Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ дар баландиҳои Ҷавлон оғоз мешавад

© AP / Leo CorreaПоследствия обстрела футбольного поля в городе Мадждаль-Шамс, Израиль, 27 июля 2024 г.
Последствия обстрела футбольного поля в городе Мадждаль-Шамс, Израиль, 27 июля 2024 г. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2024
Обуна шудан
Фоҷиа дар баландиҳои Ҷавлон, Шарқи Наздикро ба як низоъ мекашад, ки дар ҳар лаҳза метавонад ба як бархӯрди ҷаҳонӣ, шояд ҳатто ҷанги ҳастаӣ табдил ёбад.
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik, Виктория Никифорова. Рӯзи шанбе расонаҳои хабарӣ дар саросари ҷаҳон аксҳои даҳшатбори кӯдакону наврасонро, ки бар асари ҳамлаи мушакӣ дар майдони футбол дар баландиҳои Ҷавлон (Голан) кушта шудаанд, паҳн карданд. Шумораи кушташудагон ва захмӣ (тақрибан аз даҳ то сӣ) гуногун буд. Мақомоти Исроил ваъда доданд, ки аз ҳаракати Ҳизбуллоҳ қасос мегиранд. Ҳавопаймоҳҳои Исроил Лубнонро бомбборон мекарданд. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, сафари худ ба Амрикоро кӯтоҳ карда, ба хонааш шитофт.
Фоҷиа дар Ҷавлон бомуваффақият фоҷиаи дигареро, ҳатто бузургтарашро аз майдони иттилоот дур кард. Чанде пеш аз ҳамлаи мушакӣ ба Ҷавлон артиши Исроил як мактабро дар ҷануби навори Ғазза тирборон кард. Зиёда аз сӣ нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо кӯдакону наврасон буданд. Зиёда аз сад кас ярадор шуданд. Ҳалокшудагон ба рӯйхати шаҳрвандони фаластинӣ – қурбониёни нерӯҳои ҳарбии Исроил (САХАЛ) шомил шуданд, ки то имрӯз шумораашон ба чил ҳазор нафар мерасад. Далели ҳамла ба мактаб "маълум" буд: низомиён бовар доштанд, ки намояндагони Ҳамос, ки Исроил барои ҳамлаи моҳи октябр тақрибан як сол аз онҳо интиқом мегирад, дар онҷо мустақар буданд.
Мужчина стоит напротив бушующего огня в резервуарах для хранения нефти через день после израильских ударов по порту йеменского города Ходейда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2024
Натиҷаи бомбборони Исроил ба анбори нафт дар Яман – акс
Аммо ҳодиса бо ин тамом нашуд. Фоҷиа дар Ҷавлон сабаби чунин шиддат гирифтани низоъ байни Исроил ва Лубнон гардид, ки метавонад ба ҷанги васеъмиқёси байни ин кишварҳо оварда расонад. Созмони Милал аллакай ҳушдор додааст, ки минтақа бо суръати тамом ба сӯи "фалокати бениҳоят" пеш меравад.
Аммо роҳбарони Исроилро ин боздоштан натавонист. Вазири умури хориҷаи ин кишвар гуфт: "Ҳизбуллоҳ тамоми хатҳои сурхро убур кардааст ва мо ба сӯи ҷанги густурда равонаем." Вазири маориф, ки ба назар ба таври қатъӣ касби осоишта аст, гуфт, ки "бо нерӯи комил посух додан лозим аст, ҳатто агар ин ба ҷанги воқеӣ" оварда расонад
Дирӯз кӯдакону наврасони мурдаро ба хок супурданд, ки бе ашк ба аксҳои гиряи занон нигоҳ кардан ғайриимкон аст. Русия ба ҷомеаи друзҳо изҳори ҳамдардӣ кард. Аммо дар ин фоҷиа бисёр чизҳои нофаҳмо мавҷуданд.
