бояд Иёлоти Муттаҳидаро ба вартаи шиддати вазъият кашад.
Вашингтон ҳам дар навбати худ ба ҷанг бо Эрон он қадар омода нест. Дар ин ҷо низоъ дар Украина бояд ҳал карда шавад, вагарна фарёди даҳшат аз канораҳои соҳили Балтикаи Аврупо ором намегузорад. Илова бар ин, дар бозори саҳҳомӣ мушкилот пайдо мешаванд.
Ва ҳамаи ин дар пасманзари интихоботи дарпешистода, ки кишвар ба он хеле қутбӣ ворид мешавад, ягона наҷот ин аст, ки ҳарду номзад ҳатто барои ҷонибдорони худ баҳсбарангезанд. Ва ҳамаи тадбирҳое, ки дар бандҳои аввал номбар шудаанд, албатта, таҳдидкунанда ба назар мерасанд, аммо ба омодагӣ ба ҷанги бузург бо Эрон монанд нестанд. Барои муқоиса Иёлоти Муттаҳида сӣ сол пеш ба амалиёти “Тӯфони биёбон” хеле ҷиддӣ омода буд. Ва ба ҷои эскадриля ва гурухи ҳавопаймобарҳоба Шарқи Наздик ҳазор ҳавопаймо ва шаш нови ҳавопаймобарро оварданд. Ва на 4500 низомиёни баҳрӣ барои қисми заминии амалиёт, балки гурӯҳи сад маротиба калонтар. Ва ин муболиға нест, он вақт ба ҷанг 450 ҳазор нафар амрикоиён фиристода шуданд. Ҳамин тавр, ҳамаи ин тобиши мушакҳо ба фиреб монанд аст.
Бо вуҷуди ин, ин фиреб маъно дорад, зеро худи Эрон ба бархӯрди мустақим манфиатдор нест, на бо Исроил ва на бахусус бо Иёлоти Муттаҳида. Барояш ҷанги васеъмиқёс чӣ лозим аст, вақте ки ӯ дар ҷанги гибридӣ пирӯз мешавад. Аз 7 октябр инҷониб мавқеъи Эрон танҳо мустаҳкам мешуд ва барои Исроил, сарфи назар аз амалиёти ахир, он танҳо мушкилтар шудааст. Аз ин рӯ, вокуниши ӯ ба рӯйдодҳои ахир, аз рӯи мантиқ, бояд бештар намоишӣ бошад.
Пас маълум мешавад, ки ягонтои ин се давлат ҷанги васеъ намехоҳад. Аммо ин агар мо оқилона фикр кунем. Ҷангҳо бошад аксар вақт бар хилофи сенарияҳои оқилона рух медиҳанд.