https://sputnik.tj/20240622/tojikiston-chin-mablagh-milliard-somoni-qarordod-imzo-1063303907.html
Тоҷикистону Чин ба маблағи чандин миллиард сомонӣ қарордод имзо карданд
Тоҷикистону Чин ба маблағи чандин миллиард сомонӣ қарордод имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Тарҳҳое, ки дар ҷараёни ҳамоиши тиҷорат ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ба имзо расидаанд, барои таҳкими равобити иқтисодии кишварҳо пешбинӣ шудааст
2024-06-22T17:45+0500
2024-06-22T17:45+0500
2024-06-24T11:53+0500
дар тоҷикистон
чин
ҳамкорӣ
қарордод
имзо созишнома
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057213175_0:107:2047:1258_1920x0_80_0_0_302042ed7bd822334d0da353f0a0f101.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тоҷикистону Чин ба маблағи беш аз 6 миллиард сомонӣ созишномаи ҳамкорӣ бастаанд.Ҳуҷҷатҳо дар ҷараёни ҳамоиши тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, ба имзо расиданд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар. Дар чорабинӣ беш аз 150 нафар соҳибкорону сармоягузорон аз ду кишвар ширкат доштанд. Ин ҳамоишро вазоратҳои рушди иқтисод ва тиҷорат, саноат ва фанновариҳои нав ва сафорати Чин дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ ташкил кардаанд.Дар натиҷа санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла оид ба сохтмони корхонаи маъдани оҳан дар кони "Шоҳқадамбулуқ", таъмин ва насби иншооти сатҳи байналмилалӣ ҳангоми сохтмони варзишгоҳ барои 3 ҳазор ҷойи нишаст дар Душанбе, интиқоли мошинҳои барқӣ барои хизматрасонии таксӣ дар Душанбе, сохтмони маркази логистикӣ ва корхонаи металлургии "Талко Голд" ба имзо расид.Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузории ҷумҳурӣ қайд карданд, лоиҳаҳо барои таҳкими равобити иқтисодии Тоҷикистону Чин пешбинӣ шудаанд. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии сармоягузории Чин ба иқтисоди кишвар дар 10 соли охир беш аз 3,8 миллиард долларро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20240518/rahmon-chin-iqtisodi-tojikiston-sarmoyaguzor-1062874937.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057213175_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_59e22fc966d5f78ae5d6ecfe483e0758.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон чин қарордод имзо иқтисод
тоҷикистон чин қарордод имзо иқтисод
Тоҷикистону Чин ба маблағи чандин миллиард сомонӣ қарордод имзо карданд
17:45 22.06.2024 (Навсозишуда: 11:53 24.06.2024) Тарҳҳое, ки дар ҷараёни ҳамоиши тиҷорат ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ба имзо расидаанд, барои таҳкими равобити иқтисодии кишварҳо пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тоҷикистону Чин ба маблағи беш аз 6 миллиард сомонӣ созишномаи ҳамкорӣ бастаанд.
Ҳуҷҷатҳо дар ҷараёни ҳамоиши тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, ба имзо расиданд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар.
Дар чорабинӣ беш аз 150 нафар соҳибкорону сармоягузорон аз ду кишвар ширкат доштанд.
Ин ҳамоишро вазоратҳои рушди иқтисод ва тиҷорат, саноат ва фанновариҳои нав ва сафорати Чин дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ ташкил кардаанд.
Дар натиҷа санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла оид ба сохтмони корхонаи маъдани оҳан дар кони "Шоҳқадамбулуқ", таъмин ва насби иншооти сатҳи байналмилалӣ ҳангоми сохтмони варзишгоҳ барои 3 ҳазор ҷойи нишаст дар Душанбе, интиқоли мошинҳои барқӣ барои хизматрасонии таксӣ дар Душанбе, сохтмони маркази логистикӣ ва корхонаи металлургии "Талко Голд" ба имзо расид.
Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузории ҷумҳурӣ қайд карданд, лоиҳаҳо барои таҳкими равобити иқтисодии Тоҷикистону Чин пешбинӣ шудаанд.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии сармоягузории Чин ба иқтисоди кишвар дар 10 соли охир беш аз 3,8 миллиард долларро ташкил додааст.