https://sputnik.tj/20240223/tramp-u-jang-seum-jahon-peshgiri-1061818329.html
Трамп гуфт, ки танҳо ӯ метавонад Ҷанги сеюми ҷаҳониро пешгирӣ кунад
Трамп гуфт, ки танҳо ӯ метавонад Ҷанги сеюми ҷаҳониро пешгирӣ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Миллиардер ва собиқ президенти Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки вазъ дар Украинаро ҳал мекунад ва аз ҷанги сеюми ҷаҳонӣ пешгирӣ хоҳад кард
2024-02-23T13:40+0500
2024-02-23T13:40+0500
2024-02-23T13:40+0500
доналд трамп
дар ҷаҳон
сиёсат
ҷанги сеюми ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047908875_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8520b7a25170256a6074e6476569acb4.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико гуфт, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот метавонад дар муддати кӯтоҳ ихтилофи атрофи Украинаро ҳал кунад. "Мо сулҳро бо роҳи зӯр барқарор хоҳем кард, ҳатто пеш аз он ки ман ба курсии худ биёям. Ба зудӣ пас аз пирӯзӣ дар интихобот, ман ба созиши Русия ва Украина ноил мешавам". - гуфт ӯ дар як суханронӣ дар Теннесси.Тавре Трамп гуфтааст, танҳо ӯ метавонад аз сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ пешгирӣ кунад. Қаблан ӯ гуфта буд, ки ҷаҳон ҳеҷ гоҳ ба сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ин қадар наздик набуд,"Фикр намекунам, ки мо ҳеҷ гоҳ ба чунин хатари ҷанги сеюми ҷаҳонӣ дучор нашудаем. Ва чунон ки дар ҳар суханронӣ мегӯям, ман аз ҷанги сеюми ҷаҳонӣ пешгирӣ мекунам, ман ҳамаи ин одамонро мешиносам.", - гуфт ӯ.Ӯ ҳамзамон изҳор дошт, ки Ҷо Байден қодир аст, ки ҷанги сеюми ҷаҳониро оғоз кунад ва Амрикоро дар муддати боқимонда то интихоботи президентӣ нобуд созад.Ин сиёсатмадор таъкид намуд, ки Иёлоти Муттаҳида таҳти маъмурияти вориси ӯ Ҷо Байден ба як "давлати заиф ва бесамар" мубаддал шудааст, ки андешааш дар арсаи ҷаҳонӣ ба эътибор гирифта намешавад.Қаблан Владимир Зеленский дар мусоҳиба бо Fox News шубҳа дошт, ки Трамп дар сурати пирӯзӣ дар мубориза барои курсии раҳбари Амрико, метавонад низоъ дар атрофи Украинаро ҳал кунад.
https://sputnik.tj/20240121/tramp-ima-partovgoh-nomid-1061342782.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047908875_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_e0749088065a3065d0a12eb91f5bcaba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
трамп ҷанги сеюми ҷаҳон пешгирӣ
трамп ҷанги сеюми ҷаҳон пешгирӣ
Трамп гуфт, ки танҳо ӯ метавонад Ҷанги сеюми ҷаҳониро пешгирӣ кунад
Миллиардер ва собиқ президенти Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки вазъ дар Украинаро ҳал мекунад ва аз ҷанги сеюми ҷаҳонӣ пешгирӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико гуфт, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот метавонад дар муддати кӯтоҳ ихтилофи атрофи Украинаро ҳал кунад.
"Мо сулҳро бо роҳи зӯр барқарор хоҳем кард, ҳатто пеш аз он ки ман ба курсии худ биёям. Ба зудӣ пас аз пирӯзӣ дар интихобот, ман ба созиши Русия ва Украина ноил мешавам". - гуфт ӯ дар як суханронӣ дар Теннесси.
Тавре Трамп гуфтааст, танҳо ӯ метавонад аз сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ пешгирӣ кунад.
"Мо ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ хеле наздикем", — гуфт вай.
Қаблан ӯ гуфта буд, ки ҷаҳон ҳеҷ гоҳ ба сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ин қадар наздик набуд,
"Фикр намекунам, ки мо ҳеҷ гоҳ ба чунин хатари ҷанги сеюми ҷаҳонӣ дучор нашудаем. Ва чунон ки дар ҳар суханронӣ мегӯям, ман аз ҷанги сеюми ҷаҳонӣ пешгирӣ мекунам, ман ҳамаи ин одамонро мешиносам.", - гуфт ӯ.
Ӯ ҳамзамон изҳор дошт, ки Ҷо Байден қодир аст, ки ҷанги сеюми ҷаҳониро оғоз кунад ва Амрикоро дар муддати боқимонда то интихоботи президентӣ нобуд созад.
Ин сиёсатмадор таъкид намуд, ки Иёлоти Муттаҳида таҳти маъмурияти вориси ӯ Ҷо Байден ба як "давлати заиф ва бесамар" мубаддал шудааст, ки андешааш дар арсаи ҷаҳонӣ ба эътибор гирифта намешавад.
Қаблан Владимир Зеленский дар мусоҳиба бо Fox News шубҳа дошт, ки Трамп дар сурати пирӯзӣ дар мубориза барои курсии раҳбари Амрико, метавонад низоъ дар атрофи Украинаро ҳал кунад.