https://sputnik.tj/20240516/putin-rusiya-chin-sari-iiao-kamarband-idoma-1062853785.html
Путин: Русия ва Чин кор сари ИИАО ва "Як камарбанд - як роҳ"-ро идома медиҳанд
Путин: Русия ва Чин кор сари ИИАО ва "Як камарбанд - як роҳ"-ро идома медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Созмонҳои ҳамгироии минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз ҷумлаи самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни Русия ва Чин арзёбӣ гардиданд
2024-05-16T16:26+0500
2024-05-16T16:26+0500
2024-05-16T16:26+0500
дар русия
иқтисод
владимир путин
си ҷинпин
ииао
чин
иттиҳоди иқтисодии уросиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061205909_0:156:3088:1893_1920x0_80_0_0_a0391f5d35aa86735e1e11e02370af93.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Русия ва Чин талошҳояшонро барои таҳкими ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ"-ро идома хоҳанд дод. Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар доираи сафари давлатияш ба Чин, зимни мулоқот бо роҳбари кишвари мизбон, Си Ҷинпин баён дошт. Вай таъкид намуд, ки ҳадаф дар дурнамо ташаккули шарикии бузурги авруосиёӣ мебошад. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё яке аз тарҳҳои бузурги ҳамгироии минтақавӣ мебошад, ки тайи солҳои охир босуръат татбиқ шуда истодааст. Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад.Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.
https://sputnik.tj/20240515/rusiya-kishvar-sarmoyaguzor-iiao-1062841713.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061205909_179:0:2910:2048_1920x0_80_0_0_a55459ce086529fac12a3aebae5bee10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раисҷумҳур, русия, владимир путин, чин
раисҷумҳур, русия, владимир путин, чин
Путин: Русия ва Чин кор сари ИИАО ва "Як камарбанд - як роҳ"-ро идома медиҳанд
Созмонҳои ҳамгироии минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз ҷумлаи самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни Русия ва Чин арзёбӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Русия ва Чин талошҳояшонро барои таҳкими ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ"-ро идома хоҳанд дод.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар доираи сафари давлатияш ба Чин, зимни мулоқот бо роҳбари кишвари мизбон, Си Ҷинпин баён дошт.
"Албатта, кишварҳои мо азм доранд, ки талошҳоро барои муттаҳидсозии равандҳои ҳамгироӣ дар доираи ИИАО ва ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ" идома диҳанд", - гуфт Путин.
Вай таъкид намуд, ки ҳадаф дар дурнамо ташаккули шарикии бузурги авруосиёӣ мебошад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё яке аз тарҳҳои бузурги ҳамгироии минтақавӣ мебошад, ки тайи солҳои охир босуръат татбиқ шуда истодааст.
Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад.
Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.