https://sputnik.tj/20240805/vao-isroil-imkon-hamla-peshgirikunanda-eron-barrasi-1063803439.html
ВАО: Исроил имкони ҳамлаи пешгирикунанда ба Эронро баррасӣ мекунад
ВАО: Исроил имкони ҳамлаи пешгирикунанда ба Эронро баррасӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ба навиштаи расонаҳо, барои анҷоми чунин ҳамлаи пешгирикунанда, зарур аст, ки ИМА ва Исроил маълумоти зарурӣ дар бораи нақшаи ҳамлаи Эронро дошта бошанд
2024-08-05T11:25+0500
2024-08-05T11:25+0500
2024-08-05T11:50+0500
исроил
эрон
зарба
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/05/1063804156_0:214:2884:1836_1920x0_80_0_0_a5afe2706711445c8c8d45a2fab58dca.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Мақомоти Исроил имкони ҳамлаи пешгирикунанда ба Эронро баррасӣ мекунанд.Дар ҳамин ҳол, эҳтимоли иҷрои он ба дастрасии маълумоти зарурии иктишофӣ аз Тел Авив ва Вашингтон вобаста аст, хабар медиҳад портали Ynet бо такя ба мақомоти расмӣ. Ба навиштаи ин портал, Тел-Авив гузинаҳои мухталифи мубориза бо ҳамлаи интизории Теҳронро баррасӣ мекунад.Бо вуҷуди ин, портал қайд мекунад, ки барои анҷоми чунин ҳамла, зарур аст, ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил маълумоти зарурӣ, аз ҷумла дар бораи нақшаи ҳамлаи Эронро дошта бошанд.Дар баробари ин, ба гуфтаи мақомоти Исроил, иқтидори низомии Исроил ва мизони ширкати низомии Амрико дар “ба қуллаи баланд” расидааст. Пештар Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари ҷунбиши "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон гуфта буд, ки ҷунбиши муқовимати Лубнон пас аз ҳамла ба канораҳои ҷанубии Бейрут, ки бо марги фармондеҳи аршади ин ҷунбиш Фуод Шукр ба марҳалаи нави мубориза бо Исроил меравад. Ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ аз марги Исмоил Ҳания, раиси Ҷиноҳи сиёсии ин ҷунбиш бар асари ҳамлаи исроилӣ ба манзилаш дар Теҳрон, ки ӯ барои ширкат дар маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави Эрон омада буд, хабар дод. Исроилиён дар бораи иттиҳомоти даст доштан дар марги Ҳания изҳори назар накардаанд, аммо масъулияти сӯиқасд ба ҷони Шукрро, ки ба гуфтаи онҳо, дар паси тирборон кардани теппаҳои Ҷавлон, ки дар он ҷо 12 кӯдаки кушта шудаанд, бар ӯҳда гирифтаанд. Рӯзи якшанбе шабакаи телевизионии NBC News бо такя ба як мақоми исроилӣ, ки аз он ном бурда намешавад, хабар дод, ки давлати яҳудӣ ба ҳамлаи эҳтимолии чандрӯзаи Эрон ва ҷунбиши "Ҳизбуллоҳ" омодагӣ мегирад.
https://sputnik.tj/20240731/tehron-ismoil-haniya-rahbari-siyosii-hamos-kushta-1063744438.html
исроил
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/05/1063804156_77:0:2808:2048_1920x0_80_0_0_b0805a97682427f76d4509ab6f95794b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вао исроил ҳамла пешгирикунанда эронро баррасӣ
вао исроил ҳамла пешгирикунанда эронро баррасӣ
ВАО: Исроил имкони ҳамлаи пешгирикунанда ба Эронро баррасӣ мекунад
11:25 05.08.2024 (Навсозишуда: 11:50 05.08.2024) Ба навиштаи расонаҳо, барои анҷоми чунин ҳамлаи пешгирикунанда, зарур аст, ки ИМА ва Исроил маълумоти зарурӣ дар бораи нақшаи ҳамлаи Эронро дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Мақомоти Исроил имкони ҳамлаи пешгирикунанда ба Эронро баррасӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, эҳтимоли иҷрои он ба дастрасии маълумоти зарурии иктишофӣ аз Тел Авив ва Вашингтон вобаста аст, хабар медиҳад портали Ynet бо такя ба мақомоти расмӣ.
Ба навиштаи ин портал, Тел-Авив гузинаҳои мухталифи мубориза бо ҳамлаи интизории Теҳронро баррасӣ мекунад.
"Бори аввал нахуствазир ва маъмурони амниятии ӯ дар бораи ҳамлаи эҳтимолии пешгирикунанда гуфтугӯ карданд", - гуфта мешавад дар изҳороти Ynet.
Бо вуҷуди ин, портал қайд мекунад, ки барои анҷоми чунин ҳамла, зарур аст, ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил маълумоти зарурӣ, аз ҷумла дар бораи нақшаи ҳамлаи Эронро дошта бошанд.
Дар баробари ин, ба гуфтаи мақомоти Исроил, иқтидори низомии Исроил ва мизони ширкати низомии Амрико дар “ба қуллаи баланд” расидааст.
Пештар Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари ҷунбиши "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон гуфта буд, ки ҷунбиши муқовимати Лубнон пас аз ҳамла ба канораҳои ҷанубии Бейрут, ки бо марги фармондеҳи аршади ин ҷунбиш Фуод Шукр ба марҳалаи нави мубориза бо Исроил меравад.
Ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ аз марги Исмоил Ҳания, раиси Ҷиноҳи сиёсии ин ҷунбиш бар асари ҳамлаи исроилӣ ба манзилаш дар Теҳрон, ки ӯ барои ширкат дар маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави Эрон омада буд, хабар дод.
Исроилиён дар бораи иттиҳомоти даст доштан дар марги Ҳания изҳори назар накардаанд, аммо масъулияти сӯиқасд ба ҷони Шукрро, ки ба гуфтаи онҳо, дар паси тирборон кардани теппаҳои Ҷавлон, ки дар он ҷо 12 кӯдаки кушта шудаанд, бар ӯҳда гирифтаанд.
Рӯзи якшанбе шабакаи телевизионии NBC News бо такя ба як мақоми исроилӣ, ки аз он ном бурда намешавад, хабар дод, ки давлати яҳудӣ ба ҳамлаи эҳтимолии чандрӯзаи Эрон ва ҷунбиши "Ҳизбуллоҳ" омодагӣ мегирад.