Макрон ниҳоят қарор дод, ки бо Русия ҷанг кунад

© AFP 2023 / ANDREW CABALLERO-REYNOLDSПрезидент Франции Эманюэль Макрон и глава Германии Олаф Шольц
Президент Франции Эманюэль Макрон и глава Германии Олаф Шольц - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.02.2024
Обуна шудан
"Мағлубияти Русия шарти зарурии амният ва суботи Аврупо аст", - гуфт дар Порис раҳбари Фаронса. Эммануэл Макрон, бешубҳа, мефаҳмад, ки суханони ӯ, новобаста аз он, ки чӣ андоза дақиқ ва таҳдидкунанда ба назар мерасанд, аслан аз ҳарзагӯӣ беш нестанд.
ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik, Елена Караева. Ҳангоми садо додани ин суханҳои Макрон, пеши назари дӯсташ Олаф Шолтс, ҳамсояи ҷуғрофӣ ва ҳамфикри ӯ дар хоҳиши “ғолиб намудан”-и кишвари мо, бешубҳа на тасвирҳои пирӯзии аврупоӣ бар Русия, балки сарбозону афсарони ниммурдаву аз сардӣ меларзидаи Вермахт ба ёд меомаданд, ки то ҳуҷум ба Русия бо либоси зебову олиҷаноб мегаштанд. Ва иттифоқчиёни аврупоии онҳо. Латтапӯшу, пойлуч, бо ифодаи рӯяш, ки аскарони сурх ба он бо нафрат менигаристанд.
Макрон дар бораи чӣ гуна ғолиб намудани моро дар майдони набард аз тарафи блоки ягонаи аврупоӣ дар пойтахти Фаронса нақл мекард, ки он ҷо русофобҳои сиёсии кунунӣ ҷамъ омаданд, ки ҳадафаш бо каме тағйирпазирии нозукиҳо чӣ дар асри XIX, чӣ дар асри ХХ ва имрӯз, дар асри XXI ҳам, маҳдуд кардани таъсири сиёсӣ ва иқтисодии Русия ва инзивои пурраи он аст. Ва ҳамчунин нест кардани Русия.
Қаблан онҳо миллиардҳо еврову доллар ва миллионҳо снаряду бомбро ҷамъ карда, даҳҳо ҳазор аскарону афсарони нерӯҳои украиниро таълим медоданд. Акнун ин эътилоф, ки нӯҳум аст, ният дорад, ки имкони таъмин ва интиқоли мушакҳои дурпарвоз ва ҳамон бомбҳоро пайдо кунад. Нуктаи навбатии барнома, гарчанде ки комилан мувофиқ нагардида буд, бевосита ба хати ҷанбаъ ба минтақаи амалиёти вижа фиристодани хизматчиёни ҳарбии НАТО мебошад.
Официальный представитель МИД РФ Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Захарова: Иттифоқчиён идеяи Макрон дар бораи ирсоли нерӯ ба Украинаро дастгирӣ накарданд
Агар аз рӯи масъалаи аввал, фиристодани силоҳҳои дурпарвоз, аз рӯи гуфти Макрон розигӣ ба даст омад, пас дар мавриди фиристодани қувваи зинда ба ҷойҳое, ки хатари зери тир ё "бесарнишин"-и Русия афтодан қариб ногузир аст, аврупоиҳои ҷасур ба “ҳа” гуфтан ҷасорат накарданд.
Тааҷҷуб намекунем, ки сарвари кишваре, ки ҳамон русҳо як вақт пораҳои артишашро то Париж ронданд, чӣ гуна ният дорад, ки таносуби шикастҳо ва пирӯзиҳои ҳарбиро тағйир диҳад.
Мо инчунин хомӯш мемонем (хоксорӣ ин хушмуомилагии ғолибон аст), киро ва чӣ гуна аскарони рус дар вақти Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ наҷот медоданд, вақте ки нерӯҳои Кайзер аз афташ бо далели тавоноии бебаҳои ҷангии артиши Фаронса он қадар ба Париж наздик шуданд, ки афсарон ба мавкеъхои ҷанг бо таксӣ мерафтанд, зеро хандақҳо қариб дар ҳудуди шаҳр воқеъ буданд.
Ва танҳо қушӯнҳои экспедитсионии рус таҳти фармондеҳии генералҳо Самсонов ва Рененкампф зарба зада, кушӯнҳои немисҳоро ба ивази талафоти зиёди одамон аз Париж бароварданд ва пойтахти Фаронса нафаси осуда гирифт.
