Ховари Наздик ба ҷанг маҳкум аст

© AP / Vahid SalemiАкция протеста против убийства лидера ХАМАС Исмаила Хании в Тегеране 31 июля 2024 года
Акция протеста против убийства лидера ХАМАС Исмаила Хании в Тегеране 31 июля 2024 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2024
Обуна шудан
Ҷанги бузург аз ҳарвақта дида наздиктар ва қариб ногузир ба назар мерасад. Аммо оё мо аллакай борҳо шоҳиди ин драма набудем?
ДУШАНБЕ, 2 августа — Sputnik, Евгений Балакин. Ховари Наздик дар оташ аст. Бар болои Ғазза дуди сиёҳ баланд мешавад. Исроил ба Лубнон зарбаҳо мезанад. Дар пойтахти Эрон куштор рух дод. Парчами сурхи интиқом барафрохта шуд. Ҷанги бузург аз ҳарвақта дида наздиктар ва қариб ногузир ба назар мерасад. Аммо оё мо аллакай борҳо шоҳиди ин драма набудем?
Рӯзҳои охир дар минтақа як силсила ҳодисоти мудҳиш ба вуқӯъ пайваст. Рӯзи 30 июл ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ба Бейрут, пойтахти Лубнон зарба зада, фармондеҳи аршади Ҳизбуллоҳ Фуод Шукрро куштанд. Дар ин ҳамла мушовири низомии эронӣ Милод Бейдӣ низ кушта шуд. Мақомоти артиши Исроил гуфтанд, ки ҳамла ба Бейрут посух ба тирборон кардани баладии Ҷавлон (Голан) аз ҷониби нирӯҳои Лубнон аст, ки боиси марги 12 кӯдаки друзӣ (як ақаллияти қавмӣ-мазҳабӣ дар Исроил) шуд.
Дар ҳамон рӯз Масъуд Пизишкиён дар интихоботи пеш аз мӯҳлат, ки ба далели марги фоҷиабори раиси ҷумҳури пешин Иброҳим Раисӣ баргузор шуда буд, ба мақоми раисиҷумҳури Эрон расид. Ва рӯзи дигар, 31 июл дар Теҳрон Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, ки ба маросими савгандёдкунии Пизишкиён омада буд, дар паи як ҳамлаи ҳавоӣ кушта шуд.
Глава ХАМАС Исмаил Хания. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2024
Дар Теҳрон Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии "Ҳамос" кушта шуд
Куштор чунон хунсардона буд, ки касе масъулиятро ба гардан нагирифт. Намояндаи Ҳамос Исроилро дар ин ҳодиса муттаҳам кард, аммо бар хилофи Бейрут, хадамоти матбуоти нерӯҳои ҳарбии Исроил (САХАЛ) аз масъулияти ҳамла худдорӣ кард. Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико низ гуфт, ки Амрико оид ба ҳамла ба Ҳания "ҳеҷ иттилое ва даст надошт". Аммо Алии Хоманаӣ - ҳокими олии Эрон - алакай баёнияе содир кардааст, ки "режими ҷинояткори Исроили террористӣ меҳмони азизи моро дар манзили мо кушта, моро мотамдор кард, вале барои муҷозоти сангини худ низ роҳро ҳамвор кард." Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин масъулияти Амрикоро ба унвони ҳомӣ ва шарики режими Исроил дар идомаи ишғол ва наслкушии фаластиниҳо дар анҷоми ин амали зишти террористӣ таъкид кард.
Ду рӯзи охир бо кушторҳои зиёди сиёсӣ гузашт (ва ин ҳам бе назардошти зарбаҳо ба Бағдод ва сӯиқасд ба ҷони сарфармондеҳи артиши Судон Абдулфаттоҳ ал-Бурҳон), ки ба хулосае водор месозад, ки дар Шарқи Наздик ҷанги васеъмиқёси калон ба наздикӣ cap мешавад, ки тамоми минтақаро фаро мегирад. Ин эҳсосро вокуниши шадиди дипломатии кишварҳои минтақа, ки воқеаҳои рухдодаро шадидан маҳкум мекунанд (бахусус сарвари Туркия Раҷаб Эрдуғон сахтгир аст) тақвият медиҳад.
