https://sputnik.tj/20240227/lahiston-neruho-ukraina-firistodani-1061856433.html
Лаҳистон нерӯҳояшро ба Украина фиристоданӣ нест
Лаҳистон нерӯҳояшро ба Украина фиристоданӣ нест
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Лаҳистон низ таъкид намуд, ки ширкаткунандагони конфронс дар масоили Украина дар Париж дар мавриди интиқоли нерӯ ҳач созиш надоштанд
2024-02-27T14:50+0500
2024-02-27T14:50+0500
2024-02-27T18:19+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
амалиёт
вижа
низомӣ
украина
амният ва мудофиа
лаҳистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/14/1059482081_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_a2e90285c430ba60c714e5b20a91ddd7.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Лаҳистон тасмим надорад, нирӯҳояшро ба Украина фиристад, изҳор дошт роҳбарияти Вазорати мудофиаи ин кишвар. Вазири дифои Лаҳистон, Чезари Томчик дар шарҳи эҳтимоли фиристодани нерӯҳои кишвараш ба Украина гуфт, ҳатто чунин фикре нест. "Дар Лаҳистон чунин лоиҳа ё чунин идея вуҷуд надорад", - изҳор дошт вазири мудофиаи кишвар. Қаблан раисиҷумҳури Лаҳистон Анжей Дуда гуфта буд, ки ширкаткунандагони конфронси якрӯза дар масоили Украина дар Порис, ки бо ташаббуси президенти Фаронса Эммануэл Макрон даъват шуда буд, “дар ин масъала комилан созиш надоштаанд”.Худи Макрон эъзоми нирӯҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Украинаро истисно накард. "Ҳанӯз тавофуқ ҳосил нашудааст, аммо ҳеҷ чизро истисно кардан мумкин нест", - гуфт раисҷумҳури Фаронса зимни нишасти матбуотӣ.Қаблан нахуствазири Словакия Роберт Фико гуфт, ки кишварҳои алоҳидаи Иттиҳодияи Аврупо "дар асоси равобити дуҷониба имкони фиристодани низомиёни худро ба Украина баррасӣ мекунанд".
https://sputnik.tj/20240225/kor-jangii-majmaa-panisir-mintaqai-amaliyoti-video-1061834501.html
украина
лаҳистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/14/1059482081_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_985883284d38e1cd040446b036b3b763.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лаҳистон, украина, нерӯ, интиқол, масоил, париж
лаҳистон, украина, нерӯ, интиқол, масоил, париж
Лаҳистон нерӯҳояшро ба Украина фиристоданӣ нест
14:50 27.02.2024 (Навсозишуда: 18:19 27.02.2024) Президенти Лаҳистон низ таъкид намуд, ки ширкаткунандагони конфронс дар масоили Украина дар Париж дар мавриди интиқоли нерӯ ҳеҷ созиш надоштанд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Лаҳистон тасмим надорад, нирӯҳояшро ба Украина фиристад, изҳор дошт роҳбарияти Вазорати мудофиаи ин кишвар.
Вазири дифои Лаҳистон, Чезари Томчик дар шарҳи эҳтимоли фиристодани нерӯҳои кишвараш ба Украина гуфт, ҳатто чунин фикре нест.
"Дар Лаҳистон чунин лоиҳа ё чунин идея вуҷуд надорад", - изҳор дошт вазири мудофиаи кишвар.
Қаблан раисиҷумҳури Лаҳистон Анжей Дуда гуфта буд, ки ширкаткунандагони конфронси якрӯза дар масоили Украина дар Порис, ки бо ташаббуси президенти Фаронса Эммануэл Макрон даъват шуда буд, “дар ин масъала комилан созиш надоштаанд”.
Худи Макрон эъзоми нирӯҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Украинаро истисно накард.
"Ҳанӯз тавофуқ ҳосил нашудааст, аммо ҳеҷ чизро истисно кардан мумкин нест", - гуфт раисҷумҳури Фаронса зимни нишасти матбуотӣ.
Қаблан нахуствазири Словакия Роберт Фико гуфт, ки кишварҳои алоҳидаи Иттиҳодияи Аврупо "дар асоси равобити дуҷониба имкони фиристодани низомиёни худро ба Украина баррасӣ мекунанд".