https://sputnik.tj/20240419/lavrov-surati-muzokirot-tanaffus-amaliyoti-nizom-1062563790.html
Лавров: дар сурати музокирот бо Украина, танаффус дар амалиёти низомӣ нахоҳад буд
Лавров: дар сурати музокирот бо Украина, танаффус дар амалиёти низомӣ нахоҳад буд
Sputnik Тоҷикистон
Дар марҳилаи кунунӣ Русия мутмаин бар ин аст, ки амалиёти вижаи низомӣ бояд идома дода шавад, аммо Маскав барои музокирот низ омода аст, гуфт Лавров
2024-04-19T15:55+0500
2024-04-19T15:55+0500
2024-04-19T18:16+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
амалиёти вижа
низомӣ
сергей лавров
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/13/1062563042_0:0:3200:1801_1920x0_80_0_0_e7a8138ceebf1d71d9747cb8d2d4400c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар сурати музокироти нав дар бораи Украина, Русия дар амалиёти низомӣ таваққуф нахоҳад кард.Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров, дар мусоҳибаи бузург бо расонаҳои кишвараш баён дошт. Раҳбари вазорати хориҷаи Русия низ таъкид кард, ки ба мақомоти Украина эътиқод вуҷуд надорад. "Дар марҳилаи кунунӣ, албатта, мо инро ҳамеша такрор мекунем, мо ба гуфтушунид омода ҳастем", - изҳор дошт Лавров ва илова намуд маҳз президенти Украина Владимир Зеленский музокиротро барои худ манъ кардаст. Вай афзуд, ки ба ҷониби Украина ва пуштибонҳояшон дигар бовар надоранд. "Мо гуфтем, ки ба музокирот омода ҳастем, аммо ба фарқ аз достони Истанбул, мо дар ҷараёни музокирот ҳеҷ гуна таваққуф нахоҳем кард, ки ин раванд бояд идома ёбад", - изҳор дошт вазир. Лавров қайд кард, ки воқеият дар рӯи замин дигар шуда, ба таври қобили мулоҳиза фарқ мекунад. "Ва ин воқеиятҳо бояд ба инобат гирифта шаванд ва ман воқеиятҳои маҳалро дар назар дорам, ки на танҳо хатти баҳамоӣ, балки мавҷудияти тағйирот ба Конститутсия, мавҷудияти чор минтақаи нав ва аҷдодиро дар назар дорам. Бояд инро ба хубӣ дарк кунанд", — афзуд ӯ. Ҳамчунин Лавров таъкид намуд, ки дар марҳилаи кунунӣ Русия ба идомаи амалиёти вижаи низомӣ мутмаин аст
https://sputnik.tj/20240418/artish-rusiya-samt-donets-nizomi-tekhnika-ukraina-nobud-1062544521.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/13/1062563042_271:0:3002:2048_1920x0_80_0_0_babfeca493b3fe59c2475e0751ca90eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сергей лавров, амалиёти вижа, низомӣ, украина
сергей лавров, амалиёти вижа, низомӣ, украина
Лавров: дар сурати музокирот бо Украина, танаффус дар амалиёти низомӣ нахоҳад буд
15:55 19.04.2024 (Навсозишуда: 18:16 19.04.2024) Дар марҳилаи кунунӣ Русия мутмаин бар ин аст, ки амалиёти вижаи низомӣ бояд идома дода шавад, аммо Маскав барои музокирот низ омода аст, гуфт Лавров
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар сурати музокироти нав дар бораи Украина, Русия дар амалиёти низомӣ таваққуф нахоҳад кард.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров, дар мусоҳибаи бузург бо расонаҳои кишвараш баён дошт.
Раҳбари вазорати хориҷаи Русия низ таъкид кард, ки ба мақомоти Украина эътиқод вуҷуд надорад.
"Дар марҳилаи кунунӣ, албатта, мо инро ҳамеша такрор мекунем, мо ба гуфтушунид омода ҳастем", - изҳор дошт Лавров ва илова намуд маҳз президенти Украина Владимир Зеленский музокиротро барои худ манъ кардаст.
Вай афзуд, ки ба ҷониби Украина ва пуштибонҳояшон дигар бовар надоранд.
"Мо гуфтем, ки ба музокирот омода ҳастем, аммо ба фарқ аз достони Истанбул, мо дар ҷараёни музокирот ҳеҷ гуна таваққуф нахоҳем кард, ки ин раванд бояд идома ёбад", - изҳор дошт вазир.
Лавров қайд кард, ки воқеият дар рӯи замин дигар шуда, ба таври қобили мулоҳиза фарқ мекунад.
"Ва ин воқеиятҳо бояд ба инобат гирифта шаванд ва ман воқеиятҳои маҳалро дар назар дорам, ки на танҳо хатти баҳамоӣ, балки мавҷудияти тағйирот ба Конститутсия, мавҷудияти чор минтақаи нав ва аҷдодиро дар назар дорам. Бояд инро ба хубӣ дарк кунанд", — афзуд ӯ.
Ҳамчунин Лавров таъкид намуд, ки дар марҳилаи кунунӣ Русия ба идомаи амалиёти вижаи низомӣ мутмаин аст