НАТО душманашро дар Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ муайян кард

© AFP 2023 / SAMUEL CORUMГенеральный секретарь НАТО Йенс Столтенберг выступает на открытии саммита НАТО 10 июля 2024 года
Генеральный секретарь НАТО Йенс Столтенберг выступает на открытии саммита НАТО 10 июля 2024 года  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2024
Обуна шудан
Йенс Столтенберг - дабири кулли НАТО кишвари Чинро дар барангехтани бузургтарин даргирии низомӣ дар Аврупо пас аз анҷоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ муттаҳам кард.
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik, Сергей Савчук. Саҳмҳо дар бозии геополитикӣ дар миқёси ҷаҳонӣ афзоиш меёбанд ва на Русия ин сатҳи хатарҳоро боло мебарад, чунон ки расонаҳои ғарбӣ маъмулан ҳамаро бовар мекунонанд. Йенс Столтенберг, ки моҳҳои охири дабирии кулли НАТО-ро адо мекунад, алайҳи Чин як танқиди хашмгин кард ва онро дар барангехтани бузургтарин даргирии низомӣ дар Аврупо пас аз анҷоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ муттаҳам кард. Ин дар пуштибонии Русия ва амалиёти вижаи низомӣ дар Украина ифода меёбад, ки ба гуфтаи раҳбари НАТО, Пекин ба Маскав технологияҳое медиҳад, ки ба ӯ имкон медиҳад, ки истеҳсоли ҳавопаймоҳо ва мушакҳоро бо суръат афзоиш диҳад.
Онро ки, кишварҳои НАТО дар тӯли беш аз ду сол барои тарафдории Украина беш аз 300 миллиард доллар ихтисос доданд ва ҳоло ҳам Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро бо ҳама навъҳои аслиҳа таъмин месозанд, ҷаноби Столтенберг ёдовар шуданро фаромӯш кард. Аз афташ, ин тамоман чизи дигар аст.
Ин аввалин чунин ҳуҷум аз тарафи НАТО нест, ки дар ҳақиқат баландгӯяки Вашингтон аст, ки ба он тӯпи танк часпонда шудааст, ки муқобили ҳар нафари муқобил ба яккатозии англосаксӣ нигаронида шудааст. Пештар ба воситаи ҳамон баландгӯяк ба иттифоқчиёни берун аз блокҳо, масалан, Япония, Австралия, Зеландияи Нав ва Кореяи Ҷанубӣ даъватҳои доимӣ пахш карда мешуданд, то ки роҳи умумии евроатлантикиро дастгирӣ кунанд, яъне ба мамлакатҳои меҳвари Ғарб дохил ва ба ҷанги то ҳол ғайримустақим бо марказҳои нави қудрати бисёрқутбӣ - Маскав ва Пекин ворид шаванд. Ба зиммаи ин дуи охир, мувофиқи суханронии котиби НАТО, танҳо як вазифа гузошта шудааст — барои худписандии хашмгинона ва қабулнашавандаи худ пардохт кунанд ва ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам маҷозӣ.
Флаги Таджикистана и Китая   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2024
Тоҷикистону Чин ба маблағи чандин миллиард сомонӣ қарордод имзо карданд
Дар доираҳои густурдаи ҷамъиятӣ кайҳо боз чунин ақида вуҷуд дорад, ки даргириҳо дар Украина танҳо як муқаддимаи низоъи бузургтари низомии ҷаҳонӣ аст, ки ба он ҳама кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон новобаста аз хоҳишашон бо иқтидорҳои иқтисодиашон ҷалб хоҳанд шуд. Бояд гуфт, ки барои чунин хулосабарориҳо шароити кофӣ вуҷуд дорад ва низоъро Русия, Чин ва Эрон, ки кайҳо боз дар шуури Ғарб ба дараҷаи бадии мутлақ бароварда шудаанд, авҷ намедиҳанд.