Флаг Польши - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лаҳистон нерӯҳояшро ба Украина фиристоданӣ нест
Ва инак, президенти Фаронса, ки русҳо як аср пеш кишварашро наҷот дода, баъд ин давлатеро, ки ба Гитлер таслим шуд, бо фашистон ҳамкорӣ мекард, коммунистон, тифлони яҳудиро ба гестапо таслим мекард, бо СС бо камоли майл ҳамкорӣ мекард, ба қатори миллатҳо-ғолибони Ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ ворид карданд, имрӯз даҳон мекушояд ва мегӯяд, ки "калиди амнияти Аврупо мағлубияти Русия аст".
Биёед оқилона фикр кунем.
Мағлуб кардани як қудрати ҳастаӣ ғайриимкон аст ва агар Макрон хабар надошта бошад, бигзор инро ба ӯ фаҳмонанд.
Дуюм. Ҳамаи ин "зарродхонаи дурпарвоз" дар якҷоягӣ бо F-16, ки рӯзе (эҳтимолан тобистон) нерӯҳои украинӣ мегиранд, ҳадафи комилан қонунӣ барои зарбаҳои мо хоҳад буд. Хоҳ зарбаҳои бомбавӣ, хоҳ мушакӣ ва хоҳ ҳавопаймоҳои бесарнишин.
Сеюм, ваъдаҳои баланд дар бораи "як миллион снаряди 150 ва 155 калибра" ҷуз ҳарзагӯӣ чизи дигаре набуд. Ҷанговарони аврупоӣ бо истифода аз дастони ғайр тавонистанд, ки сеяки онро ҷамъ кунанд ва ин ҳам аз рӯи тахминҳои хушбинонаи онҳост. Куҷост 70 дарсади боқимонда, суолест бепосух.
Экс-президент США Дональд Трамп во время выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2024
Трамп гуфт, ки танҳо ӯ метавонад Ҷанги сеюми ҷаҳониро пешгирӣ кунад
Чорум. Маҷмааи ҳарбию саноатии Аврупо комилан мувофиқ набуданашро исбот кард, ба истисно аз намоишгоҳҳо ва фурӯшҳо, ки он ҷо аслиҳаро ба миллиардҳо моҳирона мефурӯхт. Арзиши аслии ҷангии он дар даштҳои Донбасс сӯхт. Бо вуҷуди ин, он хеле зебо ва дурахшон сӯхт. Хеле эстетикӣ даргирифт, вақте аз тарафи тупхонаи мо бе ягон лоф ва бепарвоёна торумор шуд.
Панҷум. Ҳар он чизе, ки ваъда дода шуда буд, ҳама чизи “дурпарвоз”, бояд аз анборҳо бароварда шавад (агар дар анборҳо бошад), интиқоли он таҳия гардад, ба ҷои зарурӣ ва ба нафарони зарурӣ расонида шаванд.
Шашум. Ин вақт аст. Вақти зиёд. Вақт, ки ба нафъи таҳиягарони якҷояи нақшаҳои "барқвор" кор намекунад, ки аз гузоришҳо аз хати ҷабҳа дидан мумкин аст.
Аз тамоми маҷмӯае, ки онҳо чӣ гуна ва бо чӣ бар мо “ғалаба” ба даст меоранд, яъне моро куштан ва кишвари моро хароб карданӣ ҳастанд, кам боқӣ мондааст.Фақат он чизе, ки Путин тақрибан як сол пеш ҳушдор дода буд, дахолати мустақими низомии нерӯҳои НАТО ба қаламрави Русия.
Президент РФ В. Путин принял участие в мероприятиях по случаю 300-летия РАН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Артиши Русия дар мушкилтарин нуқтаҳои ҷабҳа ба пешрафт ноил гардид
Ва дар ин ҷо, ҳатто бидуни омӯхтани китобҳои дарсии ҳарбӣ, ягон дастури таълимӣ ё ягон ташвиқот ва таблиғоти Ғарб, шумо метавонед бо боварии комил ва сад дарсад ба Макрон, Шолтс ва ҳамаи дигар иштирокчиёни эътилофи нӯҳуми русофобӣ хабар диҳед, ки гурехтани ҷанговари онҳо чунон тезу тунд ва чунон нангин хоҳад буд, ки Березинаи Наполеон ҳамчун ғалаба ба назар мерасад ва фирор аз Кобул ҳамчун тахлияи муфассал ва оқилона ташкилшуда ҳисоб карда мешавад.
Ҳамин тавр, ба ҳар касе, ки мехоҳад бо гурехтаназ сарбозони рус гарм шавад ё қувваи мушакҳои худро тавассути баромадан бо нардбони чархбол барои наҷот додани ҷонихуд санҷад, мегӯем: мо омодаем ба онҳо дарси ҷанг бозабони русӣ диҳем. Берун аз иттифоқу блокҳо, вале мустақилона муҳофизат намудани Ватан ва халқ!
Лентаи хабарҳо
0