Маълум шуд, ки Си Ҷинпин кай ба Тоҷикистон меояд

© AP / Mark SchiefelbeinПредседатель Китая Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Пекине
Председатель Китая Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Пекине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2024
Обуна шудан
Раҳбари Чин бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд ва дар доираи сафар мулоқоти дуҷониба дар шакли маҳдуд ва васеъ баргузор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Раҳбари Чин Си Ҷинпин рӯзҳои 2-6 июл бо як сафари давлатӣ ба Қазоқистону Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
Дар ин бора сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин Хуа Чунин хабар дод.
"Раҳбари Чин Си Ҷинпин аз 2-6 июл дар ҷаласаи 24-уми Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, ки дар Остона баргузор мешавад, ширкат мекунад ва ҳамчунин бо даъвати раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим- Ҷомарт Тоқаев ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як сафари давлатӣ ба ин ду кишвар анҷом медиҳанд”, - навиштааст Хуа Чунин дар сомонаи вазорати корҳои хориҷии Чин.
Дар ҳамин ҳол ба иттило вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафари давлатии Си Ҷинпин ба Тоҷикистон рӯзи 4-6 июл сурат мегирад.
Рахмон встретился с главой МИД Китая  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2024
Раҳмон: Чин дар даҳ сол ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст
ВУХ қайд карда буд, ки раҳбари Чин ба Тоҷикистон барои ду рӯз сафар хоҳад кард ва ин сафар бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

“Дар доираи сафар мулоқоти дуҷониба дар шакли маҳдуд ва васеъ баргузор хоҳад шуд”, - хабар додааст ВУХ.

Ҳамчунин ВУХ-и Тоҷикистон хабар додод, ки Си Ҷинпин қарор аст, дар дигар чорабиниҳои расмӣ иштирок хоҳад намояд.
Лентаи хабарҳо
0