https://sputnik.tj/20240421/maskav-oqibati-kumakhoi-navi-ima-ukraina-isroil-1062582292.html
Маскав оқибати кумакҳои нави ИМА ба Украина, Исроил ва Тайванро гуфт
Маскав оқибати кумакҳои нави ИМА ба Украина, Исроил ва Тайванро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Даҳҳо млрд доллари амрикоие, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Украина, Исроил ва Тайван ҷудо кардааст, равандҳои буҳрониро дар ҷаҳон таҳким мебахшанд
2024-04-21T11:55+0500
2024-04-21T11:55+0500
2024-04-22T11:06+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
сиёсат
амният ва мудофиа
украина
низомӣ
има
доллар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057137541_0:161:3356:2048_1920x0_80_0_0_cc2a75477627ecde03c47f71e023e273.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дастгирии низомӣ аз Киев маблағгузории мустақими терроризм мебошад, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия, Мария Захарова. Вай гуфт, маблағе, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Украина, Исроил ва Тайван ҷудо кардааст, равандҳои буҳрониро дар ҷаҳон таҳким мебахшандКумаки Амрико ба Тайван дахолати ошкоро ба корҳои дохилии Чин аст ва дар мавриди Исроил сухан дар бораи боз ҳам бештари ташдиди бесобиқаи вазъият меравад, афзуд ӯ. Дар ҳамин ҳол, Wall Street Journal менависад, ки кумакҳои нави Амрико гумон аст, ки авзоъ дар Украинаро ба таври куллӣ тағйир диҳад. Он метавонад танҳо барои истодагарӣ алайҳи пешрафтҳои нави Русия истифода шавад, то замоне, ки маблағҳои боз ҳам бештар ҷудо нагарданд, навиштаст расонаи амрикоӣ. Палатаи поёнии парлумони ИМА лоиҳаи қонун дар бораи кӯмаки иловагӣ ба Украина ба маблағи қариб 61 млрд долларро қабул кард. Ҳоло он бояд аз ҷониби палатаи болоӣ (Сенат) тасдиқ ва аз ҷониби Ҷо Байден имзо карда шавад. Палатаи намояндагон инчунин лоиҳаҳои қонунро дар бораи ёрии ҳарбӣ ба Тайван ва Исроил қабул кард.Аз қариби 61 млрд долларе, ки ба Киев ҷудо шудааст, 23,2 миллиардаш барои пур кардани техникаи ҳарбӣ ва хадамоти дифоии интиқолшуда истифода мешавад. Қариби 14 млрд барои харидани аслиҳа ва хадамоти дифоъӣ барои Украина масраф мешавад.Дар навбати худ 11,3 миллиард доллар барои дастгирии "амалиёти низомии ИМА дар минтақа" пешбинӣ шудааст.Илова бар ин, пешбинӣ шудааст, ки раисиҷумҳури ин кишвар Ҷо Байден дар тӯли 60 рӯз аз замони эътибор пайдо кардани ин қонун бояд бо Украина дар бораи ҷуброни кумакҳои иқтисодӣ созиш кунад.
https://sputnik.tj/20240419/lavrov-surati-muzokirot-tanaffus-amaliyoti-nizom-1062563790.html
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057137541_348:0:3079:2048_1920x0_80_0_0_4a1d76908bad8d25211c4bae370b9be2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, кумак, низомӣ, киев, украина, амалиёт, исроил, тайван
има, кумак, низомӣ, киев, украина, амалиёт, исроил, тайван
Маскав оқибати кумакҳои нави ИМА ба Украина, Исроил ва Тайванро гуфт
11:55 21.04.2024 (Навсозишуда: 11:06 22.04.2024) Даҳҳо млрд доллари амрикоие, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Украина, Исроил ва Тайван ҷудо кардааст, равандҳои буҳрониро дар ҷаҳон таҳким мебахшанд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дастгирии низомӣ аз Киев маблағгузории мустақими терроризм мебошад, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия, Мария Захарова.
Вай гуфт, маблағе, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Украина, Исроил ва Тайван ҷудо кардааст, равандҳои буҳрониро дар ҷаҳон таҳким мебахшанд
Кумаки Амрико ба Тайван дахолати ошкоро ба корҳои дохилии Чин аст ва дар мавриди Исроил сухан дар бораи боз ҳам бештари ташдиди бесобиқаи вазъият меравад, афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Wall Street Journal менависад, ки кумакҳои нави Амрико гумон аст, ки авзоъ дар Украинаро ба таври куллӣ тағйир диҳад. Он метавонад танҳо барои истодагарӣ алайҳи пешрафтҳои нави Русия истифода шавад, то замоне, ки маблағҳои боз ҳам бештар ҷудо нагарданд, навиштаст расонаи амрикоӣ.
Палатаи поёнии парлумони ИМА лоиҳаи қонун дар бораи кӯмаки иловагӣ ба Украина ба маблағи қариб 61 млрд долларро қабул кард. Ҳоло он бояд аз ҷониби палатаи болоӣ (Сенат) тасдиқ ва аз ҷониби Ҷо Байден имзо карда шавад. Палатаи намояндагон инчунин лоиҳаҳои қонунро дар бораи ёрии ҳарбӣ ба Тайван ва Исроил қабул кард.
Аз қариби 61 млрд долларе, ки ба Киев ҷудо шудааст, 23,2 миллиардаш барои пур кардани техникаи ҳарбӣ ва хадамоти дифоии интиқолшуда истифода мешавад. Қариби 14 млрд барои харидани аслиҳа ва хадамоти дифоъӣ барои Украина масраф мешавад.
Дар навбати худ 11,3 миллиард доллар барои дастгирии "амалиёти низомии ИМА дар минтақа" пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин, пешбинӣ шудааст, ки раисиҷумҳури ин кишвар Ҷо Байден дар тӯли 60 рӯз аз замони эътибор пайдо кардани ин қонун бояд бо Украина дар бораи ҷуброни кумакҳои иқтисодӣ созиш кунад.