Ҳарчанд маҳз Маскав, Пекин ва Теҳрон солҳои охир фаъолона шаклҳои нави муносибатҳои тиҷоратии байнидавлатӣ, захиравӣ ва сиёсиро бунёд мекунанд, ки дар асоси принсипҳои баробарӣ ва аҳамияти баробари манфиатҳо сохта шудаанд, на дар шакли ҳукми якҷониба, вақте ки танҳо эҳтиёҷоти англосаксҳо ба назар гирифта мешавад ва касе ба аҳолии таҳҷоӣ сухан намедод.
Назарияҳои тавтиъа, ки ҳеҷ асосе дар воқеият надоранд ба ханда дар паҳлу мегузорем. Мутаассифона, бо назардошти амалҳои барномавӣ ва системавии иттифоқчиёни стратегии мо, варианти ҷанги ҷаҳонӣ асло на фақат чун фарзия ҳисобида мешавад.
Рахмон встретился с главой МИД Китая  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2024
Раҳмон: Чин дар даҳ сол ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст
Як рӯз пеш Чин, ки бузургтарин захираи умумии филизҳои нодири заминро дорад, изҳор дошт, ки металҳои нодир моли давлатанд ва ҳеҷ кишвар, созмон ё шахс наметавонад онҳоро ба даст орад. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Bloomberg маълумот дар бораи вобастагии Аврупо аз воридоти навъҳои гуногуни фулузро нашр кард. Ҳамин тариқ, кишварҳои минтақаи Аврупо чунин металҳои нодирро аз Хитой мегиранд:
• 100 фоиз металлҳои вазнини нодири замин (дар энергетикаи атомӣ, истеҳсоли экранҳои ҳозиразамон, мониторҳо, кабелҳои нахӣ-нурӣ истифода мешаванд);
• 97 фоиз магний (хӯлаҳои аэрокайҳонӣ, мушакҳои ҳарбӣ, мошинсозӣ);
• 85 фоизи маъданхои камёби сабук (истеҳсоли муҳаррикҳои ҳавопаймоҳо, катализаторҳо ва магнитҳо);
• 79 фоиз литий (батареяҳо, сафолҳои мураккаб ва дорусозӣ);
• 71 фоиз галлий (нимноқилҳо, фотоэлектрикҳо, мониторҳои LED);
• 67 фоиз скандий (саноати кайҳонӣ, истеҳсоли генераторҳо ва машинаҳои энергетикӣ);
• 65 фоиз висмут (хӯлаҳои ба оташ тобовар ва доруворӣ);
• 62 фоиз ванадий (хӯлаҳои ниҳоят қавии пӯлодӣ);
• 45 фоиз барит (истеҳсоли пластмасса, пармакунии нефту газ);
• 45 фоиз германий (нахи оптикӣ, электроника);
• 40 фоиз графит (батарея ва коркарди нафт);
• 40 фоиз волфрам (турбинаҳо, хӯлаҳои вазнин ва ба гармӣ тобовар).
Фаҳмидан осон аст, ки танҳо дар ин самт Пекин воқеан истеҳсоли мураккаби аврупоиро, аз ҷумла бахшҳои дуҷониба ва низомӣ аз гулӯяш сахт қапидааст, зеро ҷанги муосир ҷанги на танҳо зиреҳ ва тӯпҳо, балки рақобати электроника, алоқа, иктишоф мебошад, аз ҷумла иктишофи моҳворавӣ.