Раҳбарияти ҷунбиши Ҳизбуллоҳ итминон медиҳад, ки ба баландиҳои Ҷавлон мушак партоб накардааст. Ба эътиқоди онҳо, кӯдакон бар асари суқути мушаки дифои ҳавоии Исроил кушта шудаанд. Ва воқеан маълум нест, ки чаро ба ҷангиёни Ҳизбуллоҳ лозим аст, ки ба мардуми худро зарба зананд.
Гап дар сари он аст, ки тибқи қонунҳои байналмилалӣ баландиҳои Ҷавлон (Голан) қаламрави Сурия мебошанд. Исроил онҳоро соли 1967 ишғол карда буд, аммо дар онҷо ҳоло ҳам бисёре аз суриягиҳо умр ба сар мебаранд. Ин дафъа мушак ба як деҳаи друзҳои Сурия афтод. Ин одамон як мазҳаби хоси исломи шиъа мебошанд, аммо онҳо мусалмонанд ва ба фарқ аз исроилиён, душмани Ҳизбуллоҳ нестанд.
Последствия израильского авиаудара в Ходейде на западе Йемена  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2024
Исроил ба мавзеъҳои Ҳусиҳо дар Яман ҳамлаи кард: "Ансоруллоҳ" гуфт посух хоҳанд дод
Аммо ба Исроил онҳо муносибати бад доранд ва исроилиёнро истилогар медонанд. Дар маросими дафни кӯдакони друзӣ сиёсатмадори миллатгарои исроилӣ Бесалел Смотрич ҳозир шуд, аммо мардони друзӣ ӯро ҷинояткор ва қотил номида, ронданд.
Барои Нетаняҳу, расидани мушаки пурасрор як фурсати олӣ барои ба даст овардани дастгирӣ дар Иёлоти Муттаҳида буд. Роҳбарияти ҳозираи Вашингтон ба сарвазири Исроил сахт муқобил аст. Дастгирии фаъолияти низомии ӯ барои Байден ва Камала Ҳаррис хеле гарон аст, зеро аксари аъзои ҳизби онҳо Фаластинро дастгирӣ мекунанд.
Аммо Доналд Трамп ҳамеша бо Исроил равобити хубе доштвадомоди маҳбуби ӯ, яҳуди ортодокс Ҷаред Кушнер наздиктарин мушовири ӯ буд ва маъракаи интихоботии ӯро раҳбарӣ мекард. Ба ҳайси президент Трамп моликияти баландиҳои Ҷавлон аз ҷониби Исроилро эътироф кард, - Иёлоти Муттаҳида то ҳол ягона кишваре дар ҷаҳон аст, ки чунин мешуморад. Барои ин роҳбарияти Исроил ҳатто тасмим гирифт, ки дар Ҷавлоншаҳраки "Баландии Трамп"-ро бунёд кунад.
Трамп дар сенарияи интихобот бо ҷидду ҷаҳд корти Ҷавлонро бозӣ медорад ва мустақиман Байден ва Ҳаррисро дар марги кӯдакони друзӣ айбдор мекунад. Нетаняҳу президенти эҳтимолии ИМА-ро ба муноқишаи шадид мекашад, бо истифода аз он, ки аксарияти ҷумҳурихоҳон, бар хилофи демократҳо, омодаанд, ки Исроилро бидуни қайду шарт дастгирӣ кунанд.
Представители движения Хамас маршируют по улице. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2024
Лавров: Комилан нобуд кардани Ҳамос, ки Исроил ҳадаф дорад, ғайриимкон мебошад.
Баъзе натиҷаҳо аллакай маълуманд. Котиби давлатии ИМА Блинкен гуфт, "ҳама нишонаҳо аст, ки Ҳизбуллоҳ мушакҳоро (ё мушакро) партоб кардааст. Агар маъмурияти Байден аз Исроил дар ҳамла ба Лубнон пуштибонӣ кунад, овозҳои боқимондаро аз даст медиҳад ва пирӯзӣ дар интихобот барои номзади Ҳизби демократ хеле душвор хоҳад буд".