Последствия обстрела футбольного поля в городе Мадждаль-Шамс, Израиль, 27 июля 2024 г. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2024
Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ дар баландиҳои Ҷавлон оғоз мешавад
Бо вуҷуди ин, дар бораи ногузирии чунин ҷанг зуд-зуд ҳарф мезананд, вале сулҳи нозук дар минтақа то ҳол боқӣ мемонад. Амалҳои бераҳмонаи нерӯҳои исроилӣ нозиронро, ки минтақаро бодиққат мушоҳида мекунанд, ба тааҷуб нахоҳад овард, вокуниши эҳтиёткоронаи Эрон (ва вокуниши боз ҳам мулоимтар ва қариб нонамоёни ҷаҳони араб, ба истиснои Ҳусиҳо) барояшон ошно аст. Метавонем бигӯем, ки вокуниши Эрон аз дарки бартарии стратегии худ дар баробари Исроил бармеояд, ба ибораи дигар, Эрон саросема набуда, иқтидори низомиву иқтисодии худро тадриҷан афзоиш медиҳад.
Исроил, ки аҳолии хеле кам, иқтидори саноатӣ ва иқтисодии камтар дорад, кушиш мекунад, ки аз бартариҳои дар айни замон доштааш — такя ба қувваи ҳарбии Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёни он, инчунин суръати қабули қарорҳо зуд истифода барад. Дар натиҷа дурандешии стратегии Эрон (эҳтимол ин кишвар қадамҳои минбаъдаи худро дар арсаи байналмилалӣ мебинад) дар робита ба амалҳои барқсуръат ва ҷуръати Исроил ноустувор ба назар мерасад - ва баръакс, рафтори хашмгини Исроил онро ба бунбасти стратегӣ мебарад ( ба ёд меорем "Созишномаи Иброҳим"-ро, ки бар асари вокуниши шадид дар Ғазза эътиборро аз даст дод).
Дар ниҳоят, баҳрабардорони ягонаи муноқишаи мустақими байни Исроил ва Эрон Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида хоҳанд буд. Ҳарчанд Иёлоти Муттаҳида аз куштори Ҳания дурӣ ҷуст, аммо вазири дифоъ Ллойд Остин аллакай ваъда додааст, ки дар сурати ҳамла ҳимоятро баИсроил ваъда медиҳад. Ин, албатта, азми раҳбарияти кишвар ва шахсан Бенямин Нетаняҳуро тақвият дод. Сарвазири кунунии Исроил иродаи монданашаванда нишон дода, ҳар дафъа дар сиёсати хориҷӣ сабабро (яъне душманро) барои нигоҳ доштани қудрати худ дар кишвар пайдо мекунад. Нигоҳ доштани ташаннуҷ дар минтақа бешубҳа барои ӯ муфид аст, аммо танҳо то як андоза.
Мужчина стоит напротив бушующего огня в резервуарах для хранения нефти через день после израильских ударов по порту йеменского города Ходейда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2024
Натиҷаи бомбборони Исроил ба анбори нафт дар Яман – акс
Дар шароити номуайянии сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳида, ки пирӯзии на Трамп ва на Ҳаррисро ҳанӯз кафолат додан мумкин нест (чунон ки мо ба наздикӣ мушоҳида кардем, сӯиқасд ба ҷони сиёсатмадорон на танҳо дар Ховари Наздик маҳдуд аст), гузоштани хулосаи қатъӣ оқилона нест. Ва азбаски аз соҳиби Коҳи Сафед хеле корҳо вобаста аст (масалан, тамаркузи нерӯҳо дар муноқишаи Украина ё Ғазза), ҳама бозигарони минтақа сарфи назар аз талафот ва суханҳои ҷангҷӯёна кӯшиш мекунанд, ки сулҳи нозукро нигоҳ доранд.
Ба ҳамин тариқ, мо гуфта метавонем, ки давлатҳои Шарқи Наздик ба хатте, ки берун аз он ҷанги калон оғоз меёбад, хеле наздик омадаанд, вале барои гузаштан аз он ҳанӯз омода нестанд. Тарафҳои асосии низоъ – Исроил ва Эрон низ ҳамчунин.
Лентаи хабарҳо
0