Председатель Китая Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Пекине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2024
Маълум шуд, ки Си Ҷинпин кай ба Тоҷикистон меояд
Ҳамзамон, Чин иқтидорҳои нави тавлиди нерӯи барқро бо суръати баланд ба истифода медиҳад, танҳо лоиҳаҳои энергияи барқароршаванда бояд дар панҷ соли оянда илова кардани иқтидори 60 гигаваттро таъмин кунанд - ин назар ба нақшаи пешбинишуда дар саросари ҷаҳон зиёдтар аст. Ҳоло он фаромӯш шудааст, вале дар ибтидои панҷсола дар Пекин нақшаҳои сохтани нерӯгоҳҳои нави электрикии бо дегҳои буғиро ба нақша гирифтанд, ки онҳо бояд ба боз иловатан 40 гигаватт нерӯ медоданд. Тамоми аҳли ҷамъияти тараққипарвар Пекинро зери танқид гирифта, талаб карданд, ки нерӯгоҳҳои "ифлос" насозанд ва баъд аз он хитоиҳо ин мавзуъро дигар намебардоштанд, вале чунин фикр кардан мумкин аст, ки ичрои ин нақшаҳо бекор карда нашудааст.
Ва аллакай дар соли 2024, Чин бори аввал дар таърихи худ маълумотро дар бораи манбаъҳои тавлиди энергия тасниф кард. Дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз ангишт, нафт, газ ва ғайра чанд миллиард киловатт-соат қувваи электр ҳосил карда шудааст, равшан нишон дода шудааст. Аммо моҳи июн ин арзишҳо расман бекор шуданд, яъне Пекин намехоҳад, ки бегонагон бидонанд, ки кадом соҳаҳои соҳаи энергетикааш рушд мекунанд ва бо кадом суръат. Дар хотир доред, ки энергия хуни ҷанг аст: бе сузишворӣ таҷҳизот бе қувваи электр ҳаракат ва парвоз карда наметавонад, электроника кор карда наметавонад, корхонаҳои пулодгудозӣ, кимиёвӣ, ки яроқу аслиҳа мебароранд, кор намекунанд.
Воқеан, чунин равандҳо дар Русия ҳам ҷараён доранд, онҳо на он қадар васеъ ва дар ҳоли рушд ҳастанд ва дар пасманзари амалиёти ҷангӣ таблиғ карда намешаванд. Новобаста аз ин иқтисоди Русия ҳарчанд пурра дар ҳолати ҷангӣ нест, аз маҷмааи саноатии ҳарбӣ ҳамчун як ангезаи тавонои иқтисодӣ истифода мекунад ва ҳатто дар шароити таҳримҳо суръати афзоиш ба се дарсад мерасад.
ЕАЭС 2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2024
Путин: Русия ва Чин кор сари ИИАО ва "Як камарбанд - як роҳ"-ро идома медиҳанд
Илова бар ин, боз як тамоюли ниҳоят муҳимро бояд қайд кард. Чин инро ба таври возеҳ пешгӯӣ намекунад, балки дигаргунсозии асосии иқтисоди худро аз тамоюли содирот ба иқтисодиёти истеъмоли дохилӣ равона месозад, зеро умқи бозори худаш бузург аст. Яъне, Хитой ба таври муайян худро аз дарун рушд дода, дар як вақт масъалаҳои таъмини ҳаматарафа ва кам кардани вобастагй аз бозорҳои хориҷиро хал мекунад. Ин дуруст аст, зеро дар соли 2023 содирот ба ИМА ва Аврупо ҳарчанд аз як триллион доллар гузашта бошад ҳам, дар маҷмӯъ нисбат ба як соли пеш 23 дарсад коҳиш ёфтааст, яъне Ғарби дастаҷамъона вобастагии содиротии иқтисоди Чинро ҳамчун силоҳ муқобили ӯ истифода мекунад.
Дирӯз дар Остона Владимир Путин дар дидор бо Си Ҷинпин, эҳтимол бори миллионум таъкид кард, ки ҳамкориҳои кишварҳои мо алайҳи касе нигаронида нашудааст ва Маскаву Пекин ҳамаро ба муколамаи баробар даъват мекунанд. Аммо чунин шубҳа дорем, ки Ғарби ба тартиботи ҷаҳонии кӯҳна девонавор часпида, боз ба ин эътибор намедиҳад ва дунёро ба ҷанги сейуми ҷаҳон тела медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0