Аммо барои Трамп ҷанги Исроил хеле муфид хоҳад буд. Агар бад равад, ин боз як сабаби дигар мешавад, ки дар ҳама чиз ҳизби демократро айбдор кунад. Агар Телавив ба баъзе комёбиҳо ноил шавад, Трамп ҳамаи онҳоро хизматҳои шоёни худ нишон медиҳад ва боз дар назари интихобкунандагони динии худ, ки бар он боваранд, ки Исроили муосир баъзе пешгӯиҳои Китоби Муқаддасро иҷро мекунад, холҳо ба даст меорад.
Аммо "муваффақиятҳои" низомии Исроил чӣ гуна будан метавонанд? Ваҳшати вазъият дар он аст, ки тавре ҳамагон медонанд, на раҳбарияти кишвар ва на сокинони оддии Лубнон аз ҷунбиши Ҳизбуллоҳ пуштибонӣ намекунанд.
Аммо "зарбаҳои ҷавобӣ"-и Исроил маҳз ба онҳо — одамони осоишта, ки бо ягон гурӯҳи радикалӣ муносибат надоранд, меафтад.
Рейд по выявлению незаконных трудовых мигрантов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2024
Муҳоҷират - силоҳи глобалистҳо муқобили ҷаҳони бисёрқутбӣ
Ин бечораҳо имрузҳо гуё дар зери шамшери Дамокл зиндагӣ мекунанд. Агар артиши исроилӣ гумон кунад, ки ҷангиёни Ҳизбуллоҳ дар ҷое ҷойгир шудаанд, ҳар лаҳза мушак ба сӯи онҳо парвоз карда метавонад, ҳама чиз айнан мисли навори Ғазза хоҳад буд, ки дар он ҷо мардуми осоишта дар посух ба ҳамлаи ҷангҷӯёни Ҳамос кушта шуданд.
Дируз ҳавопаймоҳои давлати Исроил ба қаламрави Лубнон зарба заданро давом доданд. Роҳбарияти САХАЛ иддао дорад, ки он "захираи силоҳ" ва "инфрасохтори террористиро" ҳадаф қарор медиҳад. Аммо дар наворҳо мо биноҳои баландошёнаи оддии истиқоматӣ, одамони ашколуду парешонҳолро мебинем, ки аз манзилҳои худ гурехта истодаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳусиёни Яман эълом карданд, ки бидуни хати сурх бо Исроил вориди ҷанг ҳастанд ва аз тамоми арабҳо ва мусулмонон даъват карданд, ки дар ин ҷанг муттаҳид шаванд. Эрон дар паси ҳусиҳо ва инчунин Ҳизбуллоҳ қарор дорад.
Дональд Трамп после покушения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2024
Худо Трампро наҷот дод, аммо на Амрикоро
Мақомоти Исроил эълон карданд, ки мушаки ба сӯи друзҳо партобшуда аз Эрон аст. Мақомоти Эрон дар посух ба ин ҳамлаи мушакӣ вокуниши Исроилро "намоишест, ки режими забткунанда ташкил кардааст" ва аз мақомоти ин кишвар тақозо карданд, ки ба ҷанг алайҳи Лубнон шурӯъ накунанд.
Аммо, агар ба таври объективӣ гӯем, ҷанг барои Бенямин Нетаняҳу фоидаовар хоҳад буд ва ба ӯ имкон медиҳад, ки муддати дигаре дар мансаб бимонад. Баъди ба истеъфо рафтанаш ӯро мушкилоти калон интизоранд. Марги кӯдакон ва вазъиятҳои пешазинтихоботӣ, тавоноии расонаҳои муосир, ки омодаанд ҳама чизро ҳамчун ҳақиқат муаррифӣ кунанд, шӯҳратпарастии сиёсатмадорон, ғаразҳои низомиён, ғаму андӯҳи мардуми оддӣ, ки ҳеҷ кас парвое надорад - ва ҳамаи ин дар Ҷавлон ҷамъ омада, Шарқи Наздикро ба як низоъ мекашад, ки дар ҳар лаҳза метавонад ба як бархӯрди ҷаҳонӣ - шояд ҳатто ҳастаӣ табдил ёбад. Дар ҳақиқат, "ҳеҷ кас ҷангро намехост, ҷанг ногузир буд".
Лентаи хабарҳо
0